ҶАМЪБАСТИ КУРСИ САЙЁРИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮИ БАРНОМАИ “ОДОБИ МУОШИРАТИ РАСМӢ”

5

03 июли соли 2021 дар бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз курси сайёри такмили ихтисос, ки барои нозирони мизи ҳарбии бақайдгирии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои ВМКБ аз рӯи барномаи “Одоби муоширати расмӣ” шурӯъ шуда буд, ҷамъбаст гардид.

 

Дар ҷамъбасти курс муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодиров Зоҳир Қодирович, муовини якуми раиси ноҳияи Дарвоз Давлатзода Ҳаким ва мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории Академия Раҷабалӣ Додихудоев иштирок намуданд.

 

Зимни маросими ҷамъбастии курс гуфта шуд, ки дар рафти фаъолияти меҳнатии хизматчии давлатӣ, бахусус, нозирони мизи ҳарбӣ муошират нақши басо муҳимро ишғол менамояд. Нозирони мизи ҳарбии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот зимни ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар одоби муошират бо даъватшаванда ва волидайни онҳоро бояд риоя намоянд. Дар маҷмӯъ, барои нозирони мизи ҳарбӣ донистан ва риояи одоби муоширати расмӣ аз ҳар ҷиҳат муҳим аст. Дар баъзе ҳолатҳо риоя нашудани он боиси коста шудани боварии мардум ба ҳокимияти давлатӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, доир намудани курси мазкур бо иштироки масъулони мизи ҳарбии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот басо саривақтӣ буда, минбаъд баҳри пешрафти фаъолияти онҳо мусоидат хоҳад кард.

 

Ёдовар мешавем, ки курси сайёр дар ҳаҷми 24 соат бо фарогирии 50 нафар гузаронида шуд.

 

Дар анҷоми курс дар мавзӯи “Одоби муоширати расмӣ” мизи мудаввар баргузор гардида, зимни он иштирокдорон мубодилаи афкор намуданд.

 

Ба шунавандагони курс пас аз гузаронидани суҳбат-санҷиш гувоҳнома тақдим гашт.

Похожие записи