ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШӮРОИ ЗАНОНИ АКАДЕМИЯ

1

Дар маҷлисгоҳи факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо занон ва духтарони раёсати корҳои тарбиявӣ ҷаласаи васеи Шӯрои занони Академия доир гардид.

 

Дар рафти он мудири бахши кор бо занон ва духтарон Каримзода Нилуфар, директори Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” Сайдаҳмадзода Дилором, мудири кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунӣ Абилзода Гуландом, мудири кафедраи менеҷмент Қодирова Гулмо, сармутахассиси бахши кор бо занон ва духтарон Бобоназарова Дилшода, мутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ Наргиси Алишер, раисони Шӯрои занони факултети дипломатия ва сиёсат, факултети идоракунии давлатӣ ва кормандзанони факултетҳои мазкур иштирок намуданд.

 

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои интизоми кории кормандзанон, дуруст ба роҳ мондани одоби муошират дар байни кормандону донишҷӯён, дар хусуси тозагӣ ва дар ҳолати гигиению санитарӣ нигоҳ доштани утоқҳои корӣ, риоя намудани сару либоси тавсиявӣ ва чораҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии ВНМО (ВИЧ-СПИД) мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Дар ҷаласаи мазкур бо сухани ифтитоҳӣ  мудири бахши кор бо занон ва духтарон Нилуфар Каримзода баромад намуда, ҳозиринро ба аҳли нишаст шинос намуд. Директори Маркази омўзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” Сайдаҳмадзода Дилором, мудири кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунӣ Абилзода Гуландом ва мудири кафедраи менеҷмент Қодирова Гулмо сухан ронда, фикру андешаҳои худро роҷеъ ба одоби муошират дар байни кормандону донишҷӯён баён намуданд.

 

Баромадкунандагон диққати асосиро ба риоя намудани либосҳои тавсиявӣ равона намуда, дар атрофи ин масъала фикру андешаҳои ҷолиб ва манфиатоварро баён намуданд. Пешниҳод карда шуд, ки “Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҳамаи сохторҳои алоҳидаи Академия мавриди омӯзиш ва истифода қарор дода шавад.

 

Мудири бахши кор бо занон ва духтарон Каримзода Н. дар интиҳои ҷаласа ба ҳозирин ҷиҳати иштироки фаъолона ва баёни андешаҳои судманд изҳори миннатдорӣ намуда, бобати дар амал татбиқ намудани масъалаҳои дар рӯзнома ҷойдошта пешниҳодҳои худро баён намуд.

Похожие записи