ЯК РӮЗИ ВАРЗИШӢ ДАР ДОИРАИ “ДАҲ РӮЗИ ҶАВОНОН”

6

Бо ташаббуси Созмони ҷавонони донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи нақша-чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонони Академия бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Даҳ рӯзи ҷавонон” имрӯз, 17 май дар факултети дипломатия ва сиёсат миёни кормандон ва донишҷӯён мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди шоҳмот ва шашка баргузор гардид.

 

Дар мусобиқа 30 нафар донишҷӯён аз курси 1 то 4 ва кормандони муассиса миёни ҳам рақобат намуданд.

 

Рафти мусобиқа аз ҷониби доварон санҷида шуд ва дар даври финалӣ аз ҳисоби кормандон ва донишҷӯён 3 нафарӣ сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд.

 

Ҳамин тавр нафарони зерин аз ҳисоби кормандон ғолиб дониста шуданд:

 

Бобозода Афзалшоҳ – ғолиби ҷои якум;

Хидиров Умедҷон – ғолиби ҷои дуюм.;

Боронов Беҳрӯз – ғолиби ҷои сеюм.

 

Нафарони зерин аз ҳисоби донишҷӯён ғолиб дониста шуданд:

 

Худойбердиева Манижа – ғолиби ҷои якум;

Бузургзода Абдулло – ғолиби ҷои дуюм;

Салимзода Фахриддин – ғолиби ҷои сеюм.

 

Бояд гуфт дар рӯзи чорабинии идона бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ғолибони озмуни мазкур бо Ифтихорномаи Академия сарфароз гардонида мешаванд.

Похожие записи