ҶАМЪБАСТИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС

IMG_9555

13 марти соли 2021 курси такмили ихтисос барои мудирони шуъбаҳо (бахшҳо)-и дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ки дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи барномаи “Сиёсати давлатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим” оғоз ёфта буд, ба анҷом расид.

 

Дар анҷоми курси мазкур Сафаров Даврон Ҷурахонович – ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатов Ҷумъа Маҳмадалиевич – директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олимзода Фарухулло Кароматулло – муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғанизода Ибодат Ғанӣ – директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Ёдовар мешавем, ки курси мазкур 9 март бо иштироки мудирони шуъбаҳо (бахшҳо)-и дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар оғоз гардида,  тибқи барномаи таълимӣ барои шунавандагони курс машғулиятҳо вобаста ба масъалаҳои умдатарини танзими анъана ва ҷашну маросим, аз ҷумла, муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”: моҳият ва мавзӯи он”, тарзи тартиб додани протоколҳои маъмурӣ, сиёсати давлатӣ дар соҳаи амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин: ҳадаф ва натиҷагирӣ аз он, асосҳои ҳуқуқии омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, фаъолияти комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ, дастовардҳои қонуни миллӣ дар тӯли дувоздаҳ соли амал омӯзонида шуд.

 

Ҳамзамон, зимни курси мазкур ба шунавандагон вобаста ба заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, коррупсия ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ: манбаъ ва омилҳои он, сарварӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, этика дар соҳаи хизмати давлатӣ, услубҳои таҳияи ҳисобот ва гузориш дар мақомоти давлатӣ ва амсоли ин иттилои муфассал гирифтанд.

 

Дар интиҳои курси мазкур пас аз суҳбат-санҷиш ба шунавандагон гувоҳномаҳои хатм супорида шуд.

 

 

 

Аксҳо

Похожие записи