ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ – КАФИЛИ СУЛҲУ СУБОТ

салдато

Бие, эй ҳамватан то ҷонфидои ин Ватан бошем,

Ба ҷон омодаи ҳар як нидои ин Ватан бошем.

Канораш гарму роҳатбахш чун домони мо дархост,

Ҳама фарзандҳои бовафои ин Ватан бошем.

 

Ҳадиси корнамоиҳои диловарону шуҷоатмардони ҳар қавми соҳибдавлат, ки дар авроқи таърих ва сарнавишти мардум нақли ибратомӯзу сутуданӣ ба ёдгор дорад, парваридаи ҷаҳони маънавии асрҳову наслҳост, ки дар дарознои ҳазорсолаҳо полудаву пухта гардида, асолати миллиро нақл додаанд. Ин мардони бедору худогоҳ бо ҷасорату ғайрат арзишҳои ҳувиятсози миллиро ҳифз намуда, бо ҷоннисориҳояшон ба сармояҳои он сарват афзудаанд, балки дар ҷабҳаи набардҳои харобиафкан барои ҳифз ва эҳёи он ҷонбозиҳо кардаанд.

 

Ба аз ҳам рехтани Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ Сотсиалистӣ кишварҳои ҳайати он, Тоҷикистон низ мустақилияти сиёсӣ бадаст меоварад. Аммо, ин неъмати бебаҳо, ки дар масири таърих наздик ба ҳазор сол моро тарк гуфта буд, ба гирдоби таассубҳои мазҳабӣ, маҳалгароӣ ва сангпартоиҳои бархе аз мамолики хориҷи дуру наздик, ки ояндаи Тоҷикистонро ба манфиати худ дидан мехостанд мувоҷеҳ гардида, қурби он ҳамагӣ дар болои қоғаз монда буду халос. Тоҷикистони тозаистиқлол ба пораҳо ҷудо гардида, дар манотиқи мухталифи мамлакат қумандонҳои саҳроӣ, ашхоси фарсахҳо дур аз маърифату сиёсат ба майдони сиёсат ворид гардида, бар решаи беҳокимиятӣ, беқонуниятӣ ва ҷинояткорию авбошӣ об медоданд, ки ин кӯмаки дигаре мегардид ба соҳибони оташи ҷанги бародаркуш. Дар чунин чунин лаҳзаҳое, ки тақдири Тоҷикистон муайян мегардид, яке аз фарзандони шуҷоу далери Ватан – Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсат ворид гардида, баҳри бақои ояндаи давлат риштаи умури идории мамлакатро, ки на ҳар кас ҷурати ба зима гирифтанро мекард, ба даст гирифта, дар ин росто ҷоннисорӣ пеша намуд, ки хислатро яке аз хориқа ва омили муваффақиятҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон ба қалам додаанд.

 

Дар ҳамин гуна шароити пуртаззод Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳисоби боқимондаҳои артиши замони Шӯравӣ ва дастаҳои ихтиёриён таъсис дода, баҳри мустаҳкам гардидани пояҳои модию техникии он тамоми кӯшишҳои худро ба харҷ медиҳад. Роҷеъ ба ин матлаб Пешвои миллат дар суханронии худ бахшида ба бисту ҳафт солагии Артиши миллӣ иброз доштаанд, ки: “Мо Фармони Раёсати Шӯрои Олӣ “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро бисту ҳафт сол муқаддам — дар шароити ниҳоят вазнини иқтисодӣ ва сиёсиву ҳарбии кишвар, дар вазъияте, ки ҳамаи сохтору мақомоти давлатдорӣ фалаҷ гардида буданд, ба тасвиб расонидем”.

 

Воқеан, дар он рӯзҳои пуршебу фароз барои таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳ заминаи моддиву техникӣ умуман вуҷуд надошт. Аз як ҷониб ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ, буҳрони шадиди иқтисодӣ, вазъи ноороми сиёсӣ ва аз ҷониби дигар набудани одитарин техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва кадрҳои соҳибихтисос аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт. Аммо, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин лаҳзаи ба маснади Роҳбари Олии мамлакат нишастан ба мардуми кишвар рӯй оварда, дар ҳама маврид ба халқ такя намуд, ки ин амал яке аз сабабҳои ноил гардидан ба дастовардҳои чашмрас ба ҳисоб мерафт. Сарвари давлат вобаста ба ин масъала ҳам таъкид менамоянд, ки дар ҳамин вазъияти бисёр душвор мо бо такя ба азму талоши мардуми соҳибфарҳангу сулҳҷӯямон ба бунёди Артиши миллии давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон оғоз кардем. Бо вуҷуди мушкилоти зиёд ва имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ, Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда ва таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизот шурӯъ намуд.

 

Новобаста аз мушкилоту норасоӣ 23-юми феврали соли 1993 аввалин Паради ҳарбии Артиши миллӣ доир шуд ва афсарону сарбозони содиқи Ватан бо ифтихору эҳсоси баланди ватандӯстӣ аз он ботантана гузаштанд, ки ин ҳодисаи таърихӣ гоме буд бардавом дар роҳи бартараф намудани нооромӣ ва фароҳам овардани сулҳу ваҳдати миллӣ. Ҳамвора дар масири ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона иҷро карда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, яъне қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ саҳми басо аришманд гузоштанд.

 

Имрӯз боиси қаноатмандӣ ва ифтихори ҳар як тоҷикистонист, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба як артиши бо низому пурқувват табдил ёфта, дар ҳама ҳолат иқтидори ҳифз намудани марзу буми Ватани азизамон — Тоҷикистони маҳбубро дорад.

Идатон муборак, диловарону шуҷоатмардони Ватан!!!!

 

Раҷабалӣ ҶОБИРОВ,

мудири кафедраи фалсафа ва

фанҳои гуманитарии Академия,

 номзади илмҳои таърих, дотсент

Похожие записи