ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ГЛОБАЛИИ ОБ

50876244878_376b12852d_c

Сарвари тоҷикон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди зиёиён, аҳли фарҳанг ва меҳнаткашони тамоми Тоҷикистон баромад карда, қайд намуданд, ки Тоҷикистон, алҳақ, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем. Ин суханони муқаддас бояд дастури ҳаррӯзаи зиндагонии мардуми Тоҷикистон бошад ва мо шукргузори он бошем.

 

Боиси ёдоварист, ки яке аз аввалин ташаббусҳои фарогири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоили об ин дар арсаи ҷаҳон эълон намудани соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза” буд, ки аз ҷониби Созмони Милали Мутаҳид дастгирӣ ва қабул шуд. Инчунин Пешвои миллат дар Сессияи 58-уми Созмони Милали Мутаҳид баромад карда аз соли 2005 то соли 2015-ум зери шиори Даҳсолаи амалиёт “Об барои ҳаёт”, ки ҷиҳати мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола таҳия гашта буд дар тамоми ҷомеъаи ҷаҳон эълон кард ва дастгирии миллионҳо одамони ҷаҳон гардид.

Пешвои миллат тезу тундшавии муносибатҳои давлатҳои дорои дарёҳои сарҳадгузар доштаро ба инобат гирифта бо ташабусси навабатӣ доир ба эълон намудани “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” (соли 2013) ба СММ муроҷиат намуд ва ин таклифи ӯ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дасгирӣ ёфт.

Бинбар гуфтаҳои боло даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бояд воситаи асосии кӯмак баҳри ҷорӣ карданӣ  ҳадафҳои стратегияи “Рушди устувор гардад”, ки амалӣ шудани он аз солҳои 2016 то 2030 дар назар дошта шудааст ва ин даҳсолаи нав дастовардҳои даҳсолаи сипаришударо боз мустаҳкам ва дучанд  карда, платформаи хуберо барои мутаҳҳид кардани талошҳои мо оид ба ҳалли проблемаҳои об дар давраи баъд аз соли 2015 муҳаё месозад.

Маҳз бо ҳамаи ин ташаббускориаш дар арсаи байналмилали Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ташаббускори асил дар фарогирӣ ва нақшагузорӣ доир ба ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф намудаанд. Интихоб гаштани ӯ ба ҳайати 15 нафараи узвияти “Панели сатҳи баланди ҷаҳон роҷеъ ба об” аз байни роҳбарони 193 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид далели он мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки чор ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб пазироӣ ёфт ва Маҷмаи Умумии СММ қатъномаҳои онро қабул намуд, ҳамаи ин бевосита талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат мебошад, ки яке аз дастовардҳои бузургтарини 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мо ифтихорманд, сарбаланд ва шукургузор аз онем, ки чунин Сарвари давлат дорем, ки бар мардуми шарифи Тоҷикистон сулҳу ваҳдат, озодӣ ва истиқлолият пазируфт, инчунин обрӯву эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ баланд бардошт.

 

Фарима НОДИЛШОЕВА,

магистранти Академия