ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНУ КОРМАНДОНИ АКАДЕМИЯ ДАР ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

photo_2021-08-18_10-57-03

Дар МТМУ№10-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.

 

Озмун аз 29 то 31-уми июл идома ёфта, ғолибони даври аввал маҳорату малакаи худро дар номинатсияҳои гуногун санҷиданд.

 

Дар озмуни мазкур донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омодагии ҷиддӣ фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

 

Аз ҷумла, магистранти курси 2-юми Академия Мустақим Муминов дар даври мазкур аз номинатсияи хондан ва азёд кардани адабиёти классикӣ ҷойи аввалро ишғол намуд.

 

Инчунин, омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷӣ Ғафорова Таҳмина аз рӯи номинатсияи “Хондан ва азёд кардани адабиёти классикӣ” ва докторант Меҳрубон Ҳасанов аз рӯи номинатсияи “Шоирӣ” соҳиби мақоми дуюм гардиданд. Донишҷӯёни курси 2 Аминов Исмоил ва Хоҷаев Ҷамшед дар номинатсияи “Хондан ва азёд кардани адабиёти муосир” ҷойи сеюмро соҳибӣ карда, ба даври навбатӣ роҳхат гирифтанд.

 

Ҳамзамон, сардори бахши фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони Академия Бекназарова Мадина фаъолона иштирок намуда, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифт.

 

Ба ғолибон ҷиҳати иштироки фаъолона ва ишғоли ҷойҳои намоён дар даври минбаъдаи озмун комёбиҳо хоҳонем.

Похожие записи