ҶАМЪБАСТИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮЙИ БАРНОМАИ “ТАЪМИНИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ВА АМНИЯТИ ТЕХНИКИИ ИТТИЛООТ”

IMG_2481

Аз рӯйи барномаи “Таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва амнияти техникии иттилоот” дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои масъулони коргузории махфии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо курси такмили ба анҷом расида, шунавандагон соҳиби Гувоҳнома гардиданд.

 

Дар ҷамъбасти курси такмили ихтисос ноиби ректор оид бa илм ва инноватсияи Aкaдемия, номзaди илмҳои таърих, дотсент Карамалишоев Карамалишо Нуралишоевич, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Маҳмадалиевич, муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Муҳаммад Бақо ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ғанизода Ибодат Ғанӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар анҷоми курси такмили ихтисос дар мавзӯи “Коргузории махфӣ дар мақомоти давлатӣ” мизи мудаввар баргузор гардида, шунвандагон фикру мулоҳизаи худро иброз намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар курси такмили ихтисос барои масъулони коргузории махфии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи таълимӣ дар мавзуъҳои чорабиниҳои асосии ҳифзи сирри давлатӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳо дар ин соҳа, мафҳум ва моҳияти амнияти иттилоотӣ, вазифа ва уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилот оид ба ҳифзи иттилоот, роҳҳои асосии таъмини низоми махфият, уҳдадорӣ ва масъулияти кормандони дорои рухсат ва сирри давлатии мақомоти давлатӣ ва ташкилот, тартиби махсуси таҳия, барасмиятдарорӣ ва фиристодани ҳуҷҷатҳои содиротӣ, тартиби махсуси барасмиятдарорӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои воридотӣ, ташкил, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории онҳо дар парвандаҳо дар асоси феҳрист ва амсоли ин машғулиятҳо гузаронида шуд.

 

Похожие записи