ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МИНТАҚАИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРМАДОН

tadzhikistan-i-strany-azii-obsudili-perspektivy-sotrudnichestva-v-oblasti-turizma-9bf5538

 

Дар солҳои 2018 – 2023 барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида, илова бар ин, ба субъектҳои соҳа аз ҷониби низоми бонкии кишвар зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст.

Дар ин давра 1450 иншооти сайёҳӣ бунёд гардида, соли 2023 шумораи сайёҳон ба як миллиону дусад ҳазор нафар расидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги сайёҳӣ буда, барои истифодаи самараноки он бояд ба се ҷанбаи асосӣ – маркетинг, дастрасӣ ва таҳияи маҳсулот диққати махсус дода шавад, ки дар навбати худ ба роҳандозии тадбирҳо дар самти тадқиқоти бозор, тарғибот, фурӯш, нигоҳдории тамос бо сайёҳон, нақлиёт ва сарҳадот, раводид, иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатҳо, сабади маҳсулоти сайёҳӣ, сифат, омӯзиш ва омору иттилоот алоқаманд мебошанд.

Барои татбиқи имкониятҳои рушди сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии дохилӣ андешидани тадбирҳои зерин муҳим аст:

  • Ташкили доираи васеи хатсайрҳои 1-2 рӯзаи гурӯҳӣ, оилавӣ, инфиродӣ;
  • Таҳияи маҳсулотҳои нави сайёҳӣ ва пешбурди сайёҳии минтақа;
  • Пешбурди бренди сайёҳии Тоҷикистон ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар;
  • Ҷорӣ намудани системаи таснифи ихтиёрии иншооти меҳмонхонаҳо дар кишвар;
  • Фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият ба фазои сармоягузорӣ барои ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳӣи кишвар;
  • Рушди авиатсияи хурди шаҳрвандии дохилӣ бо зиёд намудани хатсайрҳо ва парвозҳои дохилӣ;
  • Татбиқи ҳатмии низоми 5 – рӯзаи корӣ барои ҳамаи муассисаҳои бахши давлатӣ, хусусӣ ва ҷамъиятӣ барои таъмини вақт барои сайёҳии дохилӣ;
  • Дастгирии молиявии ҳиссаи хароҷоти сайёҳии кормандон аз ҷониби корхонаҳои корфармо;
  • Беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши тандурустӣ ҷиҳати фароҳам овардани имконияти рушди сайёҳии табобатӣ – тиббӣ.

Солҳои охир таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар ба соҳаи сайёҳӣ имкон дод, ки дар баробари афзун гардидани шумораи сайёҳон ширкатҳои сайёҳии ватанӣ низ зиёд гарданд.

Барои таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ зарур аст, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ корро ҷиҳати зиёд кардани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳа, роҳандозии васеи сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ густариш бахшад. Дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои самаранок ва бо сифати баланд татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузории соҳа, идома додани бунёди инфрасохтори сайёҳии ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй, баланд бардоштани мавқеи байналмилалии кишвар, ташаккули бренди миллии фарогири имкониятҳои сайёҳӣ ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин, таъмини иқтидори кадрии соҳа диққати ҷиддӣ дода шавад.

Соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад. Тоҷикистон соҳиби сарватҳои табиии нотакрор ва осорҳои таърихии бузург буда, барои инкишофи соҳаи сайёҳӣ шароитҳои мусоидро доро мебошад. Агар ба пешрафти давлатҳои мутараққӣ нигоҳ афканем, сайёҳӣ яке аз соҳаҳои асосии даромади буҷети он мамлакатҳоро ташкил мекунад.

Дар дунёи ҷаҳонишавӣ ва зуҳури дигаргуниҳои куллӣ дар вазъи сиёсиву амниятӣ ва иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳон доштани сарзамини амну ором ва соҳибистиқлоле ба номи Тоҷикистон, худ баёнгари саодат ва сарбаландии миллати мутамаддин ва соҳибфарҳанги тоҷик дар ҷаҳони муосир ба шумор меравад. Дар шароити имрӯза кам кишварҳое ҳастанд, ки дорои сулҳу осоиш ва амнияти фикриву зеҳнӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ бошанд. Бо таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, рушди муносибатҳои дипломатӣ бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон таҳти консепсияи сиёсати хориҷии мамлакат, муаррифии кишвари ҳуқуқбунёд ба чашми аҳли сайёра, даъвати сармоягузорони хориҷӣ ва сайёҳони мамолики гуногуни дунё дар заминаи сиёсати дарҳои боз имкон фароҳам намудааст, ки мавқеъи Тоҷикистон ва имкониятҳову зарфиятҳои сайёҳии он, сайёҳон ва гардишгарони хориҷиро ба домони Тоҷикистон ҷалб намояд.

