ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ-ФУРУҒИ ТОҶИКИСТОН АСТ

photo_2021-02-11_15-44-15

Фурӯғи коинот аз Офтоб аст,

Фурӯғи одамият аз китоб аст!

 

Дар тамоми давру замон аҳли зиё барои соҳибмаърифат кардани ҷомеа кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода, мардумро ба самти нуру равшанӣ ва саодату некномӣ раҳнамоӣ кардаанд. Зеро онҳо хуб дарк менамуданд, ки танҳо илму маърифат ва донишу фазилати баланди инсонӣ, метавонад ҷомеаро аз вартаи ҳалокату нестӣ раҳонида, онро ба самти гулгулшукуфоӣ ва пешрафту ободкорӣ ҳидоят намояд.

 

Миллати тоҷик аз қадимулайём миллати фарҳангӣ, китобхону китобдӯстдор буда, адабиёти пурғановати беш аз ҳазорсолаи он шаҳодати ин гуфтаҳост. Маҳз китобхониву китобдорӣ ва муҳити мусоиди адабӣ имконият дода, ки ин миллат фарзонафарзандонеро ба арсаи таърих ворид бисозад, ки натанҳо барои фарҳанги миллии ӯ, балки баҳри пешрафти илму фарҳанги ҷаҳонӣ нақши бориз ва ҳалкунандаро иҷро намояд.

Дар адабиёти ҳазорсолаи миллати тоҷик шоирону адибони номвару мондагореро амсоли Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Носири Хисрав, Саъдиву Ҳофиз, Мавлоно Ҷалолиддини Балхиву Абдураҳмони Ҷомӣ, Низомии Ганҷавию Ҳоқонии Шервонӣ, Саидои Насафиву Соиби Табрезӣ, Амир Хусрави Деҳлавиву Мирзо Абулқодири Бедил, Шамсиддини Шоҳину Аҳмади Дониш ва ҳазорҳои дигар кохи нуру зиёи илму адаби тоҷикро бо дурдонаҳои эҷодиёти хеш муҷаллову назаррабо намудаанд. Вале, суоле ба миён меояд, ки чӣ тавр як миллат тавонистааст, ки ин қадар нобиғагони илму адабро тавлид кардаву ба ҷаҳониён муаррифӣ бисозад?

Ҳар шахс ба суоли мазкур ба таври худ посух мегӯяд, вале ба андешаи мо омили асосии ҳамаи ин пирӯзию бурдбории ин миллат дар илму адаб ва фарҳанг ин маҳз китобхону китобдӯст будани миллати тоҷик аст. Маҳз меҳри зиёд ба китоб ва китобхонӣ сабаб шуда, ки ин қадар адибону олимони номвар ва мондагор маҳз аз ин миллат тавлид шавад. Шояд сабаби асосӣ он аст, ки модари тоҷик дар дарозои пуршебу фарози таърихӣ сараввал худ ба талаби илму адаб ва китобхониву китобдорӣ шавқу завқ ва хоҳиши беандоза бузург доштааст ва ин завқияту хоҳишро дар тинати фарзандони худ тарбият бинмудааст. Китоб барои ин миллати фарҳангӣ то ба сатҳе арзишманд будааст, ки онро “аниси кунҷи танҳоӣ” ва фурӯғи субҳи доноӣ” номидааст. Чӣ тавре ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ фармуда:

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ омӯзиши илму донишро шарти зарурии мавҷудият ва пешрафти ҷомеа дониста, онро дар дарозои таърих унсури муҳим ва ҳатмие ҳисобидааст, ки инсоният ба он дар тамоми давру замон ниёзманду муҳтоҷ мебошад ва илму дониш “чароғи равшани дил” ва “ҷавшани тан” барои инсон аст:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Ва ё ҳаким Фирдавсӣ донишмандии шахсро бо тавонмандии ӯ тавъам дониста, шахсеро тавоно шуморидааст, ки доност:

Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,

Зи дониш дили пир барно бувад.

Аз гуфтаҳои боло баръало намудор аст, ки барои аҷдодони тоҷик, хосатан бузургони ин миллат илму маърифат ва донишу хирад рукни муҳими ҷомеаи башариро ташкил медиҳад.

