ЯК СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ АКАДЕМИЯ ДАР ҶОДАИ ИЛМ

Қодиров Зоҳир.

Афзоиши босуръати аҳолии кураи замин ва ботадриҷ кам гардидани захираҳои табиӣ инсониятро водор месозад, ки барои таъмини ҳастии худ ва оқилона коркард  намудани захираҳои мавҷуда аз сармояи инсониву зеҳнӣ истифода намояд. Таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит намуд, ки дастовардҳо дар ҷодаи илм ва моликияти зеҳнӣ ба сифати сармояи устувор ва безаволи ҳама гуна халқу миллат баромад менамоянд.

 

Дар ин радиф, тоҷикон ҳамчун миллати соҳибфарҳанг ва тамаддунофар аз азал моликони сармояи зеҳнӣ ба шумор мерафтанд. Дар тӯли таърих намояндагони миллати тоҷик саҳми сазоворро дар рушду нумӯи илми ҷаҳонӣ, маориф ва фарҳанги башарӣ гузошта, махзани илму маърифати арзишмандро барои наслҳои худ ба мерос гузоштаанд. Осорҳои гаронбаҳои фарзандони фарзонаи миллатамон, ба мисли Абӯали ибни Сино, Муҳаммад Хоразмӣ, Закариёи Розӣ, Абӯнасри Фаробӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва дигарон дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ нуфуз ва эътибори хосса доранд.

 

Ҳамин аст, ки Ҳукумати кишвар барои рушди илму маориф ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Дар давоми 30 соли истиқлоли давлатӣ ба истифода додани 3020 иншооти соҳаи маориф бо фарогири зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст худ бозгӯ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи Истиқлоли давлатӣ мебошад, ки рӯзи 1-уми сентябри соли 2019 бо иштироки Пешвои миллат ифтитоҳ гардид. Ин муассиса дар омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ нақши муассир дорад.

 

Бояд қайд намуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.02.2020, №1463 Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Муассисаи давлатии “Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” табдил дода шуд.

 

Академия ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз ҷиҳати базаи моддӣ-техникӣ дар муддати хеле кӯтоҳ пешрафт намудааст. Сохтори Академия васеъ гардида, дар назди он Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ва Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ таъсис дода шуданд. Ҳамчунин, дар назди пужӯҳишгоҳҳо Маркази омӯзиши масоили ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, Маркази таҳлил ва тадқиқоти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, Маркази муқовимат бо коррупсия ва тадқиқоти сотсиологӣ, Маркази омӯзиши афкори иҷтимоӣ ва равандҳои сиёсӣ, Маркази омӯзиши масоили муҳоҷират, Маркази муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ, Маркази пешгирии хушунати хонаводагӣ, Маркази идоракунии лоиҳаҳо ва дар заминаи факултетҳо 16 кафедра таъсис дода шудаанд, ки фаъолияти онҳо ба омӯзиш ва таҳияи лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ ва амалӣ нигаронида шудаанд.

 

Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар доираи эълон гардидани “Соли рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 -2020)” лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотиро дар доираи маблағҳои буҷетӣ таҳти унвони “Худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария, амалия ва дурнамои рушд” фаъол намуда, масъалаҳои муҳим ва рӯзмарраи ин самтро  мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор додааст. Лоиҳаи мазкур фарогири тадқиқоти комплексӣ оид ба масъалаҳои назария, амалия, дурнамои рушд ва тақвияти самаранокии фаъолияти низоми худидоракунии маҳаллӣ дар Тоҷикистон мебошад.

 

Корҳои илмӣ-таҳқиқотии Академия вобаста ба таҳдидҳо ва мушкилоти замони муосир, рушди бахшҳои иқтисоди миллӣ, идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, ки дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва дигар барномаҳои давлатӣ дарҷ гардидаанд, барои панҷ сол (2021-2025) дар доираи дурнамо ва стратегияи рушди Академия ба нақша гирифта шудаанд.

 

Барои анҷом додани корҳои илмӣ — тадқиқотӣ дар Академия устодони унвондори илмӣ ҷалб карда шудаанд, ки шумораи онҳо сол то сол зиёд шуда истодааст. Агар ҷалби устодони унвондори доимӣ ва ҳамкор дар соли 2018 34 нафар ва соли 2019 82 нафар ташкил медод, пас ин шумора дар соли 2020 ба 114 нафар рост меояд.

 

Натиҷаҳои 2 соли охири корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ нишон медиҳад, ки мақсад ва вазифаҳои Академия дар самти рушди корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ самарабахш иҷро гардидаанд.

 

Дар соли гузашта аз ҷониби ҳайати устодон ва профессорони Академия 24 адад монографияи илмӣ, 14 адад васоити таълимӣ, 18 адад дастури таълимӣ, 273 адад мақолаи илмӣ, ки аз он 144 адад дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА рост меоянд, ба нашр расонида шудааст. Дар маҷмӯъ, натиҷаи фаъолияти илмӣ ва эҷодии ҳайати устодон ва профессорони Академия дар соли 2020 бе назардошти натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотии ҳамкорони берунӣ 463 адад маводи илмиро ташкил медиҳад.

 

Натиҷаи фаъолияти зеҳнии ҳайати устодон ва профессорони собиқ Донишкада дар соли 2018 58 адад ва дар соли 2019 бошад, 267 асари илмиро ташкил медод. Агар дастовардҳои Академияро дар самти фаъолияти илмӣ – таҳқиқотӣ бо 2 соли охир қиёс намоем, пас маълум мегардад, ки шумораи он нисбат ба соли 2018 қариб 8 маротиба ва назар ба соли 2019 1,7 маротиба афзудааст.

