ТАШАББУСҲОИ ОЯНДАСОЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПЕШБУРДИ РӮЗНОМАИ ОБИ СММ

337676311_531967739102514_3572323253056466348_n

(дар ҳошияи сафари кории Пешвои Миллат ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико)

“Моро зарур аст, ки вобаста ба об дидгоҳи наве дошта бошем, ки дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рӯзномаи баъдинаи ҷаҳонӣ мусоидат кунад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Масъалаи оби тоза ва мушкилоти вобаста ба он аз зумраи он масоили мубраме мебошад, ки вобаста ба муҳиммияти гуногунпаҳлӯии худ дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мадди назари доимии сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо назардошти маҷмӯи масъалаҳое, ки тайи чанд даҳсолаи охир дар иртибот ба коҳиши захираҳои обӣ, афзоиши истеъмоли он, тағйироти иқлим, обшавии пиряхҳо ва дигар омилҳо дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мушоҳида мегарданд, Сарвари Тоҷикистон кӯшиш менамояд таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли саривақтии онҳо ҷалб созад.

Дар ин қарина қобили тазаккур аст, ки ин ибтикорҳо дар доираи созмонҳо ва ҳамоишҳои мухталифи минтақавию байналмилалӣ ҳамовозии самимона пайдо намудаанд. Хусусан аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани қатъномаҳо оид ба эълони “Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003”, “Даҳсолаи амалиёти байналмилалии “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015”, “Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, соли 2013”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 ва эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ва истиқболи комили ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои Сарвари Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Аз нигоҳи Сарвари Тоҷикистон муҳимтарин омиле, ки зарурати ба маърази таваҷҷуҳи аҳли олам баровардани масъалаи оби тозаро тақозо менамояд, маҳдуд будани захираҳои он мебошад, ки дар маҷмуъ бо афзоиши аҳолии сайёра, фаъолияти иқтисодии инсоният, истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои обӣ ва тағйирёбии иқлим ба пайдоиши силсилаи мушкилоти глобалӣ сабаб гаштааст. Бо назардошти ин нукта Сарвари Тоҷикистон пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои гуманитарии масъала ишора намуда, таъкид сохт, ки “ин ташаббуси мо ба хавфи муташанниҷ гардидани вазъияте вобаста мебошад, ки миллиардҳо одамон аз истеъмоли оби тоза маҳруманд”.

Дар ҳақиқат масъалаи норасоии об алҳол барои аксари минтақаҳои сайёра, алалхусус барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ ба масъалаи мубрамтарин табдил ёфтааст. Дар баробари ин, масъалаи мазкур барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ торафт аҳамияти доғ пайдо менамояд. Маълумоти ниҳодҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар сохторҳои илмӣ-тадқиқотӣ мушкилоти афзояндаро дар ин соҳа чи дар миқёси ҷаҳонӣ ва чи минтақаву кишварҳои алоҳида собит месозанд.

Дар баробари ин, норасоии об ба эҷоди силсилаи дигар масъалаҳои ҳалталабе сабаб гаштааст, ки дар сурати вусъаташон метавонанд кишварҳову минтақаҳо ва дар маҷмуъ ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти ҷиддии глобалӣ мувоҷеҳ созанд. Бо ишора ба ин нукта Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи зикршудаи Маҷмааи умумии СММ изҳор намуд, ки “проблемаи об ҳамзамон бо ҷиҳати соф гуманитарии он, инчунин ҷиҳатҳои дигар, аз ҷумла ҷиҳатҳои иқтисодӣ ва экологӣ низ дорад”.

21-24 мартии соли 2023 дар Маҷмааи умумии СММ Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба “Конфронси оби СММ-2023” баргузор гашт. Президенти Тоҷикистон дар баромади худ дар Конфронс оид ба вазъи таъмини об ва мушкилиҳои мавҷуда дар ҷумҳурӣ суханронӣ намуда, ҳамзамон як қатор дастовардҳои ҷумҳуриро дар соҳаи мазкур қайд намуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раискунандаи Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об суханро ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Раиси Маҷмаи умумии СММ ва Раиси ниҳоди СММ – Об Жилбер Ҳунбо дода, сипас бо нутқи ҷамъбастӣ баромад намуданд.

Зимни суханронӣ дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ – 2023, ки аз 22 то 24 марти соли 2023 ҷараён дошт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар давоми се рӯзи охир Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об, ки пас аз 46 сол бори аввал баргузор гардид, ҳазорон нафарро ҷамъ овард. Ин ҳамоиш, ҳамчунин, барои таҳияи уҳдадории муштараки ҷонибҳо оид ба мавзуъ ва сабти он дар Рӯзномаи амал дар соҳаи об ҳамчун саҳми муносиби мо дар натиҷаҳои ин Конфронси таърихӣ хидмат хоҳад кард.

Пешвои миллат қайд намуданд, ки ташаббуси мазкурро мо соли 2021 дар ҷаласаи нахустини Эътилофи обу иқлим муаррифӣ намуда будем. Сабаби асосии пешниҳоди ин иқдом сол то сол мубраму нигаронкунанда гаштани масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо мебошад, ки идомаи  ин раванд ояндаи инсониятро зери хатар мемонад.

Тибқи Гузориши Панели байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар бораи уқёнусҳо ва криосфера (соли 2019) то охири садсолаи равон сеяки пиряхҳои ҷаҳон метавонанд аз байн раванд.

Танҳо дар 50 соли охир дар Тоҷикистон беш аз як ҳазор пирях пурра об шуда, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардид.

Тибқи хулосаҳои коршиносон, се соли охир гармтарин солҳо дар тамоми давраи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд.

Возеҳ аст, ки идомаи ин раванд, бо дарназардошти босуръат зиёд шудани талабот ба об дар натиҷаи афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисод, метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад.

Аллакай, дар панҷ даҳсолаи охир нишондиҳандаи таъмини оби тоза ба сари ҳар нафар аҳолӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ 2,5 баробар ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ бошад, чор баробар коҳиш ёфтааст.

Илова ба ин, обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнус гардида, ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиравӣ, таҳдид менамояд.

Ҳамин тавр, ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, самти фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро аз баррасиву изҳори мақсад ва эълони ӯҳдадориҳо ба иҷрои чораҳои амалӣ баргардонданд. Ташаббусҳои мазкур дар маҷмуъ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳадафи стратегии навро барои инсоният ва таъмини ҳаёти арзандаи одамон эҷод намуданд.

Дар ин қарина Сарвари Тоҷикистон тавонист тавассути мавқеи фаъолонаи худ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи мубрами рӯз ҷалб намуда, барои дастрасӣ ба пешравии назаррас ҷиҳати дарки ҳамаҷонибаи мушкилоти марбут ба об, инчунин зарурати муттаҳид намудани сайъу кӯшишҳо барои рафъи мусолиматомези онҳо мусоидат намояд.

Меъроҷиддини НАСРИДИН,

мудири кафедраи дипломатия ва

муносибатҳои байналмилалии Академия,

номзади илмҳои таърих

Похожие записи