ТОҶИКИСТОН: ИМКОНИЯТ ВА МАНФИАТИ ОБИЮ ИРРИГАТСИОНӢ

Гарм-Чашма_бассейн

Захира ва имконияти обию ирригатсионии кишвари мо дар самти табобатию солимгардонӣ дар минтақа бесобиқа унвон мешаванд. Заминаҳои ҳуқуқию иқтисодию иҷтимоӣ мавҷуд буда, бо истифода аз захираҳои нотакрори сарзамини биҳиштосои худ метавонем дар самти сайёҳии табобатию рекреатсионӣ Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои рушдкардаи олам табдил диҳем. Тамоми шароиту имконот мавҷуд аст, танҳо ғояҳои нав, истифодаи пурсамари захираҳо, омода намудани мутахассисон, тарғибу ташвиқ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ зарур мебошад.

 

Мавриди зикр аст, ки  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои солонаи худ таъкид намуданд, ки: “Тоҷикистони мо дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ, обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати кишварамон барои рушди соҳаи дорусозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо дар мавзеи обҳои шифобахш бисёр мувофиқ мебошад”. Ин нуқта сокинони кишварро рӯҳбаланд сохта, водор намуд, то дар рушди сайёҳии табобатӣ саҳмгузор бошанд.

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 200 чашмаи оби минералии шифобахш мавҷуд аст, ки аз он 71 – тоаш дорои оби гарм ва 43 – тоаш дорои оби хунук мебошанд. Табиати Тоҷикистон бо сабаби гуногунрангӣ ва мавҷудияти кӯҳҳову доманакӯҳҳо аз якчанд ҷиҳат хос буда, барои рӯйидани гиёҳҳои шифобахш шароити мусоид фароҳам аст. Захираи зиёди обҳои шифобахш, ки аз замини доманакӯҳҳо ба таври табиӣ ё сунъӣ фаввора зада мебароянд, аз ҳисоби сермаъдан будани қабатҳои замини кишвар қобилияти шифобахшӣ дошта, як қатори онҳо дар дунё нодиртарин ба  шумор мераванд.

 

Машҳуртарин чашмаҳои шифобахши Тоҷикистон чашмаҳои “Хоҷа Оби Гарм”, “Явроз”, “Оби Гарм”, “Шоҳамбарӣ”, “Гармчашма”, “Ҳавотоғ”, “Зумрад”, чашмаи “Бибӣ Фотимаи Заҳро”, “Авҷ”, “Ямчун” ва “Зонг” мебошанд, ки барои барқароркунии саломатии инсон манфиати зиёд доранд.

Оби чашмаи “Хоҷа Оби Гарм” дар баландии 1860-1900 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, ҳарорати он то ба +98 дараҷа мерасад. Қаламраве, ки аз он оби гарми маъданӣ-радиоактивӣ мебарояд, 4,5 гектарро ташкил дода, аз 20 нуқта оби чашма ҷорӣ мешавад. Аз чашмаҳои дорои обҳои ҳарораташон нисбатан баланд буғи гарм хориҷ мешавад, ки таркиби он дар қатори дигар унсурҳои кимиёвӣ элементи радон дорад. Чашмаи “Хоҷа Оби гарм” пас аз хушк шудани чашмаи ҳаммонанди худ дар Франсия имрӯз нотакрор ва ягона аст. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, дар осоишгоҳи мазкур бемориҳои дил, рагҳои хунгузар, сутунмуҳра, асаб, роҳи нафас, бемориҳои занона, гурда, узвҳои ҳозима ва дигар бемориҳо муолиҷа мегиранд.

 

Оби маъдании  шифобахши “Шоҳамбарӣ” муъҷизаи нотакрор буда, дар таркибаш 17 намуд элементҳои кимиёвӣ вуҷуд дорад ва барои бемориҳои узвҳои ҳозима, такягоҳ, асаб, касалиҳои пӯст, бемории қанд пешбинӣ шудааст.

 

Оби “Гарм-Чашма” бо ҳарорати гармии 59 дараҷа аз қаъри замин баромада, хусусияти табобатӣ дорад ва барои бемориҳои пӯст тавсия дода мешавад.

 

Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии кишвари маҳбубамон дар соҳаи об – “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

 

Мо бояд кӯшиши таъсири рӯзафзуни оқибатҳои тағйирёбии иқлимро ба вазъи корҳо дар самти расидан ба идораи устувори захираҳои об ҳамеша дар мадди назар дошта бошем.

 

Маълум аст, ки тағйироти глобалии иқлим ба ҳаҷми захираҳои оби нӯшокии тоза ва сифати он таъсири манфӣ расонида, кишварҳо ва минтақаҳои мухталифи оламро ба вазъи ташвишовари экологӣ дучор месозанд.

 

Дар баробари ин, бар асари зиёд шудани аҳолӣ дар минтақаи мо ва умуман, дар сатҳи глобалӣ, талабот ба захираҳои об босуръат афзоиш меёбад. Ин ду омил дар назди мо вазифаҳои нави маҷмӯиро мегузорад.

 

Зимнан, ёдовар мешавем, ки сиёсати кишварамон дар соҳаи об, дар айни замон, ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ низ нигаронида шудааст.

 

Тибқи нишондиҳандаҳо кишвари мо захираҳои бузурги оби нӯшокиамонро ба манфиати минтақа мавриди баҳрабардорӣ равона мегардонад.

 

Истифодаи оқилонаи танҳо захираҳои нодири кӯли баландкӯҳи Сарез, ки 17 миллиард метри мукаабро дар бар мегирад, имкони таъмини дарозмуддату устувори аҳолии минтақаи моро бо оби босифати нӯшокӣ медиҳад.

 

Аҳлидин КАСИРОВ,

магистранти Академия

Похожие записи