КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮИ БАРНОМАИ “CИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ФАРҲАНГ”

IMG_0862

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мудирони шуъбаҳо (бахшҳо)-и фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо аз рӯи барномаи “Cиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг” курси такмили ихтисос оғоз гардид.

 

Ифтитоҳи расмии он имрӯз, 5 апрел бо иштироки Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Абдураҳимзода Қурбон – муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода – муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғанизода Ибодат Ғанӣ – директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ сурат гирифт.

 

Ректори Академия  д.и.ҳ., профессор Ғафурзода А.Д. зимни суханрониаш иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали роҳбарӣ ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир намуда, фарҳангро ҷавҳари ҳастии миллат номида буданд. Тавассути сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ин соҳа дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба таври назаррас рушд намуда, баҳри эҳёи фарҳанги миллӣ заминаҳои мусоид гузошта шуданд.

 

Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Абдураҳимзода зикр намуд, ки баргузории курсҳои мазкур баҳри табодули таҷрибаи якдигар ва омӯзиши роҳу усулҳои нави рушди соҳа мусоидат хоҳад карда, дар фаъолияти созандаи минбаъдаи мудирони шуъбаву бахшҳои фарҳанг мусоидат хоҳад намуд .

 

Муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода зикр кард, ки дар соҳаи фарҳанги кишвар имрӯз дар баробари пешравиҳо баъзе камбудиҳо низ ба чашм мерасанд, ки бартараф намудани онҳо аз ҳар хизматчии давлатӣ ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва заҳматписандиро тақозо менамояд.

 

Курси зикршуда то 10 апрел идома ёфта, тибқи барномаи таълимӣ барои шунавандагони курс машғулиятҳо вобаста ба соҳаи фарҳанг, аз ҷумла, нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ, ҳисси миллии ватандӯстӣ чун рукни муҳимми фарҳанги миллӣ, идеологияи миллӣ ҳамчун омили муҳимми худшиносии миллӣ, таҳқиқи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиш ва тарғиби осори Пешвои миллат дар библиографияи тоҷик омӯзонида хоҳад шуд.

 

Ҳамзамон, зимни курси мазкур ба шунавандагон вобаста ба шарҳу тафсири Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, этикет дар соҳаи хизмати давлатӣ, сарварӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, фарҳанги суханварӣ дар фаъолияти касбии хизматчии давлатӣ, мутобиқшавии иҷтимоию психологии хизматчиёни давлатӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон”, нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва амсоли ин иттилои муфассал дода мешавад.

 

Дар интиҳои курси мазкур дар мавзӯи “Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг: масъалаҳои ҳалталаб ва дурнамо” бо иштироки роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатӣ мизи мудаввар баргузор гардида, пас аз суҳбат-санҷиш ба шунавандагон гувоҳнома супорида мешавад.

 

Аксҳо

Похожие записи