ПАЁМ — ДАСТУРИ РАҲНАМО БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗАНДА

IMG_9860

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳ ва бозгӯйии нуктаҳои муҳимми Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид.

 

Дар он Ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, раёсат ва ҳайати профессорону кормандон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Абдухалил Ғафурзода иброз намуд, ки Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба ҳисоб меравад. Таъкид гашт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар паёмҳояшон соҳаи маорифро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дода, ба рушди соҳа аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.

Гуфта шуд, ки сол аз сол иқтидори молиявии кишвар афзуда, сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар мегардад. Ҷавобан ба ин таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат кормандону устодони Академия низ бояд содиқонаву софдилона хизмат намуда, дар пешрафту ободии Ватани маҳбуб саҳмгузор бошанд.

— Пешниҳоди эълон намудани озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” бори дигар ҳушдор медиҳад ва водор месозад, ки бештар ба илм таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сафи олимонро афзун намоем ва иштироки бештари донишҷӯёну омӯзгоронро дар озмуни мазкур таъмин намоем. Ба рушди илму инноватсия аҳамияти махсус дода, бо истифода аз имкониятҳо барои донишомӯзиву рушди илм дар Академия шароитҳои муосирро фароҳам оварем, — афзуд Ректори Академия.

Дар Паёми имсолаи хеш Пешвои миллат дар самти муқовимат бо терроризму экстремизм қайд намуданд, ки: «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем».

Дар баробари ин, дигар дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, ки зимни Паёми имсола ироа гаштанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ғафурзода А.Д. дар партави Паём таваҷҷуҳи ширкаткунандагони ҷаласаро бештар ба масъалаи беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, назорати рафти донишомӯзии донишҷӯёну магистрантон, ба таври пурра ба тарзи автоматӣ гузаронидани раванди таълим, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, зоҳир намудани фаъолнокӣ дар нишон додани вокунишҳо ба маводи ғаразноки шабакаҳои иҷтимоӣ, иштироки фаъолона дар семинару конференсияҳои байналмилалӣ, ҳавасмандгардонии кормандони фаъолу пешқадам ва амсоли ин ҷалб намуд.

Дар идомаи ҷаласа чанд нафар устодони Академия суханронӣ намуда, вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат андешаҳояшонро баён карданд.

 

 

Аз ҷумла, гуфта шуд, ки сокинони кишвар, хоса фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки Паёми Сарвари давлатро, ки саршор аз меҳри ватандӯстонаву инсонгароёна мебошад, дастури раҳнамо қарор дода, ҳар нуктаву нишондодҳои онро дар амал татбиқ намоянд.

Дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин, ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Ҷаласа бо вазифагузориҳои мушаххас барои фаъолияти минбаъдаи корӣ анҷом пазируфт.

 

Аксҳо

Похожие записи