ТАВАҶҶУҲ БА СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

unnamed (2)

Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.  Шурӯъ аз соли 1998 бо мақсади баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҷомеа 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардид ва ҳамасола таҷлил мегардад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро “ояндаи кишвар, қувваи бузурги пешбаранда ва омили муҳимми рушди ҷомеа” ном бурда, ба онҳо чун неруи пешбарандаву бунёдкор, қишри созандаи ҷомеа баҳогузорӣ намуданд.

 

Давра ба давра бобати дастгирии иҷтимоии ҷавонон, ҷалби онҳо ба корҳои манфиатбахш, таъмини ҷавонон бо ҷойҳои кории мувофиқ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули фарҳанги сиёсию маърифати ҳуқуқии онҳо, дастгирии соҳибистеъдодҳо, дар маҷмуъ барои иштироку фаъолияти ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ҳамаи шароитҳо фароҳам ва тадбирҳои пайваста роҳандозӣ гашта истодаанд.

 

Ҳукумати кишвар барои рушди соҳаи кор бо ҷавонон як қатор корҳои назаррас ва бузургро ба анҷом расонид. Дар баробари фаъолияти ниҳоди махсус, Кумитари кор бо ҷавонон ва варзиш, дар роҳи устувор гардонидани мавқеи ҷавонони тоҷик дар ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (27 майи соли 2015) таъсис дода шуда, дар заминаи он соли 2017 – Соли ҷавонон эълон гардид, ки ин ҳама идомаи мантиқии сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

 

Пешвои миллат борҳо нақши ҷавононро дар сиёсати давлатӣ баҳогузорӣ намудаанд. Аз ҷумла дар паёми шодбошии худ вобаста ба Рӯзи ҷавонон (23.05.2020) фаъолияти ҷавононро миёни аҳли ҷомеа ва дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар бориз хонда, иброз доштанд: “Ҷавонони мо тарафдории самимонаи худро аз сиёсати пешгирифтаи давлати Тоҷикистон бо кору рафтори худ собит месозанд. Мо ифтихор дорем, ки ҷавонони кишвар бо асри нав ҳамқадам буда, талаботи замонаи пешрафтаро хуб дарк мекунанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар ва хориҷ аз он илму дониш меомӯзанд, ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғуланд, дар раванди ободонии Ватан ва дар бунёди иншооти бузург, аз ҷумла неругоҳи барқи обии “Роғун” саҳми назаррас мегузоранд. Ҷавонони далеру ғаюри мо дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ сарбаландона ва содиқона хизмат карда, дар таъмини амнияти давлат, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ нақши бузург доранд”.

 

Чун як ҷавон дар фароварди сухан ҳаминро мехоҳам таъкид намоям, ки мо, ҷавонон бояд дар баробари ин ҳама дастгирию таваҷҷуҳ қувваи бузурги худро дар роҳи илму дониш, бунёдкорию созандӣ ва ҳифзи ҳар порча хоки Ватани маҳбубамон равона созем.

 

Эмомалӣ МУЛЛОЁРОВ,

магистранти Академия

Аксҳо

Похожие записи