ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

IMG_2430

30 соли соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон ва мардуми шарафманди он 30 соли эҳё, худшиносӣ, меҳанпарастӣ ва пешрафту дастовардҳо буд. Дар ин давра ба яқин тамоми сохторҳои давлатӣ ва рукнҳои он аз нав барқарор ва такмил ёфта, Тоҷикистон ба як кишвари тозаҷавон ва соҳибихтиёр табдил ёфт. Аз ҷумла, тамоми рамзҳои аслии давлати соҳибихтиёр шакл гирифта, имрӯз дар самти боло бурдани эҳсоси ватанпарастӣ ва давлатмеҳварии шаҳрвандон васеъ истифода мешаванд.

 

Дар ин муддат Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳо ноил гардид, ки ҳамаи онҳо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо пуштибонии мардуми кишвар рӯйи даст омаданд. Рушд ва таҳкими дастовардҳои соҳибихтиёрии давлатӣ барои наслҳои минбаъда фазои озод ва шароити мусоидро ба вуҷуд меорад, ки барои ҳифзу татбиқи манфиатҳои миллии Тоҷикистон мақоми калидӣ доранд. 15 апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо назардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлати миллӣ, эҳёи фарҳанг ва тафаккури давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани имиҷи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид намуда, 16-уми ноябрро ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар намуд, ки аз ин ба баъд ҳамасола таҷлил карда мешавад.

 

Имрӯз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва боиси ифтихори ҳар як тоҷикистонист, ки ин рӯзро дар саросари кишвар ботантана таҷлил менамоем. Аҳамият ва зарурати ин ид аз он иборат аст, ки он ба ҳайси як рамзи муҳимми давлатдории соҳибихтиёр баромад намуда, таҷрибаи миллии бунёди давлатдорӣ ва давлатсозиро дар Тоҷикистон пурра мекунад.

 

Дар аксари кишварҳои пешрафтаи дунё рӯзи Сардори давлат таҷлил мегардад, ки ин пеш аз ҳама, барои афзудани эҳсоси садоқат ба роҳбарияти олии мамлакат нигаронда шудааст. Таҷрибаи миллии давлатдорӣ дар Тоҷикистон собит менамояд, ки кишвари мо тӯли 30 сол, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи суннатҳо ва анъанаҳои миллии давлатдорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки дар маҷмуъ барои муаррифӣ намудани тоҷикон ҳамчун миллати соҳибдавлату соҳибтамаддун ва дорои тафаккури давлатдорӣ мусоидат мекунад.

 

Дар замони Истиқлоли давлатӣ як силсила таҳаввулоте ба вуҷуд омаданд, ки онҳо мустақиман ба фаъолияти сиёсиву роҳбарии Пешвои миллат иртибот дошта, барои фаъолнокии сиёсии шаҳрвандон, шинохти ҷойгоҳи давлати тоҷикон дар ҷаҳони муосир, тағйири ҳувият ва эҳёи анъанаҳои миллӣ ва ғайра таъсири мустақим расонданд. Муҳимтарин таҳаввулот ин тағйир ва таҳкими ҳувияти миллӣ буд. Аҳамияти ин раванд дар он зоҳир мегардад, ки дар 70 соли дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ будани кишвар, кандашавӣ аз аслҳои худ ба назар расида, дар замони соҳибистиқлолӣ эҳёи онҳо шуруъ гардид.

 

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон таҳкими арзишҳо ва рамзҳои миллӣ, инчунин аслҳои ҳувияту худшиносии миллӣ ба назар мерасад. Тағйироти ҳувиятии замони истиқлолро метавон дар шакли зерин маънидод кард:

Якум, эҳёи суннат ва анъанаҳои миллӣ сурат гирифт. Дар замони шӯравӣ таҷлил намудани идҳои миллӣ ва динӣ аз қабили Наврӯз ва идҳои Рамазон ва Қурбон ғайриимкон буд. Дар солҳои аввалини соҳибихтиёрӣ таҷлил намудани ин идҳо ва рўзи истироҳат эълон кардани онҳоро бо қабули санади ҳуқуқӣ қонунӣ кард;

Дуюм, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ шуруъ гардида, соли 1999 дар тамоми қаламрави кишвар 1100 – солагии давлати Сомониён таҷлил карда шуд ва дар майдони марказии шаҳри Душанбе пайкараи асосгузори давлати Сомониён – шоҳ Исмоили Сомонӣ қомат афрохт;

Сеюм, таҷлили солгарди як қатор шахсиятҳои илмӣ, фарҳангӣ ва динии тоҷикон сурат гирифт, ки дар эҷоди ҳувияти муосири шаҳрвандон таъсири мусбат расонд ва худшиносии миллиро дар ҷомеа густариш дод;

Чорум, забони тоҷикӣ ҳамчун забони коргузории давлатӣ ба амалияи васеъ даромад, гарчанде чунин қонун дар замони бозсозӣ, яъне соли 1989 қабул гардида буд, истифодаи амалии он маҳз дар замони истиқлол имконпазир гардид;

Панҷум, дар замони истиқлол рамзҳо, арзишҳо ва боварҳои комилан нав ба вуҷуд оварда шуданд. Давлат бо истифода аз абзорҳои худ раванди эҷоди анъанасозиро рўи даст гирифтааст, ки дар муддати тӯлонӣ он метавонад ҳам барои эҳёи суннату арзишҳои миллӣ мусоидат кунад ва ҳамзамон, ба рушди устувори мамлакат таъсири мусбат расонад ва фарҳанги миллиро дар асри иттилоот ва ҷаҳонишавӣ рақобатпазир гардонад.

 

Волотар аз ҳама, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари барқарори сулҳ, таҳкими истиқлол ва ваҳдати миллӣ, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд. Имрӯз Тоҷикистон ҷойгоҳи муносиберо дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиб буда, бо ташаббусҳои созанда дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ саҳмгузор аст.

 

Аз ин ҷо метавон хулоса намуд, ки маҳз бо талошҳо, ҷонбозиҳо ва заҳматҳои бемисли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати тоҷикон аз нав эҳё гардид, ба давлатдории навин пояи мустаҳкам гузошта шуда, дар натиҷаи ободкориҳо ва хиради созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самтҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.

Бо шукргузорӣ аз соҳисбистиқлолӣ ва соҳибватанӣ мо, ҷавонон, бояд заҳматҳои Пешвои миллатро дар ҷодаи шукуфоии Ватан, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ҷонибдорӣ намуда, шукронаи неъмати Худо ва Пешвои оқилу фарзонаро кунем. Маҳз ҳамин ҷоннисарӣ, далерӣ, хислатҳои неку ҳамида дар назди Ватану миллат буд, ки мардуми кишвар ба Сарвари маҳбуб якдилона унвони Пешвои миллатро сазовору арзанда донистанд.

 

Фаромуз ҒАЮРОВ,

сардори котибот ва ёвари ректори Академия

Похожие записи