ҲУҶУМИ АҚЛИ ХОМ ШУД. БАҲОНА ЧИСТ? НОМИ ХАЛҚ!

IMG_5847

Имрӯзҳо он афроде, ки бо истифода аз мухолифат рисолати миллатдориро қурбони ҳадафҳо ва манфиатҳои шахсӣ қарор додаанд, куҷо расад ба онҳо миллатсозиву миллатдорӣ. Тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ, ҳама блогерӣ карда ва пулгадоӣ доранд. Ин ҳолат ягон тадқиқоти фаррохро талаб намекунад. Аз сомонаҳо ва шабакаҳои онҳо маълум аст, ки суратҳисоби бонкӣ ва ҳамёнҳои электрониро ҷой дода бо баҳонаи номи “халқ”-у “миллат” аз қафои кайфу сафои худанд.

 

Лоиқи бузургвор дар ҳамон даври ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба ин тоифаи мансабгадову баднафс баёния дода буданд, ки: “Ҳуҷуми ақли хом шуд. Баҳона чист? Номи халқ!”.

 

Дар сомонаи иҷтимоии фейсбук баҳсро бо ҷавонони ватандусту шаҳрвандони давлатмеҳвар пахши мустақим карда, бо усули ба худашон манфиатовар онро қайчӣ зада қисм ба қисм дар Ютуб ворид месозанд. Баъдан номи иғвоангез дар сарлавҳаи он мегузоранд. Ба торҳои ҳассоси ҷомеа нохун мезананд. Тамошобин зиёд шуд, маблағи муфт ва бо роҳи осон ба даст омадаро соҳиб мешаванд. Дар ишораи боз ҳамон абёти Лоиқи бузургвор:

 

Яке зи бори ин Ватан- насибааш шикамкашӣ,

Ҳамин ҳаёт ном шуд. Баҳона чист, номи халқ?

 

Яъне шиори онҳо бо номи “таҳқир кун – соҳибмулк шав” унвон гирифтааст. Ё ки шиори нодуруст ва сиёсатгузориҳои истибдодиро бо номи “тафриқа андоз – ҳокимият намо” пеша кардаанд. Вақте ки як камбудияшон ошкор шуд, сухан ҳамин ки: “Мо ҳам фаришта нестем, ҳар инсон хатокор аст!” Ин як роҳи манфиатоварии ин афроди нафспараст буд. Роҳҳои дигари онро низ ҷойи баррасӣ доранд. Баъдан боз…

 

Аммо рузе мерасад, ки аз кардаи худ пушаймон мешаванд. Аз номи миллати шарафманд мухолифатҳои дурӯғин сохтан, оқибат шармсориву сарафкандагӣ меорад. Ин сарзамин борҳои ба ин хиёнатҳои гушношунид рӯ ба рӯ шуд, ки билохира бо он хиради худ ва ақли пуртадбири хештан соҳибному соҳибистиқлол шуд.

 

Хиёнатпешагон бошанд, дар кӯи дарбадарӣ ва сарватгадоӣ гумному сиҳяном шуданд. Касе, ки нисбати як шаҳрванди одии ин мамлакат таҳқир кард, амали ноҷое содир намуд, дар назди қонун ҳатман ҷавоб дода, шармандагияш ҳамеша ошкор шуд. Даврони беқонуниву таҳқир аллакай гузаштааст. Имрӯз ҷомеа аллакай ба ҳар амали нангину сангин вокуниш карда, аз манофеи миллӣ дифоъ мекунанд.

 

Абубакр БАЧАМАРДОВ,

аспиранти Академияи хоҷагии халқ ва

хизмати давлатии назди

Президенти Федератсияи Россия

Похожие записи