ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ОРОМГОҲИ ЛУЧОБ

IMG_7049

Бо мақсади амалӣ гардонидани ташаббусҳои ободгароёна ва хуррамгардонии диёр, татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати кишвар дар самти ободонию тозакориҳо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста иқдомҳои созандаро роҳандозӣ менамояд.

 

Ин навбат имрӯз, 26 март, ба хотири пос доштан ва шод гардонидани рӯҳи гузаштагон, ободу озода нигоҳ доштани оромгоҳҳо, бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ҳашари дастаҷамъона баргузор гардида, оромгоҳ аз ҷониби устодон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантон тозаву озода гардонида шуд.

 

Дар рафти маъракаи ободонӣ кормандон, магистрантон ва донишҷӯёни Академия бо лавозимоти тозагардонӣ аз ҷумла, ҷорӯб ва сатил дар ҳудуди оромгоҳ санги мазор, нишастгоҳҳо, чароғакҳо ва панҷараҳоро тоза намуда, ҳамчунин корҳои рӯбучинро низ анҷом доданд.

 

Чунин корҳои ободонию созандагӣ аз ҷониби роҳбарият ва ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Академия минбаъд низ идома дода мешавад.

Похожие записи