29 СОЛИ  ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХИИ ТАҚДИРСОЗ

Фарзона Раҳимбоева

16-уми ноябри соли 1992 дар толори Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ наҷот дод.

 

Воқеан, он замон, яъне аз моҳи сентябри соли 1992 кишварро буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта буд, ки метавонист Тоҷикистонро нобуд кунад, дар моҳи октябри ҳамон сол Ҳукумати ҷумҳурӣ ба сабаби авҷ гирифтани даргириҳои низомӣ байни неруҳои мухталифи сиёсӣ фалаҷ гардида буд. Пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе ба саҳнаи даргириҳои мусаллаҳона ва ҷанги бародаркуш мубаддал шуд ва Тоҷикистонро фалокати аз байн рафтан таҳдид мекард.

 

Сарварии сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ин Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ба шумор мерафт, ки аз ҷумла он вақт ҳамчун раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон чунин суханҳои таърихиро баён намуда буданд: “Ман ҳамчун сиёсатмадор аз рӯи тақдир ба шароити таърихии худ ба сарварии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар лаҳзаҳои душвори муқовимат омадам, ки ҳар рӯзи ҷангро аз байн бурдан, ба Ватан ҳар чӣ зудтар сулҳ ва созиш овардан, ин мақсади олии ман буд, ки барои ба даст овардани он ҳеҷ чизро дареғ намедоштам”.

 

Роҳбарияти нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро дар ин иҷлосия аз ворид кардани муҳимтарин ва заруртарин тағйирот ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи афви умумӣ” ва “Дар бораи гурезаҳо” шуруъ намуд, ки дар он замон масъалаҳои доғи рӯз буданд.

 

Дар чунин шароит қабули рамзҳои давлатӣ – Нишон ва Парчами миллӣ ва дар айни замон муайян кардани самтҳои минбаъдаи пешрафти кишвар ба сӯйи ҷомеае, ки ҷавобгӯйи манфиатҳои тамоми мардум ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷомеаи муосир ва мутамаддин бошад, аз ҷумлаи масъалаҳои умдатарини кори Иҷлосия буд.

 

Вазифаҳои асосие, ки дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида буд, ин ба Ватан баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар, таъмини сулҳу субот, ризоияти саросарии ҷомеа, ваҳдату ягонагӣ буд.

 

Воқеан ҳам, баъд аз анҷоми Иҷлосияи таърихии ХVI – уми Шӯрои Олӣ Раиси навинтихобшудаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳ, баргардондани муҳоҷирин ба Ватан ва оғози музокирот бо мухолифини собиқ равона намуд, инчунин ба шаҳри Душанбе омад ва пеш аз ҳама, бо барномаи муҳими сиёсӣ ба халқи шарифи кишвар муроҷиат намуданд, ки бояд ҳарчи зудтар дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ барқарор гардад, гурезаҳо ба шаҳру деҳот ва  манзили худ баргардонида шуда, бо сару либос, хўрокворӣ таъмин шаванд. Фаъолияти мунтазами корхонаву муассисаҳо ва хоҷагиҳо ба роҳ монда шуда, артиши миллӣ таъсис дода шавад ва амнияти давлатӣ таъмин гардад.

 

Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти таърихӣ дошта, дар бобати ҳалли маҷмӯи мушкилоти ҷомеаи оташгирифта ва роҳҳою усулҳои ба эътидол овардани вазъияти мамлакат 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла, 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон, 1 изҳорот қабул намуд, ки аз як тараф, салоҳияту ваколати онро собит менамуданд, аз тарафи дигар он санадҳо барои солҳои баъдии мардуми кишвари дорои собиқаи бузурги таърихӣ чун як барномаи мукаммал ҳисоб меёфтанд.

 

Барои ба эътидоли комил овардани вазъияти дохилии кишвар нақши Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хело назаррас мебошад. Сарнавишти ояндаи мамлакатро ба мақсади таъмини сулҳу салоҳ, ободии кишвар ва беҳбудии зиндагии мардумро  муайян намуд.

 

Дар маҷмуъ, метавон хулоса намуд, ки Иҷлосияи таърихии тақдирсоз ба фаъолияти қонунгузории давраи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол замина гузошт, масъалаи аввалиндараҷаи бозсозии Ватан ва пешбурди рушди иқтисодиро ҳамчун вазифаи асосӣ нишон дод, гузаштан ба иқтисоди бозорӣ ва рушду нумўи иқтисоди Тоҷикистонро заруртарин масъала ҳисобида, иҷрои онро тақозои замон номид, заминаи таҳкими робитаҳои бисёрсамтаро бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ гузошт, сохти конститутсиониро барқарор намуда, харобшавии пурраи низоми иқтисодии мамлакатро пешгирӣ намуд ва ба татбиқи дигаргуниҳо дар иқтисоди кишвар ибтидо гузошт.

 

Ҳукумати ҷумҳурӣ қадамҳои нахустини худро аз таъмини рушду пешрафти устувори иқтисоди миллӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии халқ дар заминаи татбиқ ва инкишофи механизмҳои иқтисоди бозорӣ оғоз намуд.

 

Мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлолро месазад, ки сулҳу субот ва  амониву  оромии  ҷомеа, бахусус ваҳдати миллиро чун гавҳараки  чашмамон муҳофизат намоем, ваҳдати миллиро ҳамчун таҳдоби мафкуравии ҷомеаи навинамон ба дарк бигирем, санги пойдевори мафкураи давлатдориямонро  дар заминаи андешаи созандаи ваҳдатосо такя бахшем, истилоҳоти  давлат,  ваҳдат  ва  миллатро  дар  партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муқаддас донем вадар баробари дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат дар амри кори хайр, амалӣ гардидани ормони  миллӣ  ҷонсӯзона саҳме  дошта бошем.

 

Фарзона РАЙИМБОЕВА,

магистранти Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий