ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ДАВЛАТ ВА ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

 Сарзамини Осиёи Марказӣ ва Хуросон минтақаҳои ташаккули давлат ва давлатдории аҷдодони мо-тоҷикон ба ҳисоб мераванд. Ташаккули давлат ва давлатдорӣ дар сарзамини Ориёно-Тоҷикистони таърихӣ давраи тӯлонии раванди таърихиро дар бар мегирад ва дар муддати тӯлонии таърих дар ин минтақа давлатҳои зиёде арзи ҳастӣ намуда, инкишоф ёфта ва оқибат аз байн рафтаанд.

 

Дар нахустмеҳани ориёиҳо-Эронвиҷ (Вароруду Хуросон) тақрибан 3500 сол пеш аввалин давлати ориёӣ – Пешдодиён ва баъдтар дар заминаи он давлати Каёниён арзи ҳастӣ намуданд.

 

Таърихи давлату давлатдории расмии аҷдодони тоҷикон ба ҳазорсолаҳои II пеш аз мелод рафта мерасад. Дар натиҷаи ба се қисмат ҷудо гардидани давлати Каёниёни бузург тақрибан 2700 сол пеш дар заминаи он нахустин давлатҳо бо номҳои Бохтар, Суғд ва Хоразм дар Осиёи Марказӣ арзи ҳастӣ карданд, ва охиран ба ҳайати давлати умумиориёи Ҳахоманишиён дохил шуданд.

 

Давлати бузурги Ҳахоманишиён (558-330 то м.) аввалин империяи ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Ба Куруши Бузург муяссар гардид, ки аз Миср то ба Ҳинду Осиёи Марказӣ сулҳу адолатро пойдор намояд ва бори аввал дар таърихи башар “Эъломияи ҳуқуқи инсон”-ро таҳия ва дар амал ҷорӣ намояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари хеш қайд намудаанд: “Эъломияе, ки ӯ баъди тасхири Бобул интишор кард, падидаи комилан нави сиёсию фарҳангӣ буд. Ӯ ба мисли шоҳони пешинаи ин минтақа мағлубонро ғуломи худ эълон накард. Баръакс Куруш олиҳиматии сиёсӣ, адолат ва инсондӯстии бемисл нишон дода, ба халқҳои мағлуб озодӣ ва кафолатҳои ҳуқуқӣ эъто кард”. Воқеан ҳам Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир арзишмандтарин санади ҳуқуқии аҳди бостон мебошад. Дар ин эъломия аз ҷумла омадааст: “Ман, ки имрӯз кулоҳи шоҳӣ бар сар ниҳодаам, то рӯзе, ки зиндаам ва Худо подшоҳиро ба ман арзонӣ дода, ҳаргиз фармонравоиро ба зӯр таҳмил накунам ва ҳар мардум озод аст… нагузорам, ки касе ба дигаре ситам кунад”.

 

Баъд аз суқути давлати бузурги Ҳахоманишиён аҷдодони мо дар як муддати муаян ба ҳайати империяи Искандар ва давлатҳои эллинии Селевкиёнва Юнону Бохтар дохил шуданд. Аммо баъдан империяҳои Ашкониёну Сосониён ва Кушониёну Ҳайтолиён ва давлатҳои дигари ориёӣ тамоми таҷрибаи давлатдории ниёкони хешро дар давлатдорӣ истифода бурда, марҳила ба марҳида онро такмил доданд.

 

Дар замони давлатдории Ашкониён ё давлати Порти бузург(250 то мелод 226 мелодӣ), ки 476 сол давом кардаст, анъанаи давлатдории Ҳахоманишиён, ки аз замони Искандару Селевкиён барҳам хӯрда буд, аз нав эҳё гардиданд. Арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ ва дигар атрибутҳои давлатдорӣ барқарор карда шуданд.

 

Дар замони Сосониён(224-651м.) давлатдории тоисломии халқҳои ориёӣ ба авҷи аълои рушди худ расид ва муҳақиқони Ғарб низоми идорӣ ва тарзи давлатдории ин сулоларо намунавӣ номидаанд. Иқтидори давлат, артиши бонизом, таҷлили ҷашну маросимҳо, рушди фарҳанг, китобнависӣ хоси зимомдорони ин давлат буданд. Дар замони Сосониён мусиқии классикии тоҷику форс дар шакли “Дувоздаҳмақом” (асасгузораш Борбади Марвазӣ) ташаккул ёфт, ки аз асри ХVIII дар Аморати Бухоро дар натиҷаи мутаҳид кардани мақомҳо “Шашмақом” ном гирифт. Ҳамзамон, дар ин давра аввалин мактаби олӣ бо номи Ганди Шопур ташкил гардид, ки мутахасисони касбии соҳаи тиббро тайёр мекард ва бемористонҳо дар шаҳрҳо фаъолият мекарданд.

