ХИТОБ БА ХОИНОНИ МИЛЛАТ!

Таърих гувоҳ аст, ки маҳз шумо, хоинони дарбадар, миллати тоҷикро пароканда карда, ба вартаи нестӣ кашонидед. Мардумро ба маҳалчигӣ ва маҳалгароӣ талқин намуда, ба қисмҳо ва гурӯҳҳо ҷудо намудед. Дасти бародарро бо хуни бародар олуда сохта, номи миллатро бо калимаи «бародаркӯш» доғдор намудед. Корхонаву коргоҳҳо, мағозаву дӯконҳо ва боғу роғҳоро вайрону валангор намуда, халқи тоҷикро ба гуруснанишинӣ оварда расонидед. Ҳазорон шермардон, олимону муҳаққиқон, шоирону нависандагон, воъизону ҳақҷӯён, мутахассисон ва дигар фарзандони фарзонаи миллатро куштед. Бар номуси занону духтарони тоҷик дастдарозӣ намудед. Ҳазорон кӯдаконро кӯшта садҳои дигарашонро аз домони гарми модару зери сояи падар маҳрум сохтед. Ба падару модарон талхии марги фарзандро чашонидед. Тамоми дороии Ватани азизамонро ба хоҷагони хориҷиатон кашонидед. Муқаддасоти миллӣ ва осори таърихию фарҳангии миллати тоҷикро сӯзонида нест кардед. Маркази кишварро ба майдони куштор, хонаи ободамонро ба вайрона ва туйхонаамонро ба мотамсаро табдил додед.

 

Вале боз ҳам ба бахти миллати тоҷик дар охир тиратон хок хӯрд. Беватану бекас шудед. Ба хоки Ватан зор шудед. Обу хок ва нону намаки меҳан бекасу ғарибатон кард. Шумо, хоинон, ҳеҷ гоҳ фикри сулҳу оромӣ ва пешрафту ободиро дар Ватан намехостед. Баръакс ҳамеша пайт меҷӯстед, ки гӯшае аз Ватанро харобу ҷои оромеро ноором созед. Хушбахтона фарзандони фарзонаи миллат чун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри барҳам додани бозиҳои касифи шумо камари ҳиммат баста, савганди сулҳу оромӣ ёд намуданд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам содиқона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азият кашидаам боварӣ дорам»

Дар идома ҳар яки мо шоҳид гардидем, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба савганди худ вафо намуда, миллати парокандаро аз вартаи нестӣ наҷот дода, сарҷамъ гардонид. Пеши роҳи бародаркуширо гирифта, мардумро ба сулҳу оштӣ даъват намуд. Мақоми занро дар ҷомеа баланд бардошта, падару модари кӯдакони ятим ва пушту паноҳи шахсони яккаву танҳо гардид. Муқаддасоти миллӣ ва осори таърихиамонро мисли гавҳараки чашм ҳифз намуда, ҳазорон корхонаву коргоҳҳои нав бунёд намуд. Кишвари азизамонро ба яке аз давлатҳои пешрафта ва мутараққӣ табдил дода, ба тоҷикон обрӯву мартабаи ҳазорсолаашонро пас гардонид.

Вале мутаассифона имрӯз низ Шумо, хоинони миллат, душманони тоҷикон, ки дину миллат, номусу виҷдон ва Ватани хешро фурӯхтаед, мехоҳед барои манфиати хоҷагонатон ҳодисаҳои солҳои 1992-ро такрор намоед ва барои амалӣ гардонидани нияту нақшаҳои палидатон ҳама роҳҳоро истифода бурда истодааед.

Ба Шумо, хоинони бевиҷдон, бедину беимонҳо, фурӯхташудагон ва авбошону ҷангҷӯён аз забони шоир чунин гуфтанием:

 

Ҳазорон корвон рафтанд дав-дав,

Ҳанӯзам ин сагон доранд ав-ав.

 

Мо, ҷавонон шуморо мисли сагоне медонем, ки аз дур аккос зада, мехоҳед оромии ҷомеаи моро халалдор созед, вале хушо ки садоятон ҷуз гӯши худатон гӯши дигареро кар намекунад. Ҳатто худатон низ инро нек дарк намудаед, ки ҳеҷ гоҳ ба нияту нақшаҳои пилидатон намерасед. Чун миллати тоҷик акнун кӣ будани шуморо хуб медонад. Миллати тоҷик акнун Пешво ва Роҳбари ғамхору кордон дорад ва ҳеҷ гоҳ дигар ба сафсата, иғвову дасиса ва бозиҳои шумо дода намешавад. Миллати тоҷик акнун ҳама якдилу яктан дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо бунёдкориву созандагӣ ва тозагию ободонӣ пешвоз мегиранд ва шумо беватанҳо дар ҳасрати оромию ободӣ ва ватану миллат то ҳастед, ашки ҳасрат хоҳед резонид.

 

Сайёд ШАРИПОВ,

магистранти Академия

Аксҳо

Похожие записи