ТОҶИКИСТОН ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛ

Комилбек Амид

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари воҳид дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба сифати кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мавқеи усувори худро пайдо намуда, имсол 30 – солагии истиқлоли хешро бо як қатор дастовардҳои бузург, ки ба таҳкими пояҳои соҳибистиқлолӣ заминаи устувор мебахшанд, ҷашн мегирад. Расидан ба истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон ва мустақилона шурӯъ намудан ба давлатдории миллӣ дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта марҳилаи мураккаб ва сангинро ба бор овард, ки мардуми шарифи кишвар барои паси сар намудани он, ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гардид. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ибрози назар намудаанд: “Неъмати истиқлол ба мо гарон афтод”.

 

Бо талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ марҳилаҳои истиқболи соҳибистиқлолӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, оштии миллӣ, эъмори давлатдории миллӣ, тарҳи сиёсати хориҷӣ ва мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, муайян намудани нақшаҳои рушди стратегии кишварро паси сар намуда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ қадамҳои устувор гузошт.

 

Бояд гуфт, ҳар як марҳилаи болозикр хусусият ва хосияти ҷудогонаи худро дошта, дар бунёди давлати миллӣ ва ба истиқлоли комил расидани Тоҷикистон нақши бузург доранд.

 

Таҳлили марҳилаҳои мазкур аз нуқтаи назари сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дар шароити кунунӣ фурсати муносиб ба ҳисоб рафта, барои рушди устувори минбаъдаи давлатдории миллии Тоҷикистон аҳамияти бузургро соҳиб аст.

 

  • Марҳилаи соҳибистиқлолӣ – раванди истиқлол дар Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои Иттиҳоди Шуравӣ оғоз гардид, вале бо сабабҳои гуногун вазъи сиёсӣ дар кишвар мураккаб гардида, оқибат ба бархурди мусалаҳонаи дохилӣ рӯ ба рӯ гардид. Раванди истиқлолро аҳли эҷоду равшанфикрон ҳанӯз аз охири солҳои 80-ум бесаброна интизор буданд ва дар маҳфилҳо дар бораи он ақидаҳои баён менамуданд. Баъди қабули Эъломияи истиқол ваъзи сиёсӣ дар кишвар мураккаб гардид, ки аз он гурӯҳҳои минфиатхоҳ истифода бурда, оммаи мардумро ба ошӯб, бо шиорҳои гуногун даъват намудан, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфт. Элитаи сиёсӣ бошад вазъиятро пурра дарк накарда, таваҷҷуҳи бақо мондани давлати шуравиро дошанд.

 

  • Марҳилаи ҷанги шаҳрвандӣ – низоъи сиёсии Тоҷикистон дар қаламравӣ собиқ кишварҳои шуравӣ яке аз ҷангҳои бесобиқа арзёбӣ мегардад. Талафоти зиёди шарҳрвандон дар як муддати кӯтоҳ ва хисороти бузурги иқтисодӣ ба давлати тозаистиқоли мо натиҷаи он буду халос. Иқтисодиёти мамлакатро даҳсолаҳо ба қафо партофт, ки ба раванди бунёди давлатдории миллӣ таъсири калон расонид.

 

 

  • Марҳалаи оштии миллӣ ва барқароркунии сулҳу ваҳдат дар кишвар яке аз марҳалаҳои ҳассос ва нозуки таърихӣ барои мардуми азизи Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Ба имзо расондани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон таҷрибаи оламшумул буда, барои ҳифзи истиқлол давлатии Тоҷикистон аҳамияти бунёдӣ дорад.

 

  • Бунёди давлатдории миллӣ – низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди истиқлоли давлатӣ марҳилаи гузаришро паси сар намуд, ки солҳои 1991-1994, яъне то қабули конститутсияи навро дар бар мегирад. Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудаанд, ки баъди эълони истиқлол то даъвати Иҷлосияи таърихии Хуҷанд як солу ду моҳ сипарӣ гардид, ки давлати тозаистиқлол Парчами миллӣ, Нишон ва Суруди миллӣ, ки аз рукнҳои муҳимми давлатдории миллӣ ба ҳисоб мераванд надошт, то ки дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ шавад. Конститутсияи соли 1994 низоми сиёсӣ ва идоракунии давлатиро муайян намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона шинохта шуд. Маҳз бо интихоби чунин тарҳи идоракунии давлатӣ мо тавонистем бо ҷомеаи ҷаҳонӣ равобити хуби дипломатӣ барқарор намуда, дар як муддати кӯтоҳ мавқеи кишварро дар сатҳи байналмилалӣ баланд бардорем.