Вале, мутаассифона, дар натиҷаи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ ва оқибатҳои харобиовари он ҷомеа ба як навъ буҳрони фарҳангиву ахлоқӣ рӯбарӯ гардида, афроди он аз китобхониву донишандӯзӣ, хосатан мутолиаи китобҳои гаронарзиши адабии ин адабиёти пурғановат дур монда буд. Ин вазъияти ташвишоварро дуруст дарк намуда, бо ташаббуси Ҳукумати кишвар, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дубора бедор кардани шавқу завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ тӯли ду сол аст, ки дар кишвар озмуни ҷумҳуриявии “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” эълон ва баргузор гардида истодааст.

Озмуни мазкур бори аввал дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар соли 2018 эълон гардид ва бо ҳамин барои чунин як сабқати бемисли бузурги маънавӣ дар мамлакат асос гузошт. Дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси олӣ, ки санаи 26.01.2021 ироа гардид, ба озмуни “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” низ диққати махсус равона гардида, Пешвои миллат барои боз ҳам беҳтару хубтар баргузор гардидани ин сабқати маърифативу фарҳангӣ ба масъулин супоришҳои заруриро доданд ва таъкид намуданд, ки ҷиҳати ҳамаҷиҳата ҳавасманд намудани иштирокчиёну ғолибони озмун, устодон ва волидайни онҳо чораҳои зарурии таъхирнопазир андешида шаванд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” дар соли 2020 аз рӯйи панҷ номинатсия (адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳон ва номинтсияи шоирӣ) ва се бахши синнусолӣ тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) баргузор гардида, тамоми аҳолии кишваррро аз ҳама гӯшаю канори он фаро гирифт.

Ба назари мо озмуни мазкур ду рисолати бисёр бузургро адо менамояд: Якум, ҳамаи афроди кишваррро новобаста ба сину сол, касбу кор ва мансубияти қишриву табақавӣ ва ҳатто милливу этникӣ, фаро мегирад ва дар дили онҳо меҳру муҳаббатро нисбат ба китобу китобхонӣ афзун менамояд. Дуюм, аз байни ҷомеа ашхосеро, ки  ба китобхониву донишандӯзӣ шавқу завқи баланд доранд сарачинӣ намуда, онҳоро ба кулли ҷомеа муаррифӣ менамояд, ки метавонанд барои рушди имрӯзу ояндаи давлату кишвар саҳми назарраси худро гузошта бошанд.

Бояд қайд намоем, ки озмуни мазкур натиҷаи хуб ба бор оварда, аксуламали мусбиро аз ҷониби аҳли ҷомеа ба миён овард ва тавонист ин миллати соҳибмаърифату фарҳангиро дубора ба асолати хеш – китобхониву донишандӯзӣ ҳидоят намояд. Ҳазорон нафар аз тамоми гӯшаву канори кишвар рӯй ба китобхонӣ оварданд, ки ин ҳолат барои ташаккули ҷомеаи бомаърифат ва адабӣ кӯмак ва мусоидат хоҳад кард.

Дар давоми ду соли баргузории озмун мо шоҳиди садҳо истеъдодҳои нави суханвару сухандон ва соҳибмаърифату заковатманд гардидем ва дарёфтем, ки он аз ҷониби аҳли ҷомеа дар сатҳи бисёр хуб истиқбол гардид. Давоми ду ҳафтае, ки даври ниҳоии озмун дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, тамоми афроди ҷомеа новобаста ба он ки иштирокчии озмун буданд ва ё набуданд, новобаста ба он ки байни  иштирокчиён одами ба онҳо ошно буд ё набуд, ҳама якдилона аз озмуни мазкур мухлисиву пазироӣ мекарданд.

Мо аминем, ки озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявие амсоли “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”, “ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” ва озмуни навэълонгардидаи “ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” барои таҳкими ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва фарҳанги техникии афроди ҷомеа нақши муассиру созанда дошта, метавонад баҳри ташаккули ҷомеаи фарҳангӣ ва соҳибмаърифати мутамаддин мусоидат намояд.

 

Шоҳрух Ҳамидов,

муовини декан оид ба корҳои

тарбиявии факултети идоракунии давлатӣ

 

 

 

Похожие записи