ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАРЕ БАРОИ ҶАҲОНИ МУОСИР

Терроризм ва ифротгароӣ раванди даҳшатборе барои ҷомеа шинохта шуда, ҳамчун падидаи номатлуб ва проблемаи байналмилалӣ зуҳур кардааст. Имрӯзҳо терроризм бештар дар давлатҳои Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Покистон, Нигерия, Сомалӣ ва Афғонистон мушоҳида гардида, онҳо амалҳои даҳшатбореро ба анҷом мерасонанд, ки дар натиҷаи чунин кирдорҳо даҳҳо одамон ҷони худро аз даст медиҳанд. Бояд қайд намуд, ки мақсади асосии ин гуна ҳаракатҳо танҳо ва танҳо халалдор кардани оромӣ ва вайрону валангор намудани тамоми арзишҳои фарҳангӣ мебошад. Тавре маълум аст, дар кишварҳое, ки аз терроризму ифротгароӣ осеб дидаанд, қаҳтию гуруснагӣ ва баъзе бемориҳои сирояткунанда ба вуҷуд омадааст, ки ҷони садҳо ва ҳазорҳо инсонҳоро мерабоянд. Маҳз бо ҳамин мақсадҳои нопоки худ рӯз аз рӯз терроризм ва ифротгароӣ домани худро фарох намуда, хатари он давлатҳои зиёди ҷаҳонро таҳдид менамояд.

 

Тоҷикистони ҷавони мо рӯзҳои сангинеро, ки маҳсули дасти ин гуна гурӯҳҳои ифротӣ буд, дар солҳои навадуми асри гузашта пушти сар намуд, ки то ба ҳол хотироти талхи он замон дар қалби халқи мо боқӣ мондааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ҷонибдори сулҳу ваҳдати башарӣ буда, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон чунин гуфта буданд: “Тоҷикистони соҳибистиқол, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад”.

 

Дар шароити замони муосир ҳар як ҷавони ҳушмандро зарур аст, ки дарки баланди сиёсӣ ва худогоҳии миллӣ дошта бошад. Ҷавонони мо бояд аз шинохти арзишҳои инсонӣ ва миллӣ дар ҳаёту зиндагӣ ошноӣ пайдо намуда, фирефтаи ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нагарданд. Зеро онҳо насли ҷавонро ба воситаи ақидаҳои исломӣ ва ба ҳар роҳу воситаҳо таблиғу ташвиқ менамоянд ва маҳз шахсони аз илму дониш бехабар тез ба ваъдаҳои ширини фарҷоми талхдоштаи онҳо фирефта гардида, ҳаёти ширини худро зери хатар мегузоранд. Бояд гуфт, ки истифода аз қувваи ҷавонон барои онҳо хело манфиатбор буда, ин қишри ҷомеаро, ки дар худ мафкура ва ақидаи қавӣ надоранд, ба худ ҷалб менамоянд.

 

Терроризм даҳшатбортарин ва нангинтарин амал, яъне қатлу кушторро нисбати занону духтарон, тифлон ва аъзоёни гуногуни ҷомеа, инчунин куштори бузургтарин олиҳа, офарандаи ҳаёту зиндагӣ “Модар” анҷом медиҳанд. Бинобар ин алайҳи чунин мушкилоти ҷомеа муборизаи дастаҷамъӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ доштан лозим аст. Пешвои миллати мо нисбати хатарҳои терроризм ва эстремизм дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намудаанд, ки “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд”. Ҳарчанд як қатор созмонҳову ташкилотҳои байналхалқӣ барои рафъи ин мушкилӣ ва ё “вабои аср” талош меварзанд, вале ҳанӯз ҳам ба таври кофӣ натавонистаанд, ки дар ин роҳ муваффақ бошанд. Бо ҳамин мақсад танҳо тавассути ташаккул додани маърифати ҳуқуқӣ ва бедор намудани ҳисси ватандӯстии насли ҷавон мумкин аст, ки садди роҳи паҳншавии ин “вабои аср” гирифта шавад.

 

Имрӯзҳо шароити хуби илмомӯзӣ дар ватани азизи мо муҳайё гардида, ба ин васила метавон ба шинохти арзишҳои миллӣ, фарҳангу тамаддуни халқи худ ноил шуд. Барои гирифтани пеши роҳи гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар вуҷуди насли ояндасоз талқини ҳисси ватандустӣ ва бедор кардани ҳисси баланди худшиносии миллӣ зарур аст.

 

Агар насли наврасро ба омӯзиши дониш ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиамон тарбия намоем, инчунин аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” васеъ истифода намудан, онро ба пуррагӣ риоя намоем, мусаллам аст, ки минбаъд насли наврас ва ҷавонони мо дар ҳақиқат ба муқаддасот ва Истиқлолияти миллӣ арҷ мегузоранд ва Ватани азизи худро дар мубориза бо ҳар зуҳуроти номатлубе дифоъ менамоянд.

 

Ҳамин тавр, мо ҷавононро зарур аст, ки ба қадри озодӣ, тинҷию оромӣ ва Истиқлолияти давлатӣ расида, дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳмгузор бошем. Баҳри ҳифзи якпорчагии Ватани маҳбубамон бошад, синаи худро сипар намоем. Чи гунае, ки Пешвои муаззами миллат гуфтаанд: “Шаҳрвандони кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расанд ва ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд”. Мувофиқ ба суханони Пешвои миллат мо, ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва меҳанпарастии худ, ҳамеша бо ҳама гурӯҳҳо ва ҳаракатҳое, ки ба зиндагии осоиштаи сокинон ва рушду тараққиёти кишвари азизамон – Тоҷикистон халал эҷод кардан мехоҳанд, мубориза бурда, барои устувории сулҳу субот ва амнияту тартиботи кишвар ҳиссагузор хоҳем шуд.

 

Пайрав ИЗАТУЛЛОЗОДА,

омӯзгори Академия,

Баҳром ШАРАФЗОДА,

магистри Академия

Похожие записи