ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ТАШАББУСКОРИ МАСОИЛИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР ҶАҲОН

j,

(Дар ҳошияи қабули қатъномаи нави СММ оид ба эълон гардидани соли 2025 – Cоли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардида буд)

 

Об аз ҷумлаи бузургтарин неъмати моддӣ ва омили бақои тамоми мавҷудоти зинда мебошад. Дар давоми садсолаҳои охир вобаста ба зиёд шудани аҳолӣ эҳтиёҷ ба об ҳам ду баробар афзуд. Агар муқаррароти танзими об дигар карда нашавад, то соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии замин аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашад. Ҳоло бошад, шашяки аҳолии замин аз оби ошомиданӣ камбудӣ дорад. Сеяки мардум аз оби эҳтиёҷи рӯзгор маҳрум аст. Дар ҷаҳон дар 8 сония кӯдаке аз беобӣ бемор мешавад ё мефавтад. Вобаста ба ин ва чанд паҳлуи дигари масъала Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эълон намудани Соли байналмилалии оби тоза иқдом гирифтанд. 20 декабри соли 2000-ум Ассамблеяи генералии СММ  ташаббуси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи оби тоза, ки 149 давлат ҷонибдорӣ кард, маъқул дониста, соли 2003-ро Соли байналмилалии оби тоза эълон намуд.

 

Захираҳои оби Тоҷикистон, ки пиряхҳо асоси онҳо мебошанд, сарчашмаи неруи барқароршаванда ё худ неруи сабз ба шумор мераванд. Зимнан бояд ёдовар шуд, ки кишвари мо аз лиҳози истеҳсоли неруи сабз, ки ба муҳити зист таъсири манфии назарррас намерасонад, дар қатори 6 давлати дар ин самт пешсафи дунё қарор дорад. Дар ин замина 98%-и неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза аз неругоҳҳои обии барқӣ истеҳсол мегарданд ва кишвари мо яке аз татбиқкунандаи пешсафи неруи сабз мебошад. Дар умум, истифодаи оқилонаи манбаъҳои об барои ҳифзи хок, мазраъ, рустаниҳои мазруъ, флора ва фаунаи нодир, рушди кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи мувозинат ва таъмини амнияти экологӣ мусоидат намуда, барои иҷрои вазифаҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор нақши калидӣ доранд. Рушди устувор рушди иқтисодии бо назардошти манфиатҳои наслҳои имрӯза ва оянда, бо табиат, хусусан бо масоили экологӣ ва дурнамои онҳо, низоми муносибатҳои оқилонаи ҷамъият-табиат ҳамоҳангшуда мебошад, ки таъминкунандаи амнияти экологӣ ва зиндагии шоистаи насли минбаъда ба шумор меравад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зинми ироаи Паёми шодбошӣ ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ доир ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо таъкид доштанд, ки: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд”. Муаммои тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои он, бахусус обшавии босуръати пиряхҳо аз масъалаҳое мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистонро нигарон кардааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба хатари тағйирёбии иқлим барои захираҳои об, бахусус пиряхҳо борҳо дар баромадҳои сатҳи байналмилалӣ маърўза намуда, таваҷҷуҳи аҳли сайёраро ба ин масъала ҷалб намудаанд. Тавре Президенти мамлакат дар яке аз суханрониҳояшон изҳор доштаанд: “Мусаллам аст, ки табиати сайёра силсилаҳои зиёди гарму сардшавии иқлимро медонад, вале мо алҳол давраи гармшавиро аз сар мегузаронем ва агар ин тамоюл идома ёбад, гумон аст, ки дар сад соли наздик аз пиряхи Федченко чизе боқӣ монад”. Маҳз таҳдидҳои гармшавии глобалии иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон буд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумориданд, дар баробари чаҳор ташаббуси глобалии марбут ба об ҳамчунин ташаббуси навбатии худро вобаста ба масълаи ҳифзи пиряхҳо ба ҷомеаи ҷаҳон пешниҳод намоянд, то таваҷҷуҳи аҳли башарро ба хатари нестшавии захираҳои об ҷалб намоянд. Ҳамин аст, ки муҳим ва саривақтӣ будани ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, бахусус СММ бо иттифоқи оро қабул гардид.