Соҳаи сайёҳӣ барои муаррифӣ намудани таърихи тӯлонӣ, фарҳанги гуногунранги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ имкониятҳо фароҳам меорад. Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бошуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Тоҷикистон дорои ҳудудҳои нодири фарҳангиву таърихӣ ва табиӣ, аз қабили шаҳрҳои қадима, шаҳракҳо ва маҷмааҳои меъмориву таърихӣ, мавзеъҳои нодири таърихӣ ва табиӣ, обҳои шифобахш, олами нотакрори наботот ва ҳайвонот буда, миёни кишварҳои чаҳон бо таърихи куҳанбунёд, мардуми тамаддунсоз ва ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ба кулли фарқ мекунад ва барои равнақ додани намудҳои гуногуни сайёҳӣ мусоидат менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои нотакрори табиию фароғати барои эҳё ва рушди минбаъдаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат шароити мусоид фароҳам меоварад.

Сайёҳиро ҳамчун соҳаи муҳими иқтисодиёти Ҷумҳурии Точикистон ба назар гирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабинихо барои барқароршавӣ ва рушди сайёҳии байналхалқӣ дар малакат, барои ташкили дастрасии ҷумҳурӣ барои ташрифории сайёҳони хориҷӣ, беҳтар намудани вазъи инфрасохторҳои сайёҳӣ ва санаторию курортӣ, ҷалби сармояҳо ва ҳамин тавр табдил додани Тоҷикистон ба мамлакати аз ҷиҳати сайёҳӣ рушд ёфта якчанд қонуну қарорҳо қабул шудааст.

Дар замони муосир соҳаи сайёҳӣ дар як қатор мамлакатҳо ҳамчун яке аз соҳаҳои сердаромад ба шумор меравад. Дар навбати дигар бошад ин соҳа соҳае мебошад, ки миқдори зиёди ҷойҳои холии кориро ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду равнақи ин соҳа метавонад миқдори зиёди ҷойҳои холии кориро ба вуҷуд оварда, теъдоди бештари бекоронро бо кори доимӣ таъмин намояд. Ҳамзамон дар сурати амалӣ гаштани нақшаҳои пешбинишуда хаҷми даромаднокӣ аз ин соҳа даҳҳо маротиба боло равад, ки ин албатта боиси баланд гаштани ҳолати некӯаҳволии халқ мегардад. Боиси тазаккур аст, ки дар баъзе мамлакатҳо аҳолии маҳалҳои калон ва ҳатто шаҳрҳо пурра дар соҳаҳои хизматрасонии туристӣ машғул мебошанд, ки ин сабаби таъмин будан бо ҷойи кори доимӣ ва баландшавии ҳаҷми даромаднокии аҳолии кишвар мегардад.

Рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар боиси баландшавии сатҳи иктисодиёти кишвар гардида боиси баландшавии сатҳи некӯаҳволии халқ мегардад.

Ҳамин тариқ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи инкишоф додани соҳаи сайёҳӣ яке аз ҷузъҳои муҳимми сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат мебошад, ки вазифаҳои он ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва субъектони бозори он бо мақсади такомули шаклҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва тавассути он то як андоза мустаҳкам гардонидани мавқеи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равонаанд.

Пас, метавон гуфт, ки бо азнавсозӣ намудани роҳҳову беҳтар кардани хизматрасонии нақлиётӣ, бунёди меҳмонхонаҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалию дигар иншоотҳои хизматронӣ ва тарғибу ташвиқи минтақаҳои сайёҳӣ ва ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ индустрияи сайёҳӣ пеш рафта ба рушди иқтисодиёти кишвар замина хоҳад гузошт.

Шарофат ИСМАТОВА,

магистранти Академия

Похожие записи