ТАЪСИРИ ИҚЛИМИ САРМОЯГУЗОРӢ БА РУШДИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

inflyatsiya

Дар шароити суст шудани рушди иқтисодӣ аксари давлатҳои ҷаҳон аз беҳсозии фазои сармоягузорӣ ҳамчун воситаи суръат бахшидан ба рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сифати он истифода мебаранд. Давлат дар чунин шароит ҳамчун субъекти талоши рақобатнок барои сармоягузориҳо саъю кӯшиш мекунад ва ба сармоягузорон “маҳсулоти” худро, ки “фазои сармоягузорӣ” мебошад, пешниҳод мекунад. Бо назардошти ин, ҳукумат ислоҳоти институтсионалиро оид ба беҳсозии фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ тавассути таҳкимдиҳии заминаи қонунгузорӣ, рушди низоми иҷрои қарордодҳо ва идоракунии корпоративӣ, таъмини ҳуқуқҳои молумулкӣ, бартараф намудани монеаҳои маъмурии зиёдатӣ, аз ҷумла баланд бардоштани иқтидори сармоягузорӣ ва коҳишдиҳии хавфҳои сармоягузорӣ идома медиҳад. Дар Стратегияи миллии рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 қайд карда шудааст, ки самаранокии фазои соҳибкорӣ бештар аз фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста аст ва таъсисдиҳии институти Омбудсмен оид ба ҳуқуқҳои соҳибкорон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқӣ саривақтӣ мебошад.

 

Дар сиёсати иқтисодии давлат ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ яке аз афзалиятҳои асосӣ маҳсуб меёбад. Аксарияти вазифаҳо оид ба беҳтар намудани ҷолибияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай дар Стратегияи миллии рушд-2030 инъикос ёфтаанд. Барномаи миёнамуҳлати рушд 2021-2025 фаъолияти аввалиндараҷаро, ки барои ҳалли онҳо заруранд, ошкор ва мушаххас менамояд. Таҷрибаи кишварҳое, ки дар ҷалби сармоягузорон комёбиҳои нисбатан бештар ба даст овардаанд, нишон медиҳад, ки тадбирҳои дар СМР-2030 дарҷгардида агар низоми самараноки ҳамбастагӣ ва дастгирии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ташаккул ёбад, ба ҷалби муваффақонаи сармоягузориҳо мусоидат мекунанд. Он бояд ба сармоягузорон низоми «долони сабз»-ро дар ҳамаи зинаҳои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо таъмин намояд ва ҳамкории онҳоро бо давлат тавассути механизми «равзанаи ягона» осон гардонад. Масъалаҳои дастгирии давлатии соҳибкории занон, бо сабаби мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа ва таносуби шумораи онҳо нисбат ба шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол хеле муҳим мебошанд. Айни ҳол тамоюли афзоиши шумораи занон дар соҳаи тиҷорату соҳибкорӣ ба назар мерасад. Ба ҳар ҳол, ҷиҳати рушди муваффақонаи институтсионалӣ зарур аст, ки стратегияи соҳибкории занон дар сатҳи давлатӣ бо иштироки намояндагони ташкилотҳои соҳибкорӣ бо такя ба таҷрибаи бойи байналмилалӣ, мутобиқгардонии он ба шароити мушаххаси иҷтимоию иқтисодӣ ва пурра инкишоф додани ташаббуси занони соҳибкор барои пуштибонии манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо таҳия карда шавад.

 

Барои ноил гаштан ба афзалиятҳо дар ин соҳа, ба ақидаи мо, бояд чунин вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолият иҷро гардад:

  1. Афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ ва рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт тавассути: а) ташкили рейтинги миллии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар миқёси миллӣ ва минтақавӣ; б) мукаммалгардонии низоми «равзанаи ягона» оид ба кор бо сармоягузорон ва соҳибкорон; в) мавқеъгирии фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи тиҷоратии байналмилалӣ; г) мукаммал намудани сиёсати давлатии сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ; ғ) инвентаризатсияи расмиёти иҷозатдиҳӣ, ки сармоягузорон ва соҳибкорон бо онҳо дучор мешаванд, муносибгардонии минбаъдаи ин расмиёт; д) ташкил намудани кори мунтазам оид ба омӯзиши кормандони давлатӣ ба малакаи муосири кор бо сармоягузорон ва соҳибкорон; е) мусоидат намудан ҷиҳати беҳтар гардонидани муколамаи давлат ва бахши хусусӣ.
  2. Беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаҳои саноат тавассути: а) таҳияи низоми (механизми) дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар бахши коркарди ашёи хоми ватанӣ; б) мукаммалгардонии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар саноати кӯҳкорӣ; в) таҳияи шарҳҳои соҳавӣ барои ҷалб намудани сармоягузориҳо ба соҳаҳои афзалиятнок.
  3. Барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар комплекси агросаноатӣ ва рушди тиҷорати кишоварзӣ тавассути: а) муайян ва дастгирӣ намудани имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар занҷираи арзиши иловашудаи тиҷорати кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; б) ҳавасманд Мақсади асосии Ҳукумат ҷалби бештари сармоягузориҳо ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, чораҳои андешидаистода низ барои расидан ба ин ма қсад равона шудааст.

 

Таҳлилҳо нишон доданд, ки новобаста ба дастовардҳо дар ин самт ҳанӯз ҳам як қатор омилҳои манфӣ вуҷуд доранд, ки боиси суст гардидани рушди фаъолияти сармоягузорӣ мегарданд. Бо назардошти амалигардонии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои то 2030 тақозо ба сармоягузориҳо бамаротиб меафзоянд, зеро гузариш аз иқтисодиёти аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ хароҷоти зиёди пулиро талаб менамояд. Вобаста ба ин Ҳукуматро мебояд, ки ҳадди аксар монеаҳои мавҷударо дар самти ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ бартараф намояд. Танҳо дар ин сурат хулоса намудан мумкин аст, ки фазои мусоиди сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ таъмин карда мешавад.

 

Муҳаммад МИРАЛИЕВ,

магистранти курси 1

Похожие записи