ҲИФЗИ АСОЛАТИ ОИЛАДОРӢ

photo_2021-02-11_15-56-27

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани тафаккуру андешаи наҷиби асолати оиласолорӣ ва ҳифзи ифтихор ба тозагиву муқаддасоти оилавӣ дар ниҳоди аҳли ҷомеа ва хусусан, ҷавонон дар мавзӯи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” мизи мудаввар баргузор гардид.

 

Чорабинии мазкур бо иштироки фаъолонаи кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёну магистрантон доир гардид.

 

Зимни семинари машваратӣ Абилзода Гуландом, мудири кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунӣ дар мавзӯи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва Маликова Аҳдия Исмоиловна – магистранти курси якуми ихтисоси идораи давлатӣ дар мавзӯи “Хушунат дар оила” бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.

 

Инчунин, дар қисмати музокира ва саволу ҷавоб пахши навори коршиносони соҳа оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокчиён дар интиҳои мизи мудаввар фикру андешаҳои худро бобати пешгирии зӯроварӣ дар оила, роҳҳои пешгирии ҳар гуна муносибатҳои зуроварӣ дар оила баён намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Аксҳо

Похожие записи