ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ОБИ ТОЗА

337013023_607034341438929_5805964146579678712_n

Тоҷикистон ҳанӯз соли 1999 аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси аввалини худро оид ба эълон кардани соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза” пешниҳод карда буд... Баъдан, дар ҳамин доира бо ташаббуси кишвари мо соли 2013  “Соли ҳамкориҳо дар соҳаи об”, солҳои 2005-2015 ва 2018-2028 мутаносибан даҳсолаҳои байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва “Об барои рушди устувор” эълон гардиданд… Ҳадафи асосии ин иқдом ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти глобалии обшавии босуръати пиряхҳо мебошад.

(Иқтибос аз мусоҳибаи Пешвои миллат бо хабарнигори телевизиони СММ)

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули 31 соли соҳибистиқлолии тавонист, бо барқарор намудани муносибатҳои судманд бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ марҳила ба марҳила мавқеи сиёсии худро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам гардонад. Кишвари мо дар ин марҳилаи начандон тӯлонии таърихӣ бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, обрӯ ва эътибори хешро боло бурд, ҳамкориҳои судмандро таҳкиму густариш бахшид ва то имрӯз бо аксари давлатҳои ҷаҳон равобити хубу манфиатовар ба роҳ мондааст.

Ҳаёту ҳастӣ ва тарзи сукунати зисту афзоиши тамоми мавҷудоти зиндаи рӯи Замин, алалхусус одам низ ба об, ба ин манбаву сарчашма ва мӯъҷизаи асрорангези табиат вобаста мебошад. Табиист, ки имрӯзҳо дар сар то сари ҷаҳон сарфакорӣ нисбат ба истифодаи об дар сатҳи лозима қарор нагирифтааст ва вобаста ба ин аҳли одамони сайёраро зарур аст, ки ба оби тозаи нӯшокӣ эҳтиёткорона муносибат кунанд ва аз ҷиҳати экологӣ чашмаҳо ва ҳавзҳоро тоза нигоҳ доранд.

Имрӯз мамлакати моро дар ҷаҳон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хубӣ мешиносанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир масъалаҳои вобаста ба обро дар чорчӯбӣ рӯзномаи глобалӣ фаъолона пеш мебарад.

Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили мубрами ҷаҳони имрӯза нақши созанда ва саҳми шоиста гузошта, ба афзудани обрӯ ва нуфузи кишвари соҳибистиқлоли мо дар анҷумани давлатҳои мутамаддин мусоидат намуданд.

Дар баробари ин, ташаббусҳои Пешвои миллат барои ҳалли мушкилоти об боис гаштанд, ки шахсияти сиёсии Президенти Тоҷикистон дар доираҳои сиёсии ҷаҳон ва миёни кишварҳои хурду бузурги сайёраи мо ҳамчун сарвар ва пешвое шинохта шавад, ки дар сиёсат ва корсозиҳои хирадмандонааш миёни арзишу ормонҳои миллии кишвараш ва ниёзҳои дунёи муосир таносуб ва тавозуни оқилона эҷод намудааст.

Саидакрам ИБРОҲИМОВ,

муовини декан оид ба таълими

факултети дипломатия ва сиёсати Академия

Похожие записи