 

Академия дар соли 2020 новобаста ба хуруҷ намудани бемории сироятии коронавируси навъи COVID-2019 дар маҷмӯъ, 25 чорабинии илмиро тариқи онлайн баргузор намуд, ки аз он 3 конференсияи байналмилалӣ, 3 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 4 конференсияи сатҳи Академия, 9 семинари илмӣ ва 6 мизи мудаввари сатҳи Академия ба шумор мераванд. Баргузории чорабиниҳои илмии соли гузашта нисбат ба соли 2018 4 маротиба ва назар бо соли 2019 бошад, 1,5 маротиба зиёд мебошанд.

 

Дар паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикитон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили рушди соҳаи илм ва маорифро дар мадди аввал мегузоранд. Ба масъулини сохторҳои дахлдор таъкид менамоянд, ки бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноаткунонии босуръати кишвар  дар самти ташкили низоми самараноки тайёр намудани мутахассисон ва бозомӯзии онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар чораҷӯӣ намоянд.

 

Барои ташаккули тафаккури илмӣ, ғанӣ ва мукаммал гардонидани сармояи зеҳниву инсонӣ, дарёфти истеъдодҳои нав ва таъмини сифати таълим як қатор чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ барномарезӣ карда шуданд. Хусусан, эълон гардидани  солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва татбиқи нақшаи чорабиниҳо дар ояндаи наздик метавонад мутахассисони барҷастаро дар соҳаи истеҳсолию саноатӣ ба бозори меҳнат ворид сохта, фосиларо ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноаткунонии мамлакат наздик менамояд.

 

Вобаста ба масъалаи болозикр, дар доираи татбиқи нуқтаҳои Паём оид омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ Академия нақша — чорабиниҳоро барои солҳои 2020 — 2025 таҳия намуд.

 

Гарчанде ихтисосҳои Академия бештар равиши ҷамъиятӣ — гуманитарӣ доранд, аммо донишҷӯёни муассиса дар озмун ва олимпиадаҳо аз фанҳои дақиқ ва риёзӣ сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Дар рӯзҳои 12-13 марти 2020 дар назди АМИТ олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз рӯйи самтҳои математика, физика, астраномия, химия, биология, геология ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур донишҷӯёни Академия аз рӯйи чор фанни таълимӣ: технологияи иттилоотӣ, математика, физика ва биология ширкат варзида, ду нафар (математика ва биология) сазовори ҷойи 2-юм, як нафар (физика) сазовори ҷои 3-юм ва як нафар бо ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ  гардиданд.

 

Дастовардҳои кормандон ва донишҷӯёни Академия ҷиҳати иштирок дар сатҳи гуногуни озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» низ хеле назаррас мебошанд. Аз ҳисоби омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантон ба даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» чор нафар роҳхат гирифта, дар ин даври озмун аз рӯи номинатсияи “шоирӣ” як корманд сазовори ҷои дуюм ва  як нафар донишҷӯ барои иштироки  фаъолона соҳиби ифтихорнома гардиданд.

 

Дар самти омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ шуъбаи алоҳида таъсис дода шудааст. Дар ин давом барои анҷом додани корҳои илмӣ -таҳқиқотӣ дар риштаи унвонҷӯӣ 153 нафар ва зинаи докторантура- доктори фалсафа (PhD)  30 нафар таҳсил менамоянд.

 

Танҳо дар давоми ду соли охир  7 нафар рисолаҳои илмиашонро бо муввафақият дифоъ намуданд, ки ин миқдор барои муассисаи навбунёд хеле дастоварди назаррас ба ҳисоб меравад.

 

Бо кумак ва ҳидоятҳои роҳбарияти Академия то ҷашнгирии 30 -солагии Истиқлоли давлатӣ дар назар аст, ки 30 нафар унвонҷӯёну докторантон рисолаҳои илмии худро аз пешдифоъ мегузаронанд ва як қисмашон ба Шӯроҳҳои дифоъ пешниҳод менамоянд.

 

Раёсати Академия барои анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва баланд бардоштани иқтидори илмии муассиса тасмим гирифтааст, ки Шӯрои диссертатсионии муштаракро бо дигар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода, аз рӯи нуҳ ихтисос қабули довталабонро дар зинаи докторантура-доктори фалсафа (PhD) ва доктор аз рӯи ихтисосро  ба роҳ мондааст.

 

Аз рӯйи нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва Стратегияи рушди Академия барои солҳои 2021-2025 муассиса тасмим гирифтааст, ки то ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи устодони унвондори илмиро аз 114 нафар ба 150 нафар,  маводи илмӣ ва нашрро аз 463 ба 600 адад ва баргузории чорабиниҳои илмиро аз 25 ба 34 адад расонад.

 

Бо назардошти дастовардҳои зикршуда ҷиҳати баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ҷустуҷӯи имкониятҳои самаранок амалишавии натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, коркарди усулҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии ҳайати устодон ва профессорон аз рӯи масъалаҳои муҳимми Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 муайян шуда, дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ фаъолияти илмӣ-таҳқиқотиро бо институтҳои илмию соҳавии Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва дигар шарикони рушд фаъолияти муштаракро минбаъд роҳандозӣ намояд.

 

Зоҳир ҚОДИРОВ,

муовини сардори раёсати

илм ва инноватсияи Академия

Похожие записи