ЯТИМПАРВАРӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ РОҲБАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

338915103_1236637176986169_8549940388401398748_n

Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон бузургоне зода шудаанд, ки барои ҳифзи таъриху маданият, фарҳангу санъат, пойдории давлату бақои халқу миллати хеш ҷони худро ба даст гирифта, хизматҳои шоён намуда, номи неки худро абадулумр боқӣ гузоштаанд.

 

Хушбахтона барои халқу миллати тоҷик ҳам дар як вазъияти басо мушкил, дар рӯзҳои хеле душвор, дар рӯзҳое, ки ҳастию бақои давлати тозаистиқлол бо дасисаю фитнаҳои душмани хориҷӣ зери хатари нобудшавӣ охрон лаҳзаҳои хазони баҳори бармаҳали умри худро ба сар мебурд, абармарде чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо гардид, заврақи шикастаю валангорӣ дар туфони пурталотум ғарқшудаистодаро ба соҳили беканори уқёнуси оромишу осоиш, сулҳу ваҳдат, якдигарфаҳмию бародарӣ, умеду орзуҳои деринаи ин халқи қуҳанбунёд расонид. Дар воқеъ ҳақ бар ҷониби касонест, ки мефармоянд: “Бузургон зода мешаванд, на ин, ки сохта”.

Дар вазъияти басо пурпечутоб, ки падар бо писар ва писар бо падар, бародар бо бародар, модар бо духтар ва дигару дигар раҳму шавқат намонда, ба сари давлату ҳукумат омадани сарвари хирадманду оқил, шахси кордону нуқтасанҷ, инсони хоксору нексиришт, ҳалиму меҳрубон ва ғамхору дилсӯзи мардуми басо ҷафодида эҳдои Худованди карим бар ивази товбаву надомат ва дуову илтиҷои ҳазорон модарони фарзандгумкардаву занони бевамонда, пирони барною падарони барҷомонда, фарзандони ҳайратзадаи бесарпаноҳу ятиммонда, хоҳарону бародарони фарзандипадармурдаву, шахсони аз хоку ватани хеш фироришудаи ба мулкҳои ғарибӣ оворашуда ва садҳо ҳазор сокинони тороҷдидаву бе хонавудар монда ва рӯзгори осоиштаро аздастдода мебошад.

Яке аз фазилатҳои неки инсонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми мӯйсафедон, сила кардани сари ятимон ва ғамхории пайваста дар ҳаққи онҳо, шод кардани дили ранҷурон ва дастгириву нигоҳубини маъюбону камбизоатҳо, инчунин, ҳамеша болида гардонидан хотири онҳо мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар пайи бесарусомониҳо ва ҷангу ҷидолҳои солҳои аввали ташкиллёбии давлати миллӣ садҳо ҳазор тифлакони бегуноҳ бо амри тақдир ятим мондаю аз меҳру муҳаббат ва навозиши модаронаю ғамхории падарона маҳрум гаштанд. Илова бар ин, қисми зиёди онҳо дар баробари аз даст додани падару модар аз хонаву дар, аз сарпаноҳ маҳрум гардида, зери осмони соф бо чашмони ашколуду ҳолати ҳайратзада рӯй ба раҳми Худо монданд.

Чуноне, ки Шайх Аттор мефармоянд “Ятимон, бахусус тифлакони ятим касонеанд, дар зиндагӣ афсурдаву дилозурда. Барои онҳо ҳаёт гарчанде дар шароити хуб бошад ҳам, маъное надорад. Зеро барояшон бузургтарин меҳр, азизтарин ҳастӣ ва умеду орзуяшон, ки падарону модаронанд, намерасанд”.

Мусаллам аст, ки меҳри волидайнро ба фарзанд ҳеҷ гоҳ касони дигар иваз карда наметавонанд, вале ҳар нафаре, ки ятимонро дӯстдорӣ ва навозиш мекунад дар даргоҳи Худованд аҷру савоби зиёд ва дар дунё иззату эҳтиром мебинад.

Вале, Пешвои миллат ҳанӯз аз солҳои аввали ба вазифаи пурмасъули Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон ҳифзи иҷтимоии гуруҳҳои ниёзманду осебпазири аҳолӣ, алалхусус, ятимонро ҳамчун самти асосии сиёсати худ муайян намуда, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагӣ, таҳсил ва кору фаъолияти онҳоро барои худ ҳадафи муҳимтарин қарор додааст. Роҳбари давлат ҳамеша таъкид менамоянд, ки ятимон дар паноҳи давлатанд, падарона сари онҳоро сила карда, барояшон беҳтарин шароитҳои таълиму тарбияро фароҳам меоваранд. Ҳамзамон, дар вохӯриҳо ва суханрониҳои худ борҳо қайд намудаанд, ки “Ман ҳеҷ вақт ягон ятими куллро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям”.

