ЭЪЛОН: СУРАТОЗМУН – «МО БО ҲАМ»!

Ба таваҷҷуҳи донишҷӯён, магистрантон, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва кормандони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки Донишкадаи идоракунии Шимолу Ғарбии Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия, бахшида ба 30-солагии Академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои ИДМ сурат-озмуни байналмилалиро таҳти унвони “Мо бо ҳам!” доир менамояд.

 

Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин сурат мегирад:

  1. Фарҳанг ва анъана
  2. Меъморӣ ва ҳайкалтарошӣ
  3. Қаҳрамонон дар байни мо
  4. Паҳнои аҷдодӣ (Родные просторы)
  5. Таърихи оилавӣ
  6. Чеҳраҳо ва наслҳо
  7. Аз ҳаёти Академия

 

Барои иштирок дар озмун, Шумо бояд бо Низомнома шинос шавед ва то 25 ноябри соли 2021 тавассути пахш кардани истиноди мазкур ариза пур кунед: https://vk.cc/c3SXdO.

Корҳое, ки барои озмун пешниҳод карда мешаванд, бояд ба талаботи техникии зерин ҷавобгӯ бошанд:

  • формати расм: JPEG;
  • андозаи расм: ҳадди аққал 4000 пиксел, 200 dpi;
  • андозаи файл: на бештар аз 10 МБ;
  • формати номи файл насаби муаллиф, номи кор, мамлакат (масалан, Иванова_Разговор с дедушкой_РФ).

Дар акс бояд чунин маълумот нишон дода шавад: сана, макони навор, тавсифи мухтасари лаҳзаи гирифташуда.

 

Лутфан таваҷҷуҳ намоед, ки ҳар як иштирокчӣ ҳақ дорад барои иштирок дар ҳамаи номинатсияҳои пешниҳодшудаи Озмун дархост пешниҳод кунад, аммо на бештар аз 1 акс дар ҳар як категория.

 

Дар хотир доред, ки иштирок дар чунин озмунҳо ба шумо имконият медиҳад, ки на танҳо дар сатҳи маҳаллӣ, балки дар сатҳи байналмилалӣ худро ва қобилиятҳои худро нишон диҳед.

Ин фурсатро аз даст надиҳед!

 

Аксҳо

Похожие записи