ХАЗИНАИ ИМКОНИЯТҲО

IMG_0895

Шароити кунунии ҷаҳони муосир ва вазъияти бавуҷудомадаи амниятиву иқтисодӣ дар кишварҳои бузург онҳоро водор менамояд, ки барои ҷустуҷӯи заминаҳои нав, бозорҳои арзони ашёи хом ва захираҳои коркарднашудаи табиӣ минтақаҳои навро ҷустуҷӯ намоянд.

 

Осиёи Марказӣ давоми се даҳсолаи охир ба минтақаи асосии муборизаҳои гоҳо кушодаву гоҳо пасипардагии қудратҳои бузургтарини ҷаҳон табдил ёфтааст. Осиёи Марказӣ аз зумраи минтақаҳое ба шумор меравад, ки дар маркази диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус кишварҳои абарқудрати сайёра қарор дорад. Ба қавле касе ба сӯйи минтақа нигоҳи амиқе зоҳир кунад, дар он манфиат ва ё фоидаи худро дарёфта метавонад. Осиёи Марказӣ аз замонҳои ибтидоӣ ва бахусус баъди пайдо шудани илми геополитика ва минтақаҳое бо номи ҳартленд ва римленд ба минтақаи муҳимми геостратегӣ табдил ёфт.

Ба қавли Фулвио Мартушиелло, сарвари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, “минтақаи Осиёи Марказӣ минтақаи хазинаи имкониятҳо” ба шумор меравад. Дар баробари ин қайд кардан зарур аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ заминаи захираҳои бойи табиӣ ба шумор мераванд ва дар ҳудуди ин мамлакатҳо ҳама намуди сарватҳои табиӣ ёфт мешавад. Аммо имконоти номусоиди роҳу нақлиёт ва давоми солҳо дар ҳудуди кишварҳои сотсиалистӣ қарор доштани минтақа боис ба он гаштааст, ки омӯзиши иқтидору имконоти минтақа ба таври мукаммал анҷом наёфтааст. Минтақаи Осиёи Марказӣ то ҳол дорои имконоте мебошад, ки ба рӯйи ҷомеаи ҷаҳон боз нагаштааст ва қисмати зиёде аз қудратҳои ҷаҳониро маҳз ҳамин масъала ба худ ҷалб менамояд.

Масъалаи дигаре, ки имрӯз мавриди назари қудратҳои ҷаҳонӣ қарор гирифтааст, ин масъалаи амният ва суботи сиёсии минтақа ба шумор меравад. Маҳз ҳамин мавзуъ боиси он гаштааст, ки кишварҳои гуногуни ҷаҳон аз қабили ИМА, Россия, Чин ва дигарҳо ба минтақа ворид гаштаву пайи бароварда кардани хоҳишҳои худ мекӯшанд.

Дар ин раванд барои кишварҳои минтақа масъалаи Афғонистон низ аз зумраи масъалаҳои калидӣ ба шумор рафта, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи тарҳҳои гуногун қудратҳои ҷаҳониро маҳз ба ҳалли масъалаи мазкур, ки ҳам ба амният ва ҳам ба суботу осоиштагии минтақа таҳдиди воқеӣ ворид менамояд, даъват менамоянд.

Хусусиятҳои хос, шароити хуби рушди иқтисодиву сайёҳӣ ва захираҳои бойи табиии минтақа боиси он гаштааст, ки давоми зиёда аз сӣ соли соҳибистиқлолии кишварҳои он қудратҳои ҷаҳонӣ ба вуҷуд овардани механизми самараноки ҳамгироии минтақавӣ муқобилият нишон медиҳанд.

Дар айни ҳол асосан дар минтақа манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ ба мисли ИМА, Россия, Чин, Туркия, Ҳиндустон, Покистон ва Иттиҳоди Аврупо ба назар мерасад ва маҳз ҳамин кишварҳо барои ҳукмронӣ дар минтақа талош меварзанд.

Масъалаҳое, ки қудратҳои гуногуни ҷаҳонӣ барои дарёфти манфиат дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубориза мебаранд, гуногун мебошад. Дар рафти муборизаи мазкур манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ гоҳо ба ҳамдигар мухолиф ва ба ҳамдигар мувофиқ меояд.

Муҳимтарин имконоти Осиёи Марказӣ, ки кишварҳои гуногуни қудратманди сайёраро ба худ ҷалб намудааст, метавон чунин гуруҳбандӣ намуд:

  • аз захираҳои гуногуни табиӣ ва бахусус захираҳои умуман истифоданашуда бой будани минтақа;
  • иқтидори бузурги энергетикӣ ва сатҳу сифату нархи маҳсулоти энергетикии истеҳсолшаванда дар минтақа;
  • мавҷуд будани бозори эҳтиёҷманд дар минтақа ва рақобатнопазир будани маҳсулотҳои дар минтақа истеҳсолшаванда;
  • дар ҳамсоягӣ ва наздикӣ қарор доштани баъзе аз кишварҳои минтақа (Чин, Ҳиндустон, Покистон, Туркия), ки хароҷоти гуногуни нақлиётиро кам мекунад;
  • шароити ноустувори амнияти ва фазои хаос дар минтақа;
  • мавҷуд будани масъалаҳои зиёди марзию маъмурӣ миёни кишварҳои минтақа, ки омили бавуҷудоии низоъҳои мусаллаҳона мегарданд;
  • дар кишварҳо устувор набудани суботи сиёсӣ ва зуд-зуд дар натиҷаи инқилобҳо иваз гардидани ҳокимият дар баъзе кишварҳои минтақа (Қирғизистон)/

Рақобати қудратҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳама ҳолат ба амнияти минтақавӣ таҳдид аст. Бахусус дар шароити муосир, ки дар гӯшаву канори гуногуни ҷаҳон ҷангҳо идома доранд, ҳалли масъалаи рақобати қудратҳо дар Осиёи Марказӣ бо роҳи мусолиҳатомез боиси осоиштагии минтақа хоҳад буд.

Дар шароити мазкур роҳи муҳимтарин ва заруртарин барои раҳоӣ ёфтан аз рақобати қудратҳои сиёсӣ дар минтақа ин бунёди низоми минтақавии ҳамгироӣ ба шумор меравад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо бо бунёди ниҳоди боломиллии минтақавӣ, ки фаъолияти густурдаро соҳиб бошад, метавонанд роҳи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии худро соҳиб гарданд.

Новобаста ба ҳамаи мушкилоти мавҷуда қайд кардан зарур аст, ки минтақаи мазкур дорои иқтидору имконоти бениҳоят зиёду фаровон буда, метавонад дар ояндаи наздик бо амалӣ намудани нақшаҳои рушди худ ба ҳадафҳои дар пешгузоштааш бирасад.

Азимҷон ХОЛМУРОДОВ

донишҷӯи факултети дипломатия ва сиёсати Академия

Похожие записи