ФАРИШТАИ ҲАЁТ ВА ҲОМИИ ЗИНДАГИИ БАШАРИЯТ

сафарова

Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Баҳори некпай бо ҷашни зебои меҳрофарини Рӯзи Модар муждаи рӯзи наву паймони тозаро меорад, ки ин беҳтарин ҳадя ва меҳру ихлосу эҳтиром ба Модар аст. Аз баҳоре ба баҳори дигар расидан давлати бузургест.

 

Дар Тоҷикистони азиз боз фасли баҳор фаро расид, фасле ки саршор аз шодиву нишон ва ҷашну идҳост. Рӯзи Модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои Модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад. Зан – Модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад. Модар оғози зиндагӣ, олами эъҷоз, меҳвари умр ва маъбади меҳру вафост. Меҳри Модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад. Яъне, бӯи биҳиштии Модар ва лаззати шири поку сафедаш аз машоми фарзанд ҳаргиз фаромӯш намегардад.

 

Шуруъ аз соли 2009 мардуми шарифи Точикистон бо фармони Президенти мамлакат 8 мартро ҳамчун “Рӯзи Модар” таҷлил мекунанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 дар Паёми худ ба муносибати 8 март дар бораи аҳамияти он чунин гуфт: «Рӯзи Модар эълон гардидани ин санна дар кишвари мо ҳаргиз амри тасодуфӣ нест, балки иқдомест, ба суннату анънаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад. Албатта, барои ҳар як миллат ва ҳар як шахси бонангу номус ҳар рӯз рӯзи модар аст. Лекин мо ин рӯзро махсус чунин ном ниҳодем, ки эҳтирому арҷгузории хоссаи худро ба бузургӣ ва азамати модарони поксиришти хешофарандагони зиндагӣ ва сарчашмаи ҳаёти наслҳо собит созем. Зеро ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шаборӯзии Модар аст. Яъне дунё дар домони биҳиштии Модар парвариш меёбад ва аз ин ру, башарият ҳамеша аз ӯ сипосгузор мебошад”.

 

Инсон баъд аз раҳо гаштан аз оғуши гарми Модар қимати ӯро дарк мекунад. Зеро мисли канори модар биҳиштосо маънои дигаре нест. Барҳақ шоири зиндаёд Лоик фармудааст:

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,

Чун ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.

 

Модар бузургтарин офаридаест, ки Худованд ба инсон ато намудааст. Суханҳои гуҳаррезу пур аз меҳри Модар инсонро ба зиндагӣ дилгарм месозанд. Ҳусну зебоӣ, лутфу меҳрубонӣ, бузургдиливу сарсупурдагии ӯ ҷиҳати амну субот, оромиву рушд, рисолати офаридгорӣ аз сифатҳоест, ки аз зан ба аҳли башар расидааст. Пешрафту тараққиёт, шукуфоиву зебоии ҷомеаро бе ширкату нақши Зан-Модар тасаввур кардан амрест маҳол. Дар яке аз паёмҳои худ Сарвари давлат қайд кардааст: “Сухани пурҳикмату таъсирбахши занону модарони бомаърифат қудрате дорад, ки каҷравонро ба роҳи рост, ҷинояткоронро ба адлу инсоф, хиёнаткоронро ба сидқу сафо, ношукру носипосонро ба фурутаниву шикастанафсӣ роҳнамун месозад”.

 

Маҳз модари тоҷик ҳазорон нафар фарзанди фарзона ва бонангу номусу ҷасуру ватандӯстро  ба дунё оварда, дар домони худ парварда, ба камол расонида, барои хидмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардааст. Бузурге фармудааст: “Агар мехоҳед андозаи тамаддун ва пешравии миллатро бидонед, ба занони он миллат нигаред”. Агар Модар набуд, пас одаму олам набуд ва рӯзгор маънӣ надошт. Зан бузургтарин шоҳкории офариниши олам аст. Ишқу муҳаббат ва хушии рӯзгору лаззати маҳбубиятро танҳо дар мавҷудияту ҳастии Зан- Модар метавон дарёфт. Тавре шоир Ҳақдод Рашидӣ фармудааст:

Аз ту, модар, ибтидо ёбад ҷаҳону зиндагӣ,

Бе ту набвад равнақе дар бӯстони зиндагӣ.

 

Боиси хушнудӣ ва сарфарозии мо бонувон аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари соҳибистиқлол гаштани давлатамон аз қадамҳои нахустини фаъолияташ ба ҳайси роҳбари давлат новобаста аз мушкилиҳои сиёсию иқтисодӣ ва масъалаҳои муҳимми давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори Зан-Модар дар ҷомеаи навин барои фаъолияти васеи бонувони кишвар дар соҳаҳои мухталиф шароити мусоид фароҳам оварданд. Занону бонувони мо имрӯз дар рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ба хусус тарбияи насли наврас монда нашуда, заҳмат мекашанд. Онҳо инчунин тарбияи фарзандони хушахлоқу бомаърифат ва донишмандро рисолати азалии хеш медонанд.

