ЧОРАБИНИИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГӢ БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

1

Имрӯз, 18 феврали соли 2023 бо ташаббуси факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсию фарҳангӣ баргузор гардид.

 

Дар чорабинии мазкур ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа, н.и.п., дотсент Аҳмадзода Зулфия, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Исматуллозода Фаридун, декани факултети дипломатия ва сиёсат, н.и.п., дотсент Шарифхоҷаева Саодат, мудирони кафедраҳо, кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Чорабиниро декани факултети дипломатия ва сиёсат Шарифхоҷаева Саодат ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати таъсисёбии Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт. Қайд карда шуд, ки ватандӯстӣ ва ҳимояи Ватан аз бузургтарин арзишҳои фарҳангию маънавии тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Дар идома сардори раёсати корҳои тарбиявӣ дар мавзӯи “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва ҷавонон” суханронӣ намуда, мафҳум ва моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” –ро ба иштирокчиёни чорабинӣ шарҳ дод. Гуфта шуд, ки қабули қонуни мазкур талаботи замон буда, моҳияти асосии онро ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар замири шаҳрвандон ташкил медиҳад.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ дастаи ҳаваскорони факултети дипломатия ва сиёсат бо иҷрои саҳна ва сурудҳои ватандӯстона табъи ҳозиринро шод намуданд.

Похожие записи