ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ – ХАТАРЕ БА ҶАҲОНИ МУОСИР

Алишер Н.

Рушди ҷомеаи ҷаҳони нишон медиҳад, ки ҳар давраи таърихӣ дорои мушкилоти хоси худ мебошад. Интиҳои асри 20 ва даҳсолаҳои аввали асри 21 нишон медиҳанд, ки мушкилоти асосии ин фосилаи таърихӣ экстремизм ва терроризм мебошанд. Имрӯз ин равандҳо ваҳшониятро дар рӯи замин нишон дода, арзиши инсон ва дигар муқаддасотро аз байн бурдаанд.

 

Терроризм ин амали зӯригарии ғайрилегалии муташаккил буда, бар зидди сохти сиёсӣ равона гардидааст. Мақсади он тарсонидан, ноумед кардани одамон ва ба худ мутаваҷҷеҳ гардонидан мебошад. Мафҳуми терроризм, ки аз калимаи лотинии “terror” гирифта шуда, маънои луғавиаш тарсу даҳшат ва дар фаҳмиши истилоҳияш бо роҳи зӯрӣ, ҷазоҳои ҷисмонӣ ва ҳатто бо сӯиқасду куштор аз байн бурдани рақиби мафкуравию идеологӣ мебошад. Агар ба таърихи инсоният руҷӯъ кунем, саҳифаҳои он пур аз амалҳои даҳшатбори муташшакилу субъективист, ки онҳо характеру хусусиятҳои террористӣ доштанд. Ҳатто шурӯъ аз пайдоиши инсоният то имрӯз. Бартариҷӯии як шахс бар шахси дигар, таҷовузи як хонавода бар хонаводаи дигар, як қабила бар қабилаи дигар, як халқ бар халқи дигар, ҳуҷуми як давлат бар давлати дигар, аз байн бурдани як империя аз ҷониби империяи дигар, мансур ва муқаддас шумурдани дини худ ва бебунёду мансух донистани дини дигарон ҳамеша заминаи ба амал омадани ин гуна зуҳурот мегардид.

 

Терроризм маҷмӯи аломатҳоест, ки ба фаъолияти ҷиноӣ мансуб мебошад. Яъне терроризм – ин ҷиноятест, ки нисбати гурӯҳи одамон барои ноил шудан ба ҳадафҳои ғаразноки муайяне амалӣ карда мешавад. Терроризм зуҳуроти вазнин ва хатарноки замони ҳозира мебошад, ки ба талафоти бештари молию ҷонӣ оварда мерасонад.

 

Терроризм зуҳуроти номатлуби густаришёфтаи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, ҳамчун муаммои меҳварии ҳаёти башарият боиси нигаронии кишварҳо гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифта, ҳатто дар мутамаддинтарин, фарҳангитарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи курраи арз нишонаҳояш ба назар мерасад.

 

Бо назардошти як қатор тафовутҳо намудҳои зерини терроризмро ҷудо мекунанд: терроризми ядроӣ, терроризми экологӣ, терроризми биологӣ, терроризми психологӣ, кибертерроризм (терроризми компютерӣ, электронӣ).

 

Дар маҷмуъ терроризм стратегия ва усули мубориза аст, ки сабаби ҳалокати одамони зиёд мегардад.

 

Алишер НАЗАРЗОДА,

мудири бахши кор бо

 ҷавонони Академия

Похожие записи