 

Бо фараҳмандӣ ва рӯҳбаландӣ метавон гуфт, ки саодат ва хушбахтии бузурге насиби бонувони кишвар гашта, ки онҳо имрӯз дар ҳама самтҳо фаъолият намуда, дар пешрафт, тараққиёт ва боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон саҳми арзишманд мегузоранд, рисолати худро дар назди Ватану миллати хеш сарбаландона иҷро менамоянд. Бузургии Зан-Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ посдори забон ва таъриху фарҳанги миллӣ мебошад. Ин масъулияти бузург модарону бонувони моро водор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти ҷисмонии фарзандон, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия намоянд. Зеро нақши Зан-Модар  махсусан, дар раванди таълиму тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг ва умуман, камолоти маънавии фарзанд барҷаста мебошад.

 

Сарвари давлатамон борҳо дар вохӯрию мулоқотҳояш бо ҷавонону зиёиёни кишвар эҳтиром ва қадршиносии модаронро вазифаи муқаддаси ҷавонону наврасон дониста таъкид доштанд, ки: “Агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас Зан – Модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст”.

 

Муҳимтарин вазифа ва масъулияте, ки дар назди мо бонувон меистад, ин пеш аз ҳама тарбияи ахлоқии фарзандон мебошад. Зани тоҷик бо шарофати ғамхориҳои беназири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви комилҳуқуқи ҷомеа мебошад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифзи саломатии модарон, баланд бардошатни сатҳи маҳрифатнокии онҳо тадбирҳои судмандро амалӣ гардонид, ки ин барои боз ҳам ба тадриҷ баланд гардидани сатҳи некуаҳволии занон мусоидат менамояд. Имрӯз садҳо нафар занону ҷавондухтарони соҳибистеъдоду болаёқат дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва пурмасъули хизмати давлатӣ, аз ҷумла дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, хадамоту саридораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаю коргоҳҳо, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва ғайраҳо фаъолияти пурсамар доранд.

 

Рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст. Зан-Модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯйи олам аст. Донистани қадру қимати Зан-Модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар фарди баору номус аст. Аз нақши бузурги Зан- Модар дар саҳнаи зиндагӣ на танҳо адибону шоирону файласуфон ёд кардаанд, балки онҳое, ки саҳнаи набардҳои азимеро тарҳрезӣ мекарданду барои кишваркушоӣ кӯшиш мекарданд, саранҷом аз бузургии Зан-Модар ёд карда, пеши азамати ӯ сари таъзим фуруд овардаанд:

Хизмати модар намудан қарзи ҳар кас будааст

Хизматаш ҳар кас накард номарду нокас будааст

 

Модарон арзандаи ҳама гуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро, меҳрубонтарин инсонҳои рӯйи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшандаанд. Навозишҳои дастони Модар беҳтарин истироҳат аст барои фарзанд, новобаста ба синну сол.

 

Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, пас ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии Зан – Модар вобаста аст. Мо ифтихор мекунем, ки Модари тоҷик дар тӯли тамоми таърих тарбиятгари фарзандони нобиғаву хирадманд, солеҳу поктинат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда будааст ва ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ бо иффату шараф идома мебахшад:

Ҳеҷ шоир мисли модар ин қадар бедор нест

Дар сари гаҳвораи шеъраш чунин афгор нест.

Ҳаст ҳар як сатри шоир қатрае аз хуни дил

Ҳамчунон модар, вале ӯро дили хунбор нест.

 

Ҳамду сано ба Зан-Модар, ки муҳаббати ӯ интиҳо надорад ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои ӯст.  Зиҳӣ Модар, бо чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки бузургони олам пешаш сар фуруд меоранд. Шоир бар ҳақ гуфтааст:

Пеши оҳи модарам тӯфони уқёнус ҳеҷ,

Пеши сӯзи модарам сӯзи дусад фонус ҳеҷ.

Як дуои модарам аз ганҷи Қорун беҳтар аст,

Пеши як пандаш ҳазорон панди Кайковус ҳеҷ.

Гар надонам қадри ӯро пеши Ҳақ шармандаам,

Чун ҷавонмарде маро сад даъвии номус ҳеҷ.

Бо ризояш дар кушояд ҷаннати поки Худо,

Бе ризояш дар ҷаҳаннам ҳасрату афсӯс ҳеҷ.

 

Рухшона САФАРОВА,

ходими хурди Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ,

дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии  Академия

Похожие записи