ҶАВОНОН – МУҲАРРИКИ РУШДИ ТАМОМИ СОҲАҲО

photo_2021-02-17_15-43-14

Ҷавонон чун муҳаррики рушди тамоми соҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи хос бархӯрдоранд. Агар ба таҳлил фаро хонем, сол аз сол дастгирии Ҳукумату давлат дар ин самт ба маротиб меафзояд. Ҳатто дар сатҳи баландтарин ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қувваи созандаи ҷавонон ёд карда, барои таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамешагии онҳо дастуру супоришҳо медиҳанд.

 

Метавон гуфт, ки ҳамарӯза дастгирӣ дар самти ҷавонон зиёд гардида, дар боло бурдани сатҳи шароити таҳсил, босавод намудан, васеъ сохтани ҷаҳонбинӣ ва дар маҷмуъ барои беҳ кардани ҳаёти онҳо тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Гузашта аз ин, ҳамарӯза бо ташаббуси Пешвои миллат барои дастгирии ҷавонон чораҳои мухталиф андешида мешавад. Аз ҷумла, озмунҳои “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки бевосита бо ибтикори Сарвари давлат роҳандозӣ гардидаанд, на танҳо дар босаводкунонидани онҳо саҳми бориз гузошт, балки дар байни наврасону ҷавонони истеъдодҳои нодирро ба воя расонид.

Баргузории озмунҳои барпошуда собит намуд, ки “ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад”. Воқеан мо шоҳид гашта истодаем, ки ин ташаббусҳои Пешвои миллат дар тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонӣ, тавсеаи донишу ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон саҳми арзанда гузошта истодааст.

Дар маҷмӯъ сол аз сол барои таҳсили хуби ҷавонон на танҳо дар дохили кишвар, ҳатто берун аз он ҳам ташаббусҳои шоён роҳандозӣ гашта истодааст. Чуноне Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ дар ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд: “Таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад. Мо бояд тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи мамлакат вусъат бахшем”.

Маҳз ҳамин ташаббусҳо боис гардиданд, ки ҳоло “дар хориҷи кишвар зиёда аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд”. Ҳамчунин дар дохили кишвар низ ҷавонони донишманду босавод ба маротиб зиёд шуда, сафи олимони ҷавон сол аз сол меафзояд: “Масалан, агар соли 1991 дар зинаи аспирантураи Академияи миллии илмҳо ҳамагӣ 148 нафар ҷавонон таҳсил карда бошанд, соли 2020 шумораи онҳо ба 1200 нафар расида, қариб 8 баробар зиёд шудааст”.

Хушбахтона ҷавонони хештаншиноси тоҷик низ аз ин дастгириҳо бо ризояти том ва камоли баланди ҳушмандӣ истифода намуда, дар рушди тамоми соҳаҳои кишвар саҳми арзанда гузошта истодаанд. Ин аст, ки Роҳбари давлат дар Паёми хеш қайд намуданд: “Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад. Солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад”.

 

Бахтиёр ГУЛОВ,

мутахассиси пешбари

шуъбаи умумии Академия

Похожие записи