Даҳсоли охир яке аз мушкилотҳои глобалие, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин обшавии пиряхҳо мебошад. Дар робита ба ин 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишвари пешбарандаи сиёсати “дарҳои боз” кўшиш менамояд, ки дар ҳалли мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлим, пеш аз ҳама кам кардани таъсири он ба пиряхҳо ташаббус нишон дода, ҷомеаро барои ҳамкорӣ ба ин масъала даъват намояд. Чунин ташаббусҳоро Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла, зимни суханрониҳои худ дар Форуми сеюми ҷаҳонии иқлим дар шаҳри Женева (31.08 – 04.09.2009), Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, дар Копенгаген, Дания (07-18.12.2009), Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ дар бораи тағйири иқлим дар Фаронса (30.11.2015), мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии СММ дар ИМА (29.09.2015), чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити СММ оид ба мавзӯи “Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об” дар ИМА (27.09.2015), муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи “Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим” дар ИМА (28.09.2015), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015 дар шаҳри Душанбе (09.06.2015) ва дигар конфронсҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ пешниҳод намудаанд. Тоҷикистон дар амал низ дар пешгирии тағйирёбии иқлим саҳмгузор аст Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари пешниҳоди ташаббусҳои муҳим дар масъалаи тағйирёбии иқлим инчунин саҳми худро низ дар пешгирии паёмадҳои манфии иқлим дар амал гузоштааст. Тибқи маълумоти расмӣ Тоҷикистон аъзои 6 лоиҳаи минтақавӣ оид ба тағйирёбии иқлим буда, дар навбати худ 20 лоиҳаро дар дохили кишвар барои мусоидат ба пешгирии тағйирёбии иқлим амалӣ намуда, теъдоди лоиҳаҳо рӯ ба афзоиш аст. Дар баробари амалӣ намудани лоиҳаҳо оид ба коҳиши таъсири иқлим ба муҳити зист дар сатҳи милливу минтақавӣ, Тоҷикистон инчунин ба Конвенсияи Вена оид ба ҳифзи қабати озон (с. 1996), Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва Ислоҳоти лондонии замимаи он (с. 1997), Конвенсияи СММ доир ба гуногунии биологї (с. 1997), Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (с. 1997), Конвенсияи Қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим (с. 1998), Конвенсияи Ромсар оид ба заминҳои обӣ – ботлоқии дорои аҳамияти байналмилалӣ (с. 2000), Конвенсияи ҳифозати намудҳои кучии ҳайвоноти ваҳшӣ (с. 2000) ва Конвенсияи Орхус доир ба дастраси ба иттилоот, иштироки аҳли ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо ва дастрасӣ ба адолат дар мавриди тамоми масъалаҳои вобаста ба муҳити зист (с. 2001) имзо гузошта, фаъолияти худро дар сатҳи байналмилалӣ низ густариш додааст. 21-уми октябри соли 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи Киото ба Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлимро низ  ба имзо расонид.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 марти соли 2021 зимни суханронӣ дар нахустин ҷаласаи онлайнии Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим (ДАР АКС) пешниҳод намуданд, ки соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муайян  карда шавад. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пиряхҳо- манбаи асосии оби тоза мебошанд. Обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳамчунин афзоиши масрафи об вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар одамон таҳдид мекунад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ин масъалаи муҳимми рӯзмарра бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус раҳбарони сиёсӣ бошад. «Дар ин замина ҳамчунин мехоҳам пешниҳоди Тоҷикистонро дар бораи таъсиси Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ёдовар шавам, ки метавонад  захираҳои молиявиро аз сарчашмаҳои гуногун барои қабули иқдоми зарурӣ ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф сафарбар намояд»,-таъкид намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Моҳи июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор гардид. Дар ин Форум Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти обшавии пиряхҳоро ба инобат гирифта, пешниҳод намуданд, ки соли 2025 – Соли байналмилалии пиряхҳо эълон карда шавад.

Баъди ҷоннибдорӣ аз пешниҳодои Пешвои миллат 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо, инчунин дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе қатънома қабул гардид.

Воқеан, ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои об муҳим ва саривақтӣ маҳсуб мешаванд, зеро тибқи маълумоти созмонҳои минтақавию байналмилалӣ зиёда аз 750 миллион нафар ба оби нӯшокии безарар дастрасӣ надошта, интизор меравад, ки бо назардошти афзоиши тадриҷии аҳолӣ то соли 2030 қариб 40 дарсади аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор гарданд.

 

ҒОИБЗОДА М.А.,

сардори шуъбаи магистратураи Академия,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Похожие записи