ҚАДРДОНИИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ АКАДЕМИЯ

IMG_2654

Имрӯз, 21 апрели соли 2021 дар доираи конференсияи ҷумҳуриявии апрелии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Таҳкими давлатдории миллии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ як қатор устодону донишҷӯёни Академия бо мукофотҳои соҳавӣ ва пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

 

Аз ҷумла, дар вазъияти тантанавӣ барои заҳматҳои назаррас, саҳми босазо гузоштан дар рушди илму маорифи кишвар, тарбияи насли ҷавон, дар руҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ ва хештаншиносӣ 4 нафар устодони Академияи идоракунии давлатӣ: Суфиев Ф.Р., Соибов З.М., Достиев Э.И. ва Бобозода А.О. бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, ба 2 нафар устодони Академия: Ғаюров Ф.З. ва Раҷабов М.А. Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тақдим гардид.

 

Сипас, ба 4 нафар донишҷӯи ғолиби «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» – Саъдуллоев Файзулло, барои сазовор гардидани ҷои якум аз фанни “Математика” (дар ҳаҷми 3000 ҳазор сомонӣ), Арбобзода Малика, барои сазовор гардидани ҷои  дуюм аз фанни “Физика” (дар ҳаҷми 2000 сомонӣ), Мираҳмедӣ Фатҳиддин, барои сазовор гардидани ҷои сеюм аз фанни “Биология” (дар ҳаҷми 1500 сомонӣ) ва Тешаев Муҳаммад барои сазовор гардидани ҷои ифтихорӣ аз фанни “Технологияи иттилоотӣ” (дар ҳаҷми 1000 сомонӣ) қадрдонӣ гардиданд. Инчунин, омӯзгорон Сайфуллои Ҳомиддин, Мирзораҳимов Муродалӣ ва Бачамардов Абубакр барои ғолиб гардидани шогирдонашон дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти “Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000, 1500 ва 1000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 

Ҳамчунин, 7 нафар устодон ва унвонҷӯёни Академия, аз ҷумла 2 нафар -Саидамирова Фируза ва Саидмухторов Алишер, ки рисолаҳои номзадиашонро муваффақона ҳимоя намуданд ва 5 нафар – Носирова Фарзона, Шеров Шодиҷон, Бобозода Афзалшоҳ, Олимзода Давлатмурод ва Асоев Муфарраҳ ҷиҳати роҳ ёфтани рисолаҳои номзадиашон барои ҳимоя ба шуроҳои диссертатсионӣ аз ҷониби роҳбарияти Академияи идоракунии давлатӣ бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ (ба ҳар кадом) ҳавасманд гардонида шуданд.

 

Аксҳо

Похожие записи