ШӮРОИ НАВБАТИИ БОНУВОНИ АКАДЕМИЯ ДОИР ГАРДИД

IMG_3766

Тибқи Нақша – чорабиниҳои бахши кор бо занон ва духтарони раёсати корҳои тарбиявӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои бонувони Академия доир гардид.

 

Зимни баргузории ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои фаъолияти Шӯрои бонувони Академия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар оғоз ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа Аҳмадзода З.К. доир ба фаъолияти Шӯрои бонувон андешаронӣ намуда, фаъолияти мунтазами Шӯрои мазкурро ҳамчун воситаи таҳким бахшидани неруи фаъол номиданд.

Инчунин қайд гардид, ки дар Академия айни ҳол 168 зан фаъолият намуда истодаанд, ки саҳми арзишманди онҳо барои баланд бардоштани маърифати насли ҷавон ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб аён ба назар мерасад.

Дар рафти суханронӣ таъкид гардид Зан – Модар ҳамчун неруи фаъолу тавонои ҷомеа метавонанд дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ нақши басо арзишманд гузоранд ва манфиатҳои милливу давлатиро содиқона ҳифз намуда, посдори суннатҳои неки ниёгон бошанд.

Изҳори умед карда шуд, ки фаъолияти Шӯрои бонувони Академия баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба хотири пешбурди пурсамари фаъолияти меҳнатӣ таҳкимбахш хоҳад гардид.

Похожие записи