Илова бар ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам дар фикри беҳбудии шароити зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии гуруҳҳои ниёзманду осебпазири аҳолӣ, табақаҳои ниёзманди ҷомеа, ғамхорӣ ба ятимону бепарасторон, барҷомондагон ва шахсони бесаробону камбизоат буда, таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро баҳри дастгирии ин гурӯҳҳои ниёзманд борҳо таъкид менамояд.

Пешвои миллат дар Паёми шодбошии худ ба муносибати иди Қурбон 8 июли соли 2022 ба шахсони дорои имконияти моддӣ, саховатманд ва умуман аҳли ҷомеа таъкид менамоянд, ки: “Дар баробари дурӣ ҷустан аз аъмоли носавобу номатлуб ва талқини амалҳои хайру савоб, аз аҳволи наздикон бохабар будан, махсусан, аёдати беморону ниёзмандон, кумак ба ятимону маъюбон, ба дидори падару модарон шитофтан, дили инсонеро ба даст овардан, ятимеро навозиш кардан ва ба муҳтоҷе дасти кумак дароз кардан аз фазилатҳои неки инсонӣ ва таомули писандидаи мардуми мо дар ин рӯз мебошад”. Инчунин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сухан илова менамоянд, ки: “Онҳое, ки имконияти моддӣ надоранд, метавонанд бо сухани нек, амали хуб ва рафтори шоистаи худ дили одамонро шод кунанд, ки ин ҳам аз ҷумлаи корҳои хайру савоб ба шумор меравад”.

Бодя зикр намуд, ки дар баробари дасти ёрӣ дароз кардан ба ашхоси камбизоат, ятимон, маъюубон ва дигар гуруҳҳои ниёзманду осебпазири аҳолӣ бунёди дармонгоҳу мактаб, таҷҳизотонидани онҳо, мумфарш кардани роҳ, гузарондан об, сохтани купрук, таъмир кардани беморхонаю ятимхонаҳо аз рисолатҳои ҷавонмардӣ ба ҳисоб рафта, амали ниҳоят хайру савоб мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2019 баён доштанд: “Имрӯз дар кишвар расонидани кӯмак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд ба ҳукми анъана даромадааст. Халқи сарбаланди тоҷик дар ҳама давру замон ба табақаҳои ниёзманд дасти ёрӣ дароз карда, саховату ҳимматбаландии ибратомӯз нишон додааст”.

Дар тақвияти таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат ҷавонмардон ва соҳибкорони саховатманду саховапешаи ватанӣ ба ятимон мунтазам кӯмакҳо мерасонанд. Масалан бо дастуру ҳидоятҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо масъулону фаъолони шаҳри Душанбе 15 феврали соли 2017, соҳибкори ватандӯст, Маҳмудҷон Муродов аз ҳисоби даромади софи корхонааш муассисаи таълимии Мактаб – интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим, ки яке аз калонтарин муассисаи таълимии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад пурра аз таъмири асосӣ барорад. Дар рафти корҳои таъмиру азнавсозӣ бо маблағи зиёда аз 6 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ҳудуди муассиса дар масоҳати 700 метри мураббаъ мумфарш гардид. Ошхонаи наву замонавӣ бо 450 ҷойи нишаст таъмир, барои 500 нафар мизу курсиҳо таъмин ва толори барҳавои маҷлис бо 350 ҷой бо нақшу нигори миллӣ ва гаҷкорӣ оро дода шуд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайваставу давлату Ҳукумат, махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимон хеле чашмрас мебошад. Сарвари давлат дар тамоми паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромаду суханрониҳои дигар ба дастгирӣ ва кӯмаки ятимон мароқи хоса зоҳир менамоянд. Ҳангоми сафар ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳатман аз мактаб интернатҳои ятимон дидан намуда, бо ятимон суҳбат карда, аз ҳолу аҳволи онҳо хабардор мешаванд. Дар баробари ин, ба онҳо пайваста туҳфаҳо тақдим менамоянд. Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аёдати бошандагони Мактаб – интернати рақами 1 шаҳри Душанбе чор маротиба солҳои 2004, 2012, 2013 ва 2021 омада, бо шароити таълиму зисти онҳо шинос шудааст, ки ин аз таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат нисбат ба ятимон шаҳодат медиҳад.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои ғамхорӣ ба ятимон ва таълиму тарбияи онҳо аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекунанд. Маҳз дар натиҷаи ҳамин саъю талошҳои пайваста, солҳои охир ҳаҷми маблағгузорӣ аз буҷет барои таъминоти муассисаҳои таълиму тарбияи ятимон афзоиш ёфта истодааст.

