ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР ЗАМОНИ ХАТАРҲОИ ҶАҲОНӢ

Душанбе 1

Тайи даҳсолаҳои охир вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои харобиовар ва буҳронҳои шадиди иқтисодиву молиявии пешгӯинашаванда рӯ ба рӯ гардида, тамоми мардуми оламро ноорому осебпазир намудааст. Табиист, ки ин зуҳуротҳо мушкилиҳои зиёдро пешрӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ гузошта, ҳар лаҳза гӯшзад мекунанд, ки беш аз пеш дар ҳаракат бошанд ва барои пешгирии ин хатарҳо омодагии ҷиддии худро бинанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таъсири ин хатарҳо канор буда наметавонад. Балки, зарур аст, ки дар муқобили онҳо истодагарӣ намуда, бо иқтидори қавӣ худро ҳифз намуд.

 

Соли ҷорӣ дар кишвари мо яке аз санаҳои сарнавиштсози таърихӣ, 30-солагии Истиқлорли давлати ботантана ва шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта шуд. Халқи тоҷик ин санаи фархундаро бо эҳсоси саршор аз ифтихори ватандорӣ дар фазои сулҳу дӯстӣ ва оромӣ истиқбол намуд. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “…ҷашни сисолагии истиқлолу озодӣ ва бузургтарин дастоварди ин давра – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ба осонӣ муяссар нашудааст. Дар зарфи 30 соли сипаришуда барои расидан ба ин лаҳзаҳои пурнишот мо ҳама якҷо таҳдиду хатарҳои зиёд ва мушкилоти ниҳоят сахту сангинро паси сар кардем. Роҳи таърихие, ки халқи тоҷик, хусусан, дар солҳои аввали истиқлол сипарӣ намуд, як масири пур аз даҳшату фоҷиа, маҳрумияту машаққат ва монеаву мушкилот буд”.

 

Дар айни ҳол нигоҳдошти сулҳу оромӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ, тараққиёти кишвар, рушди иқтисоди миллӣ масъулияти моро ҳарчи зиёд мегардонад. Гиромидошт ва пойдор нигоҳ доштани Истиқлоли давлатӣ, иқтисоди муқтадир ва дар заминаи он нигоҳ доштани некуаҳолии мардум дар ҳолест, ки ба вазъи давлатдорӣ ва сулҳу осоиштагии мо хатарҳои мухталиф таҳдид мекунанд. Мувофиқи таҳлилу пешгӯии мутахассисону коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бо сабаби шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ, баланд гардидани сатҳи бекорӣ, камбизоатӣ, норасоии ғизо, болоравии нархҳо, хатарҳои террористию ифротгароӣ вазъият дар ҷаҳонро боз ҳам мушкил мегардонад.

 

Тайи се соли охир ҷаҳонро коронавируси нав – COVID-19 фаро гирифт. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 11 марти соли 2020 расман коронавирусро пандемия эълон кард. Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи ин созмон ба вирусе, ки моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии Мардумии чин ошкор гардид, беш аз 219 миллион нафар одамон дар дунё сироят ёфтаанд. Барои пешгирӣ намудани паҳншавии босуръати коронавирус ҳамаи кишварҳо сарҳадҳои худро баста, гардиши миллионҳо нафар одамонро бо ин роҳ маҳдуд намуданд. Амалиётҳои тиҷоратӣ боздошта шуд ва ин раванд ба суст шудани рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар умум боис гардид. Ҳамзамон, коронавирус ва ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо боиси суст шудани фаъолияти бозорҳои байналмилалии молиявӣ паст рафтани нархи қоғазҳои қиматнок дар дунё гардид. Зарбаи асосии пандемия барои иқтисодиёти ҷаҳон ин пастравии сатҳи истеҳсолот, ихтисоршавии ҷойҳои корӣ, паст гардидани даромаднокии бонкҳо, коҳишёбии даромадҳои бахши сайёҳӣ ва амсоли ин мебошад.

 

Масъалаи дигари ташвишовар, ки ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, ин шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои замони муосир ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад. Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар нимаи дуюми асри XX терроризм ва ифротгароӣ дар дунё доман паҳн кард ва ба як хатари сартосарӣ табдил ёфт. Терроризм ва ифротгароӣ дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош мекарданд. Вале дар айни ҳол терроризм ва экстремизм аз масъалаҳои муҳим ва ногувор дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Он имрӯзҳо боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид, истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.

 

Зимнан, чандин хатару таҳдидҳои дигарро низ ном бурдан мумкин аст, ки имрӯз ба оромӣ, якпорчагӣ ва зиндагии хубу осоиштаи мо хатари ҷиддӣ ворид намуданашон мумкин аст. Аз ҳамин нуқтаи назар, моро мебояд ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, истиқлолу озодии худро ҳимоя кунем, ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии хеш расем.

 

Зайнаб РАМИХУДОЕВА,

магистранти Академия

Похожие записи