“ТАЪРИХИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ”

+1

Китоби тозанашри устодони Академия бахшида ба 30-солагии Истиқлолӣ давлатӣ

 

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон устодони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайнаков С. П., Комилбеков А. Ё., Воҳидов Н. Ҳ. китоби дарсии «Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ”-ро дар ҳаҷми 650 саҳифа бо забони даватӣ таҳия намуда, аз нашр бароварданд.

 

Тайёр намудани мутахассисони соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ дар ҷумҳурии мо дар давраи Истиқлол ба роҳ монда шуда, имрӯз дар чанд донишгоҳ ва донишкадаҳо факултетҳо ва шуъбаҳои муносибатҳои байналхалқӣ амал менамоянд, ки ба тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои муносибатҳои байналхалқӣ, хизмати дипломатӣ машғул мебошанд. Аз ҷумла дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон факултети дипломатия ва сиёсат мавҷуд аст, ки ҳамасолаи теъдоди зиёди донишҷӯён ва магистрантон аз рӯи ихтисоси муносибатҳои байналмилаӣ – зинаи бакалавр ва магистр хатм менамояд. Ин падида боиси он гардид, ки барои факултетҳо ва шуъбаҳои муносибатҳои байналхалқӣ бо забони давлатӣ маводи таълимӣ таҳия карда шавад.

 

Китоби мазкур дар асоси нақшаи таълимӣ ва барномаи таълимии фан тартиб дода шуда, мазмуни он ба талаботи аснодҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва дигар дастурҳои методии соҳаи маориф ҷавобгўй мебошад. Пас аз омўзиши мазмуни маводи мазкур ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки муаллифон тавонистаанд бо истифода аз сарчашма ва адабиёти илмию дарсӣ як маводи муфассали таълимиро омода намуда, меъёру талаботи сохтор ва таркиббандии китобҳои дарсиро риоя кардаанд.

 

Дар китоб мавзӯъҳо ва масъалаҳои асосии таърихи муносибатҳои байналхалқӣ, аз давраи кадим сар карда, то ташаккулёбии системаи Версал-Вашингтон пурра баррасӣ гардидааст. Дар он давраҳои асосии таърихи рушди муносиботи қавму қабилавӣ, минтақавӣ, байниминтақавӣ, байнидавлатӣ ва байналхалқӣ, фаъолияти сиёсию дипломатии шахсиятҳои намоён ва мазмуни назарияҳо, консепсияҳои асосии муносиботи байналхалқии то оғози давраи навтарини таърих инъикос ёфтааст.

 

Дар навишти маводи таълимӣ аз адабиёти илмии соҳавӣ, маводи таълимию методӣ вассеъ истифода шудааст. Дар чунин ҳаҷм ва намуд тайёр кардани маводи таълимӣ то ҳанўз аз ҷониби омӯзгорони макотиби олии кишвар сурат нагирифтааст, бинобар ин тавсияи он дуруст ва саривақтӣ ҳисобидан мумкин аст.

Диққати махсус дар китоб ба сохтори системаҳои муносибатҳои байналхалқӣ, инчунин нақши бузургдавлатҳо дар ташаккулёбии сохтор, кушода додани мафҳумҳои асосии курс, аз ҷумла қувваҳо, баланси қувваҳо, тартиботи ҷаҳонӣ, мувозинати байналхалқӣ, муътадилӣ, кондоминиуми бузургдавлатҳо ва ғайра дода шудааст.

 

Китоб барои донишҷўёну магистрантон, аспирантони докторантон ва омўзгорони самти муносибатҳои байналхалқӣ, дипломатия ва ва доираи васеи шавқмандони таърихи мунисбатҳои байналхалқӣ пешкаш мегардад.

Похожие записи