Пешвои миллат пеш аз ҳама ба масъалаи вазъи саломатии ятимон диққати аввалиндараҷа дода, ҷиҳати дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд. Вобаста ба масъалаи мазкур Пешвои миллат дар Паёми худ изҳор намуданд, ки: “Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем”.

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2018 бар меояд ҳоло дар кишвар 149 ҳазор нафар шахсони маъюб, аз ҷумла, 15 ҳазор нафар маъюбони гуруҳи якум, қариб 27 ҳазор нафар маъюбони то 18-сола ва 71 ҳазор нафар ятимон умр ба сар мебаранд. Маблағи умумие, ки ҳар моҳ аз ҳисоби буҷети давлат танҳо ба ятимон пардохта мешавад, беш аз 12 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар Паёми мазкур, аз ҷумла, зикр мегардад, ки “Мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем”.

Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки соли 2013-ум 1 миллиарду 683 миллион сомониро ташкил карда буд, соли 2020 дар ҳаҷми 3,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2013 қариб ду баробар зиёд мебошад.

Ҳоло дар мамлакат 700 ҳазор нафар нафақахӯрон, аз ҷумла 148 ҳазор маъюбон, 5277 нафар ятимони кулл ва 74 ҳазор ятимон зери сарпарастии давлат қарор доранд.

Ҳаҷми маблағгузорӣ ба чунин муассисаҳо дар давоми 10 соли охир 3,2 баробар афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, танҳо соли 2019 ҳаҷми кумакпулиҳо аз ҳисоби буҷети давлат барои шаҳрвандони имконияташон маҳдуд беш аз 102 миллион сомониро ташкил намуд.

Ҳукумати кишвар минбаъд низ ба ин гуруҳи иҷтимоӣ, аз ҷумла ятимону маъюбон, шахсони бемору барҷомонда ва оилаҳои камбизоат кумак мерасонад ва бовар дорам, ки соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша баробари сохторҳои давлатӣ дар амалҳои хайру савоб боз ҳам фаъолона саҳм хоҳанд гузошт”.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26 январи соли 2021 баргузор гардид, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки “Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд.”

Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дастгирии давлатии ятимонро идома дода, аз 1 сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” таъин шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад.

Дар ин замина нафақаи кӯдакони маъюби то 18 – сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” таъин шудааст, ба андозаи 20 дарсад, инчунин, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” таъин гардидааст, ба андозаи 50 дарсад баланд бардошта шуд.

Ин иқдом неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, ки шароити иҷтимоии қариб 100 ҳазор нафар шаҳрвандон аз гуруҳҳои осебпазири зикршуда беҳтар гардад.

Ҳамзамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои соҳиби саводу маърифат ва илму дониш гардонидани онҳо тамоми тадбирҳоро меандешад.

Бо мақсади ҳарчи бештар фаро гирифтани кӯдакони ятиму бепарастор ба таълим бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат вазифадор гардидааст, ки барои бунёди се мактаб – интернати президентӣ барои ятимони кулл дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе чораҷӯӣ намояд.

Илова бар ин, ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Вахш аз тарафи Пешвои миллат санги асоси барои бунёди мактаб – интернати замонавӣ барои кӯдакони ятиму бепарастор гузошта шуда, ки он соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.  Мактаб – интернати мазкур ба таври замонавӣ бунёд шуда, аз хобгоҳ барои 480 нафар, маркази саломатӣ бо 6 ҳуҷра, ошхона барои 480 кас ва меҳмонхона барои пайвандону наздикони хонандагон иборат хоҳад буд.

Бояд қайд намуд, ки ҳусни таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гуруҳҳои ниёзманду осебпазири аҳолӣ, алалхусус, ба ятимону бепарасторон, барҷомондагон ва шахсони бесаробону камбизоат хеле баланд буда, пайваста ин табақаҳои ниёзманди ҷомеаро ғамхорӣ ва дастгирӣ менамояд.

 

ХОЛИНОВА М.М.,

 мудири кафедраи идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодии Академия,

 номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент

Похожие записи