ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ЭҲЁИ КИШВАРИ ИНДУСТРИАЛИЮ АГРАРӢ

Пешвои миллат саноат

Дар таърихи башар мақоми шахсиятҳои бузург аз рисолати дар назди халқу Ватан иҷро намудаашон муайян мегардад. Баробари дигар хизматҳои барҷаста Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар, рушди иқтисодиёт, амнияти иқтисодӣ ва табдил додани кишвар ба кишвари саноатию аграрӣ саҳми беназир гузоштанд.

 

Расидан ба истиқлолияти давлатӣ, ки барои Тоҷикистони азизи мо дар даҳсолаи ниҳоии қарни бистум насиб гардид, дар канори овардани саодати беназире пас аз ҳазору сад соли ҳузури таърихии давлати Сомониён бархӯрдҳо, мушкилоту муаммоҳоеро пешорӯи кишвари мо низ гузошт, ки мунтаҳо ба шурӯи ҷанги ба истилоҳ шаҳрвандӣ боис гардид.

 

Дар канори ин, камтаҷрибагӣ ва ноогоҳона қурбонии гурӯҳҳои мухталиф гардидани асосан неруҳои ҷавонони мамлакат рухдодҳои номатлуберо дар сароғози қаламрави истиқлолияти давлатии кишвар суръат бахшид. Дар натиҷа, Тоҷикистони азизи мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ фурӯ рафта, хатари адами миллӣ пешорӯи давлат ва миллат қарор гирифта, монеи рушди иқтисодиёт ва саноати кишвар, инчунин хавфи аз байн рафтани кишвар гардид.

 

Дар чунин рӯзгори нобасомон ва авҷи ҳузну яъс ва шикастаруҳии мардуми мо буд, ки бо иродаи Офароидгор башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷоти миллати тоҷик ато овард ва ҷараёни ин анҷумани саодати халқҳо, раҳкушову раҳнамо ва мубашшири ин наҷотро ҳамчун тӯҳфаи олитарини тақдиру сарнавишти миллати тоҷик дар симои фарзанди сарсупурдаву миҳанпарасти хеш – Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид. Чун дар ҳарфу ҳиҷои вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов эътимод ва бовар, огаҳӣ аз таҷрибаҳои таърихии миллат ва андешаи муттақо дар ин андӯхтаҳои таърихӣ нуҳуфта буд, тавонист маҷмӯан роҳеро барои фардоҳо чароғон кунад.

 

Бо мақсади фароҳам овардани замина ҷиҳати рушди устувори иқтисодӣ дар кишвар бо ташаббус ва дастгирии Президенти кишвар якчанд стратегияву барномаҳои миёнамӯҳлат, ки дар комёб шудан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола асоси воқеӣ маҳсуб мегарданд, таҳия ва қабул гардида, ҳоло мавриди амал қарор доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятҳои миллии хешро дар ин ҳуҷҷатҳои стратегӣ муайян намуд ва барои ноил шудан ба ин ҳадафҳои стратегӣ саъю талош меварзад.

 

Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ дар кишвар ба таври мунтазам ислоҳоти иқтисодӣ ва дигаргунсозиҳои институтсионалию сохторӣ гузаронида мешаванд, ки ин барои такмили рушди иқтисодиёт ва рушди бисёрсатҳаро касб намудааст.

 

 Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Тоҷикистон бо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои мутараққии ҷаҳон муносибатҳои устувори иқтисодӣ барқарор намуд, ки ҳоло ин кишварҳо дар татбиқи сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ дар кишвар саҳмгузорӣ менамоянд.

 

 

Бо мақсади амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карданд.

 

Таваҷҷуҳи хосса ва ташаббусҳои доимии Роҳбари давлат ба рушди бонизоми саноати кишвар заминаҳои боэътимод фароҳам овардааст. Аз ҷумла эълон гардидани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ равона гардида ва бо ин васила рушди иқтисоди мамлакат бо маром характери мусбиро касб намуда истодааст

 

Дар партави тамоюли рушди ҷаҳони муосир, дар шароити глобалишавии тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти ҷомеа, дар вазъияти талоши кишварҳои пешрафта, барои ривоҷи бозори молу маҳсулот, бе назардошти манфиати кишварҳои истеъмолкунанда кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти аз кишвари аграрию индустриалӣ ба кишвари индустиалию аграрӣ (ҳадафи чоруми стратегӣ) табдил додани ҷумҳуриамон иқдоми олии мантиқӣ ва ҷасурона мебошад.

 

Марҳалаи начандон тӯлонии таърихӣ собит сохт, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту ватанпарвар, соҳибтамаддуну фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгаро буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи воқеан муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд.

 

Ҳамин тариқ андешаи ҷомеъашиноси ғарб Стивен Ликок “Мо хеле дер мефаҳмем, ки маънову мақсади ҳаёт дар худи ҳаёт, дар ҳар рӯзу дар ҳар соати он аст”-ро ҷонибдори намуда, даъват ба амал меоварам, ки ба қадри ин гавҳари ноёб ки истиқлол ном аст, бояд расид ва достуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи кори худ қарор дод.

 

Сарчашма: Ҳисоботҳои Вазорати Рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Муфарраҳ АСОЕВ,

омӯзгори калони кафедраи идоракунии

молияи давлатии Академия

Аксҳо

Похожие записи