ЭҲСОСИ ВАТАНДОРӢ ДАР НАЗМИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

IMG_4097

Таҳти ин унвон бо ташаббуси кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, дотсент Қурбонов Маҷид Абдулҳамидович дарси кушод гузаронида шуд.

 

Дар дарси кушод мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ н.и.ф., дотсент Додихудоев Р., омӯзгорони кафедра, донишҷӯён ва дигар хоҳишмандон ширкат варзиданд.

 

Устод Маҷид Қурбонов дарсро ифтитоҳ бахшида, вобаста ба масъалаи инъикоси эҳсоси ватандорӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ашъори адибони замони соҳибистиқлолӣ сухан гуфт: “Миёни тамоми эҳсосоте, ки дар ниҳоди инсонҳо ҷойгоҳи хос дорад, наҷибтаринаш эҳсоси ватандорӣ мебошад, ки беш аз ҳар мавзӯи дигар мавриди васфи шоирону нависандагони ҳар давру замон қарор гирифтааст. Махсусан, пас аз соҳиби давлати мустақили миллӣ гардидани тоҷикон аҳли адаб ба ин мавзӯъ бештар рӯй оварда, онро бо рангу ҷилои тоза пешниҳоди хонанда гардонидаанд. Маҳз назми даврони истиқлол эҳсоси ватандорию ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро дар ниҳоди аҳли ҷомеа, бахусус, ҷавонон бедор намуда, онҳоро ба боз ҳам бештар дӯст доштани меҳан, ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва арзишҳои миллӣ, эҳёи анъанаву оинҳои қадима ва пос доштани онҳо раҳнамун месозанд,” – иброз дошт ӯ.

 

Номбурда аз шоирони классик оғоз намуда, то назми муосир намунаҳо қироат карда, шеърҳои ноби ватандӯстонаи бузургони адабро, ки намунаи олитарини ашъори ватанситоист, пешниҳоди иштирокдорони дарс гардонид.

 

Дарси кушод бо суолу ҷавобҳо хотирмон анҷом пазируфт.

Похожие записи