 

Давлати Кушониён (асри I то м.- асри III мелодӣ) дар заминаи давлати Юнону Бохтар ба вуҷуд омад ва пойтахти он шаҳри Балх ба ҳисоб мерафт, вале баъдтар пойтахтро ба шаҳри Пешовар кӯчониданд. Дар замони Кушониён дар баробари дини зардуштӣ дини буддоӣ аз Ҳиндустон қабул гардид, ки намунаи барҷастаи он ҳайкали 13 метраи Буддо дар Осорхонаи бостонии Тоҷикистон мебошад. Давлати Кушониён аз ҷиҳати ҳарбӣ ва иқтисодӣ хеле пешрафта буд.

 

Давлати Ҳайтолиён аввалин давлати феодалии тоҷикон (450-567) дар натиҷаи мубориза бо Сосониён ба вуҷуд омада буд ва ҳамеша байни онҳо барои Вароруд рақобат вуҷуд дошт. Давлати Ҳайтолиён дар замони Вахшунвар ва махсусан Хушнавоз аз ҷиҳати ҳарбӣ хеле пуриқтидор гардида, тамоми Осиёи Марказӣ, Туркистони Шарқӣ ва Шимоли Ҳиндустонро дар бар мегирифт. Баъди шикаст аз ҷониби Ҳоқонати Турк ва Сосониён мулки Хуталон идомаи ин давлат ва шаҳри Ҳулбук маркази маъмурии он буд. Номи вилояти Хатлон аз номи ин сулола бармеояд.

 

Дар натиҷаи пайдоиши ислом дар асри VII давлати теократии Хилофати Араб (632-1258) ба вуҷуд омад. Хилофати Араб сарзамини аҷдодии мо Хуросону Варорудро забт карда, низоми давлатдории Сосониёнро, қабул карда, дар давлатдории хеш истифода намуд ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки дар ин кор саҳми Салмони Форсӣ ва дигар фарзандони баруманди халқи тоҷик хеле зиёд аст.

 

Баъд аз давлатдории зиёда аз садсолаи арабҳо дар сарзамини мо ҷунбиши истиқлолхоҳӣ барои эҳёи давлатдории миллӣ оғоз гардид, ки дар раъси ин ҳаракат Абумуслми Хуросонӣ, Сумбоди Муғ, Муқаннаъ ва хонадони тоҷикасоси Бармакиёни Балх меистоданд. Дар натиҷаи талошҳои тӯлонӣ ва пайдарпай барои истиқлол оқибат давлатҳои ниммустақили тоҷикӣ Тоҳириёну Саффориён ба вуҷуд омаданд.

 

Ин ду давлати ниммустақил барои ба истиқлоли комил расидани сарзамини мо замина ба вуҷуд оварданд ва оқибат дар заминаи онҳо давлати мутамарказу миллии тоҷикон Сомониён (874-999) ба вуҷуд омад, ки аввалин давлати мутамарказу мустақил дар замони ислом ба ҳисоб меравад.

 

Дар замони давлатдории Сомониён давлатдории миллии мо дар пояи таҷрибаи давлатдории ниёгонамон эҳё карда шуд. Низоми намунавии идоракунии давлатӣ, эҳёи фарҳанг ва забони миллӣ, рушди илм, китобнависию китобдорӣ, шаҳрсозӣ, иқтисодиёти пешрафта хоси давлати Сомониён аст. Барҳақ давраи Сомониёнро “давраи тиллоии таърихи халқи тоҷик” номидаанд. Таҷрибаи бузурги давлатдории Сомониёнро тамоми давлатҳои минбаъдаи Осиёи Марказӣ бо баъзе тағйироту иловаҳо дар низоми идоракунии давлатҳояшон то оғози асри ХХ истифода бурданд.

