90 НАФАР МАГИСТРАНТУ ДОНИШҶӮЁН АКАДЕМИЯРО БО ДИПЛОМИ АЪЛО ХАТМ КАРДАНД

IMG_6923

Имрӯз, 5 августи соли 2022 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони зинаи бакалавриат ва магистратура, дар соли таҳсили 2022-2022 баргузор гардид.

 

Дар чорабинии мазкур ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, ноибони ректор, омӯзгорону кормандон ва хатмкунандагон иштирок намуданд.

 

Ректори Академия, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ нахуст ҳамаи хатмкунандагонро табрик намуда, иброз дошт, ки пайравони асили Пешвои миллат – дастпарварони ин боргоҳи маърифат нафароне ҳастанд, ки садоқату самимият, эҳтиром ба Ватан – модар ва пеш аз ҳама ба муассиси Академия – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доранд. Шумо, хатмкунандагони азизро мебояд, бо донишҳои андӯхтаатон аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошед, ташаббусҳои созанда нишон диҳед, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолро ҳифз намоед, ҳамзамон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Ватани маҳбубамон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя кунед ва ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат ба халқу Ватан содиқона хизмат намоед.

 

Гуфта шуд, ки ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дошт. Имрӯз аксари кормандони сохторҳои давлатиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат ба садоқати насли ҷавон ва қудрату тавоноии ин қишри ҷомеа боварӣ ва эътимоди қавӣ доранд. Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар асоси сиёсати дурбинона ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ Донишкада ба Академия табдил дода шуд, ки Шумо хатмкунандагони гиромӣ насли хушбахтед, ки дар муосиртарин шароит таҳсил намуда, оянда барои халқу Ватани худ хизмати содиқонаву софдилона хоҳед кард.

 

Баъди суханрониҳо маросими супоридани дипломҳои аъло сурат гирифта, дар вазъияти тантанавӣ ба 90 нафар – 62 магистрант ва 28 донишҷӯ дипломҳои аъло супорида шуд.

 

Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ 776 нафар дар зинаҳои бакалавриат ва магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуданд, ки аз ин шумор 90 нафар (11,6%) донишҷӯёну магистрантон бо дипломи аъло хатм намуданд.

 

Дар фарҷом аз ҷониби ҳунармандони шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони Академия чорабинии фарҳангии манзури иштирокчиён гардид.

Похожие записи