ТУРИЗМ – ОМИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ

2843665_900

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон  яке аз соҳаҳои муҳимми рушди иқтисоди кишвар ба ҳисоб меравад. Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ босуръат рушд карда истодааст. Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Бо дарназардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.

 

Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҳамасола ҳузури сайёҳони хориҷӣ ба қаламрави Тоҷикистон бештару бештар гардида истодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ эътироф гардида, ин имкон фароҳам овардааст, ки Тоҷикистон ва минтақаҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии он дар китоби харитаи сайёҳии ҷаҳон ворид гардад ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ин ҳама минтақаҳои дорои аҳамияти сайёҳиву кӯҳҳои баланду обҳои мусаффо ва сокинони меҳмоннавозу башардӯсташ ҷаҳониён мешиносанд.

 

Рушди соҳаи сайёҳи барои барои иқтисодиёти кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

 

Таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи сайёҳӣ ба кишварҳое равона гардидааст, ки мероси бойю пурғановати фарҳангиву таърихӣ ва табиӣ, инфрасохтори рушдкардаи сайёҳӣ доранд. Таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба омӯзиш, ҳифз ва эҳёи мероси фарҳангӣ, табиӣ ва таърихӣ, азхудкунии ҳарчи бештари онҳо ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа метавонад, сайёҳиро ба яке аз манбаъҳои боэътимоди даромади миллӣ табдил диҳад.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳудудҳои нодири фарҳангиву таърихӣ ва табиӣ, аз қабили шаҳрҳои қадима, шаҳракҳо ва маҷмааҳои меъмориву таърихӣ, мавзеъҳои нодири таърихӣ ва табиӣ, обҳои шифобахш, олами нотакрори наботот ва ҳайвонот буда, миёни кишварҳои ҷаҳон бо таърихи куҳанбунёд, мардуми тамаддунсоз ва ҷойгиршави ҷуғрофӣ ба куллӣ фарқ мекунад ва барои равнақ додани намудҳои гуногуни сайёҳӣ мусоидат менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои нотакрори табиию фароғати барои эҳё ва рушди минбаъдаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат шароити мусоид фароҳам меоварад.

 

Дар бештар кишварҳо сайёҳӣ дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши муҳим бозида, ба инкишофи соҳаҳои мухталиф, аз қабили нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвари иқтидори воқеӣ дорад. Ҳукумати мамлакат якҷоя бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳа ва истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор ва омода намудани кадрҳои болаёқатро дар ин самт таъмин кардаистодаанд. Ҷиҳати бо суръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар воридоти таҷҳизоту маводи сохтмони иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд.

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр ҷойҳои табобати мавҷуд аст. Бисёре аз сайёҳон ба мақсади табобату истироҳат ба осоишгоҳҳо мераванд. Дар айни ҳол дар осоишгоҳҳои Ҳавотоғ, Хоҷаобигарм, Шоҳамбарӣ, Зумрад, Яроз, Оби гарм, Чилучорчашма, Гармчашма, ки оби гарму хунуки минералӣ доранд, садҳо сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ истироҳат мекунанд.

 

Инчунин дар Тоҷикистон ҷойҳои таърихӣ бениҳоят зиёд мебошад. Қалъаи Ҳисор, мадрасаи Хоҷа Машҳад, Қалъаи Муғ, масҷиди Сари Мазор, масҷиди Кӯк–Гумбаз, мадрасаи Хоҷа Абдулатиф, масҷиди Шайх Муслиҳиддин, масҷиди Ҳазрати Шоҳ ва ғайраҳо беҳтарин ёдгориҳои таърихӣ маҳсуб меёбанд. Ёдгориҳои таърихӣ дар водии Ҳисор, Паҷакент, Кӯлоб, Истаравшан ва Хуҷанд бениҳоят зиёд мебошад.

 

Ҳунарҳои мардумӣ аз қадимулайём дар байни халқи мо инкишоф ёфта, оммавӣ гаштааст. Хушбахтона, имрӯз барои ҳунармандон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои зиёде фароҳам оварда шудааст. Гузаронидани озмуну фестивалҳо ва намоиши беҳтарин намунаҳои ҳунармандӣ барои ҳунармандон имконият медиҳад, ки истеъдоди хешро муаррифӣ карда тавонанд.

 

Инкишофи туризм ва меҳмоннавозӣ дар шароити муосир бо захираҳои табиӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва захираҳои меҳнатӣ асос ёфтааст. Чунончи, Сарвари давлат қайд намудаанд: “Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифат, меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад”.

 

Майсара АХМЕДОВА,

магистранти Академия

Похожие записи