 

Дар таърихи пасазсомониёни халқи тоҷик давлатҳои миллии Ғӯриён, Сарбадорон, Музаффариён, Куртҳои Ҳирот арзи ҳастӣ кардаанд, аммо давлатҳои мазкур аз ҷиҳати иқтидору бузургию шаҳомат ба давлатҳои пешин баробар набуданд.

 

Баъд аз ҳамроҳшавии қисмати зиёди Осиёи Марказӣ ба Россия дар низоми идоракунии минтақаҳои забтгардида, ки Кишвари Туркистон ном гирифта буд, тағйиротҳои ҷиддӣ ба амал омаданд. Минтақаҳои забтгардида ба вилоятҳо, уездҳо, волостҳо ва приставҳо тақсим гардида, дар асоси таҷрибаи Россия идора карда мешуданд.

 

Халқи тоҷик аз асри ХI то ибтидоти асри ХХ дар ҳайати давлатҳои мухталифи Осиёи Марказӣ: Қарахониён, Ғазнавиён, Хоразмшоҳиён, Империяи муғулҳо, Темуриён, Шайбониён, Аштархониҳо, Аморати Бухоро ва Хонигарии Қуқанд зиндагӣ карда, ба ҳайси мардуми эҷодкору зиёӣ, сулҳдусту башардуст ва созанда дар ташаккул ва рушди ин давлатҳо то оғози асри ХХ нақши муҳим дошт.

 

Дар сарзамини Осиёи Миёна дар ибтидои солҳои 20-уми асри ХХ дар натиҷаи барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ се ҷумҳурӣ: Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Туркистон (дар ҳайати ҶФШС Русия) ва ҷумҳуриҳои мустақили халқии Шӯравии Бухоро ва Хоразм вуҷуд доштанд, ки ҷумҳуриҳои сермиллат ба шумор мерафтанд.

 

Баъд аз барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ бо ташаббуси роҳбарияти ин давлат ва ҳизби коммунистии болшевикӣ бо мақсади гузаронидани тақсимоти миллӣ-марзӣ ва ташкил кардани ҷумҳуриҳои миллӣ дар сарзамини Осиёи Марказӣ аз соли 1921 то соли 1924 «Комиссия оид ба корҳои Туркистон» фаъолият намуда, масъалаҳои тақсимоти миллӣ-марзии ин сарзаминро баррасӣ намуда, ба иштибоҳҳои зиёд ва беадолатиҳо нисбати тоҷикон роҳ дод.

 

Дар натиҷа дар Осиёи Миёна ҷумҳуриҳои халқии шӯравии Бухоро, Хоразм ва ҶМШС Туркистон, ки ба ҳайати Россияи Советӣ дохил мешуд барҳам дода шуданд ва дар ин минтақа тақсимоти миллӣ-марзӣ гузаронида шуда, дар заминаи марзҳои давлатҳои мазкур ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳамчун ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, Тоҷикистон -ҷумҳурияти мухтор дар ҳайати Ӯзбекистон, вилояти мухтори Қирғизҳо дар ҳайати ҶМШС Қазоқистон ташкил ёфтанд. Аз ин рӯ 14 октябр рӯзи тавлиди ҷумҳуриҳои мазкур ба ҳисоб меравад.

 

Ҳамин тавр, дар харитаи геополитикии ҷаҳон ва Осиёи Марказӣ бори аввал воҳидҳои маъмурию марзии мазкур дар асоси нишонаҳои миллӣ ба вуҷуд омада, то соли 1991 ба ҳайати давлати абарқудрату муштараки СССР дохил мешуданд.

 

Тоҷикистон моҳи сентябри соли 1991 дар натиҷаи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолияти давлатӣ ба даст оварда, узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва ба дастовардҳои бузуг ноил гардида, имрӯз дар тамоми соҳаҳо устуворона пеш меравад.

 

Ҳамин тавр, мардуми тоҷик тар тули таърихи беш аз 3000 солаи давлату давлатдории хеш ҳамеша башардӯсту сулҳпарвариро пешаи худ қарор дода, ба сари ягон халқ ҷабру ситамро раво надидааст, баръакс ҳамеша мардуми мухталифро мутаҳид намуда, дарси одамият омӯхта, онҳоро ба созандагӣ ва таъмини суботу якдигарфаҳмӣ ҳидоят намудааст.

 

Баҳриддин АЛИЗОДА,

номзади илмҳои филологӣ, дотсент, сарходими илмии

Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академия

Похожие записи