Бозода Одилҷони Олимҷон
Декани факултет
Тел.: (+992)
E-mail: tahsiloti-2@mail.ru
Факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбӣ соли 2020 дар сохтори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбӣ мутахассисонро дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ омода менамояд. Дар факултет донишҷӯён дар зинаҳои таҳсилоти бакалавр ва мутахассис ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Дар зинаи таҳсилоти дуюми олии касбии факултет донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои зерин таҳсил менамоянд:
- Идораи давлатӣ;
- Идораи далатӣ ва ҳуқуқ;
- Идоракунии ҳайати кадрӣ;
- Менеҷменти сиёсӣ.
Дар зинаи таҳсилоти фосилавии факултет донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои зерин таҳсил менамоянд:
- Идораи давлатӣ;
- Идораи давлатӣ ва иқтисодиёт;
- Идораи мақомоти маҳаллӣ;
- Идоракунии ҳайати кадрӣ;
- Менеҷменти молиявӣ;
- Менеҷменти сиёсӣ;
- Сиёсат ва идораи давлатӣ;
- Муносибатҳои байналмилалӣ.