ШИШАИ НОМУСИ МИЛЛАТ ДАР БАҒАЛ ДОРЕМ МО!

ҷавоно

Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватани азизамон буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд ва назаррас аст.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани меҳани азизамон масъалаи ҷавонон дар баробари дигар самтҳои афзалиятноки ҷомеа дар мадди аввали назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода шуда, баҳри рушду инкишофи он таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Аз ҷониби Ҳукумати кишвар таҳия ва қабул гардидани як қатор барномаҳову стратегияҳои миллии сиёсати давлатии ҷавонон аз сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат гувоҳӣ дода, баҳри сафарбар намудани неруи азими ин қишри бонуфузи ҷомеа барои ободониву пешрафти Ватанамон чораҳои судманд андешида шудаанд.

 

Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, эълон гардидани соли 2017  – Соли ҷавонон боз ҳам аз сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

 

Бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонон ба таҳсил роҳандозии як қатор ҳавасмандиҳо, аз ҷумла стипендияи президентӣ барои хонандагони фаъол, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, эълон гардидани “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ба вазифаҳои пурмаҳсули роҳбарикунанда таъин намудани ҷавонони лаёқатманд аз таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар ба насли ояндасози кишвар аст.

 

Дар радифи тарбияи маънавии ҷавонон ба тарбияи ҷисмонии онҳо низ аҳамияти беандоза дода шуд. Ҷавонон парчамбардорони Ватан буда дар арсаи байналмилалӣ бо истеъдоду маҳорати худ ватанамонро муаррифӣ менамоянд. Дар давоми 30 соли соҳибистиқлолии кишвар ба рушди ҳамаҷонибаи варзиш заминаи воқеӣ ва устувор гузошта шуд. Ба самти варзиш таваҷҷуҳи назаррас намудани Пешвои миллат бесабаб нест. Солимии ҷомеа, бахусус, солимии ҷавонон, солимии миллат аст. Варзиш воситаи асосии нигаҳдорандаи ҷавонон аз шомил шудан ба ҳизбу харакатҳои террористию экстремистӣ ва дигар амалҳои зишти ҷомеа, махсусан, нашъамандиву нашъаҷаллобист. Варзишгарон аз тамоми имкониятҳое, ки дар давоми 30 соли истиқлолият барояшон муҳайё гардидааст, истифода бурда, ба бисёр дастовардҳо ноил гардидаанд. Дар кишварамон садҳо майдону толорҳои барҳаво барои намудҳои гуногуни варзиш, иншоотҳои ба талаботҳои муосир ҷавобгӯ ва бо шароитҳои замонавӣ таҷҳизонидашуда бунёд гардидаанд. Мусобиқаву чорабиниҳои варзишие, ки дар байни ҷавонон гузаронида мешаванд, ҳадафи асосиашон барқарор намудан ва мустаҳкам намудани ғояҳои дӯстию ягонагӣ миёни ҷавонон мебошад.

 

Пас, ҷавононро месазад, ки ба ин ободиву озодӣ, таъриху фарҳанг ва сулҳу ваҳдат арҷ гузоранд ва шукрона намоянд, ки дар чунин давлати соҳибистиқлол ҳаёт ва фаъолият менамоянд. Ифтихор кардан аз меҳани худ, омода будан барои ҳифзи он, ба қадри табиати биҳиштосову нотакрораш расидан арзишҳои беҳтаринанд, ки бояд дар ниҳоди ҳар як ҷавон бедор бошанд.

 

Дилрабо ЛУТФАЛИЕВА,

магистранти Академия

Похожие записи