Устодону донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатӣ: “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум овоз медиҳем”

изображение_viber_2020-03-01_09-42-21

Дар участкаи интихоботии рақами 21, воқеъ дар кӯчаи Саид Носир ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ низ чун дар дигар участкаҳои интихоботии ҳудуди ноҳия интихобот тибқи қонун ва меъёрҳои муқарраргардида ҷараён дорад.
Субҳи барвақт Устодон, кормандон, донишҷӯёну магистрантоне, ки дар хобгоҳи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд инчунин, дигар интихобкунадагони ҳудуди ҳавза ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шуда, пас аз садо додани Суруди миллӣ бо эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуда, ба ҷонибдории номзадҳои арзанда овоз доданд.

Дар участкаи мазкур тибқи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба интихобот тамоми меъёрҳои муқарраргардида роҳандозӣ шудаанд. Бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати дар сатҳи баланд гузарондани интихоботи парлумонӣ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди кишвар 46 ҳавзаи интихоботӣ инчунин, дар 30 давлати ҷаҳон 39 участкаи интихобот ташкил карда шудааст, ки рафти онро зиёда аз 230 нафар нозири байналмилалӣ мушоҳида мекунанд

 Тибқи таҳлили коршиносони сатҳи байналмилалӣ интихобот роҳи аз ҳама беш интишорёфтаи иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии давлат буда, ҳамзамон дар ҷомеаи муосир ҳамчун низоми аз ҳама бештар демократии ташаккули сохторҳои роҳбарӣ ва идоракунии давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, табиист, ки ҳуқуқ ба ширкат дар интихобот, яъне интихоб намудан ва ё интихоб шудан аз ҳуқуқҳои волотарини ҳар як фарди ҷомеа шинохта шудааст. Дар баробари ин, таъмини иштироки фаъоли шаҳрвандон дар интихобот яке аз ҳадафҳои асосии кишвар мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар участкаи интихоботии рақами 21 чор нафар номзад ба қайд гирифта шудаанд, ки Рустами Эмомалӣ аз ҷониби ҲХДТ ва 3 нафари дигар тавассути худпешбарӣ сабти ном шудаанд. Ҳамаи номзадҳо дар давраи таблиғотӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо доир намуда, барномаҳои худро муаррифӣ карда буданд.

Мавриди зикри хос аст, ки дар интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар асоси принсипҳои демократӣ номзадҳо аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Демократи Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҳизби Сосиал-Демократи Тоҷикистон иштирок доранд.

Похожие записи