ҶАМЪБАСТИ МАҲФИЛ-ОЗМУНИ “ЧЕҲРАҲОИ НОДИР”

photo_2021-11-16_10-07-20

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси раёсати корҳои тарбиявии Академия бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, тарбия намудани онҳо дар руҳияи худшиносиву ватанпарварӣ, ифтихор аз фарҳангу миллат, эҳтироми арзишҳои миллӣ, ҳамзамон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, барои дарёфти истеъдодҳои ҷавону болаёқат аз миёни донишҷӯёни Академия, маҳфил-озмуни фарҳангиву маърифатии “Чеҳраҳои нодир” байни факултетҳо ташкил ва баргузор гардида буд.

 

13 ноябри соли 2021 дар арафаи Рӯзи Президент маҳфил-озмуни мазкур ҷамъбаст гардида, ғолибон аз рӯи номинаҳо бо диплом ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Дар маросими ҷоизасупорӣ ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеаи Академия Аҳмадзода Зулфия Кабир иштирок ва суханронӣ намуда, ба дастаи ҳаваскорони факултетҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани номинаҳо изҳори сипос намуданд.

 

Дар идома аз ҷониби ҳаваскорони муассиса барномаи ҷолиби фарҳангӣ намоиш дода шуд, ки хотири ҳозиринро болида намуданд.

Похожие записи