ЭҲТИРОМ БА ПРЕЗИДЕНТ ЭҲТИРОМ БА МИЛЛАТ АСТ

48657487441_7c587cde12_o

Таърих барои мардуми тоҷик дубора имкон дод, ки соҳиби давлати соҳибистиқлоли худ гарданд. Дар айёми навсозӣ, ки хатари парокандагӣ ва нестшавии давлату миллати тоҷик ба миён омада буд, анҷумани тақдирсозе доир шуд ва Сарвари хирадсолореро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсӣ овард. Ӯ бо ҷасорати фавқулода бузург ин хатарҳоро аз миён бардошт.

 

Зарур аст, ёдовар шавем, ки нахустин суханони Сарвари давлат дар ҳамон айёми худсӯзиҳо “Ман ба шумо сулҳ меорам…” буд ва он имрӯз пурра амалӣ шуда, сулҳу ваҳдати мо дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдору қавитар мегардад. Ин неъмат, яъне сулҳу ваҳдат дар ҷаҳони пуртазоди муосир ҳамоно арзиши бештар касб мекунад ва моро дар баробари низоъҳои давомдору миллаткуши кишварҳои Ховари Миёна ҳушдор медиҳад, ки ба қадри он бирасем ва сиёсати ҷомеасози Пешвои миллатро дар амал татбиқ намоем.

Таърихи нишон дод, ки дар партави корнамоиҳои беназири Пешвои миллат Тоҷикистон ба кишвари рӯ ба рушду тараққӣ  табдил ёфта, бо ташаббусҳои байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳон мақоми шоиста касб намуд. Ба шарофати сулҳу суботи комил таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба кишвари соҳибистиқлоли мо бештар гардид.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсатмадори башардӯстеро дарёфтааст, ки на танҳо барои рифоҳи зиндагии халқи худ, балки тамоми ҷаҳон меандешад. Мисоли равшани ин ҳақиқатро метавон дар ташаббусҳои байналмилалии Пешвои муаззами миллат вобаста ба масоили об дар ҷаҳон шинохт, ки инак, кишварҳои олам дар пайи татбиқи ташаббуси чоруми Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” қарор гирифтаанд.

Барҳақ, дар робита ба иқдомоти ҷаҳонии Сарвари давлати мо вобаста ба таъмини дастрасии аҳолии башар ба оби тоза имрӯзҳо кишвари моро ҳамчун маркази дипломатияи об дар ҷаҳон мешиносанд, ки боиси ифтихору арҷгузорист. Ҳамин иқдомоти башардӯстона аст, ки ҳоло ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмон на танҳо, тоҷикону форсизабонони олам, балки қавму миллатҳои зиёди сайёра эҳтиром мегузоранд ва ҳамчун Пешвои ҳақиқиву мардумсолор мешиносанд.

Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба сулҳи комил, пойдории ваҳдати миллӣ ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат назаррас мебошад ва хизматҳои Сарвари давлат дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд.

16 ноябри соли 1994 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  –  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганди садоқат ёд карданд. Дар ҳамон сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул шуд ва мо имсол 26 – солагии онро пуршукӯҳ таҷлил намудем, шакли идории Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.

Ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷисми ин ниҳоди давлатӣ ҷон бахшида, мақоми президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил доданд. Маҳз ба Пешвои миллат муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва зарфияти ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода бурда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳанд. Илова бар ин, фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд оварданд, ки имрӯз бо бартарию хусусиятҳои худ эътирофи байналмилалӣ пайдо кардааст.

Ҳақиқати бебаҳс аст, ки азизу гиромӣ доштан ва дар сатҳи баланди худшиносию худогоҳии миллӣ таҷлил намудани Рӯзи Президент ба хидматҳои мондагору ҷовидонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлати навини тоҷикон ва шуҳрати бесобиқа касб кардани он дар арсаи ҷаҳон асос мегирад. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳе, ки бо садоқат ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат дорад, яқин аст, ки ӯ ба давлату миллати хеш низ содиқ аст.

Даврон САФАРЗОДА, 

ноиби якум, ноиби Ректор оид ба таълим