ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «САРВАР» НАТИҶАГИРӢ  КАРДА ШУД

асоси

Имрӯз, 19 январи соли 2021 фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии “Сарвар”-и ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ, ки дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда истодааст, натиҷагирӣ карда шуд.

 

Дар ҷамъбасти солона Абдухалил Ғафурзода – Раиси ташкилоти ибтидоии «Сарвар»-и ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Абдураҳмон Хонзода – роҳбари дастгоҳи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Иброҳим Мирзозода – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Ҷумахон Ҷурахонзода – муовин-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, инчунин фаъолони ҳизб аз Академия иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

 

Нахуст, Абдухалил Ғафурзода, меҳмоноyро ба Академия хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки соли 2020 ташкилоти ибтидоии «Сарвар» дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд.

 

Дар давраи ҳисоботӣ шумораи умумии аъзоёни ташкилоти ибтидоии «Сарвар» 449 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 205 нафар кормандону устодон ва 247 нафар донишҷӯён мебошанд. Соли 2020 устодону кормандони Академия дар маъракаҳои муҳимми сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ фаъолона иштирок намуданд. Ҳамчунин, дар Академия бо ҷалби омӯзгорони ботаҷриба дарсҳои сиёсиро тибқи нақшаи тасдиқгардида, ба роҳ монда, сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ-ро ба ҳар як донишҷӯ, магистрант ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ расониданд. Ташкилоти ибтидоии “Сарвар” дастуру ҳидоятҳо ва вазифаҳои дар паёмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ овардашударо, сармашқи кори худ қарор дода, фаъолияти босифату натиҷадиҳандаро пеш бурда истодааст» – иброз дошт Ғафурзода А.Д.

 

 

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки ҷиҳати таблиғу ташвиқи ҲХДТ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 бо ҷалби васеъи кормандону устодон ва магистрантону донишҷӯён чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангӣ ва тарбиявӣ-маърифатӣ ташкил ва баргузор гардид.

 

Гуфта шуд, ки дар соли сипаришуда Ректори Академия Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахси боэътимоди номзад аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардида, дар арафаи интихобот дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо сокинон вохӯриҳо анҷом доданд. Инчунин, Соибов Зайниддин Маҳмадшарифович – декани факултети идоракунии давлатӣ, Қодирзода Далер Сайфулло – декани факултети дипломатия ва сиёсат, Соҳибов Муҳаммадҷон дотсенти Академия ба ҳайси коршиноси Комиссияи марказии интихобот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, вазорату идораҳои, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дар шабакаҳои телевизионию радиоӣ  ва дар рӯзномаҳо вобаста ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадҳо намудаанд.

 

Дар охири суханронии хеш Раиси ташкилоти ибтидоии «Сарвар» -и ҲХДТ  Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ иброз дошт, ки дар соли 2021 ташкилоти ибтидоии «Сарвар»-и ҲХДТ кӯшиш намуда истодааст, ки тибқи талаботҳои ҲХДТ ба Кумитаи ташкилоти ибтидоии «Сарвар» табдил ёфта, ҳама дастуру супоришҳо ва Фармонҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ-ро сарбаландона иҷро намоянд.

 

Ҳамчунин роҳбари дастгоҳи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода миннатдории Роҳбарияти Олии ҲХДТ – ро ба раёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва дигар чорабиҳои ҳизбӣ расонд.

 

 

Таъкид гардид, ки ташкилоти ибтидоии «Сарвар» дар миёни муассисаҳои олии кишвар яке аз фаъолтарин ташкилотҳо ба ҳисоб рафта, аъзоёни он пайваста дар тарғибу ташвиқи идеологияи ҳизб саҳмгузоранд.

 

 

Намояндагони дастгоҳи марказии ҳизб баъди шунида ҳисоботи солонаи ташкилоти ибтидоии «Сарвар» фаъолияти онро қаноатманд арзёбӣ карданд.

 

Дар охири чорабинӣ ба нафарони наваъзошуда дафтарчаҳои ҳизбӣ ва фаъолон бо Ифтихорнома ва Сипоснома қадрдонӣ гардидаанд.

 

 

Аксҳо

Похожие записи