 

  • Марҳилаи ба роҳ мондани сиёсати хориҷӣ ва мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ – баъди аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди давлат масъалаи муайян намудани самти сиёсати хориҷии кишвар пеш омад, ки яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб мерафт. Самти сиёсати хориҷии давлат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо принсипи “дарҳои боз” тарҳрези шуда, бо кишварҳои ҷаҳон ҳамкориҳои судманди мутақобила ба роҳ монда шуданд. Дар айни замон бо зиёда аз 178 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ ва чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкориҳои судманд идома доранд. Ташаббусҳои байналмилалӣ, иштироки фаъоли варзишгарон дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар намоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз болоравии мавқеи кишвар дар ҷаҳон гувоҳӣ медиҳанд.

 

 

  • Дарёфт ва коркарду банақшагирии рушди стратегӣ аз самтҳои дигари марҳилаи рушди кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин росто дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чор масъала ба сифати самтҳо ва ҳадафҳои стратегии рушди устувори иқтисодӣ арзёбӣ гардидаанд. Пеш аз ҳама баромадани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани он ба кишвари транзитӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар мебошанд.

 

  • Рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалӣ гардидани нақшаву стратегияҳои миёнамуҳлат марҳила ба марҳила таъмин шуда истодааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар самти аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар аллакай бунёди чандин иншоотҳои муҳимми стратегӣ ба анҷом расид. Пеш аз ҳама роҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи-Хумб-Хоруғ-Қулма ва Душанбе-Айнӣ-Бустон-Ҷанок мебошанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кишвари воҳид табдил дод. Дар маҷмӯъ зиёда аз 3000 км роҳ, 30 км нақб ва 90 км роҳи оҳан дар кишвар бунёд гардид. Бунёди иншоотҳои нави хурду бузурги гидроэнергетикӣ дар кишвар роҳи расидан ба истиқлоли энергетикиро таъмин намуд. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ гардид, ки аз 17 миллиард киловатт – соати соли 1991 ба 21 миллиард киловатт – соат дар соли 2019 афзоиш дода шуд. Ҳамчунин ба истифода додани ду агрегати НБО-и “Роғун” ва пурра ба истифода додани он дар ояндаи наздик Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои калонтарини содиркунандаи неруи барқ дар минтақа табдил хоҳад дод. Расидан ба истиқлоли энергетикӣ заминаи мусоидро барои саноатикунонии кишвар фароҳам овард. Агар дар соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда буд. Танҳо соли 2020–ум 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти афзоиши босуръати аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи таҳлилҳо рушди миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми солҳои 1997 – 2020–ум 7,3 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он дар ин давра 5 баробар афзоиш ёфтааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст ва дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ майдони боғу токзори кишвар ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудааст, ки нисбат ба соли 1991–ум 2,2 баробар зиёд мебошад.

 

Ҳамин тариқ, дар давоми 30-соли истиқлоли давлатӣ дар натиҷаи марҳила ба марҳила амалигардони ҳадафҳои стратегӣ ва рушди устувори ҷумҳурӣ, дастовардҳои назаррас дар таъмини рушди иқтисоди миллӣ ба даст омадаанд.

 

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: “…бо дарназардошти тағйирёбии вазъу талаботи бозори ҷаҳонӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ тараққӣ додани соҳаи саноат ва коркарди маҳсулоти он то ҳадди ниҳоӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин мебошад. Пешрафти ояндаи Тоҷикистон дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ гардида, ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф бо истифода аз технологияҳои муосири инноватсионӣ, баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва қобилияти рақобати маҳсулоти ватанӣ бисёр ҳам муҳим ва рӯзмарра мебошад…”

 

Комилбек Амид Ёрбек,

ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи

Академия, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсен

Похожие записи