Тоҷикистон зери сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири таърихи давлатдорӣ дипломатияи ҳамкориро байни давлатҳо ба таври дуруст ва дар асоси манфиатҳои миллии ҳар як давлат ба роҳ мондааст ва ин корро то ҳол давом дода истодааст.
Дар баробари соҳибистиқлол гаштан халқу миллати моро роҳбаре насиб гашт, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонгаштаи тоҷикро муттаҳид сохта, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқи шаҳрвандӣ хотима бахшад. Рӯзи 16 ноябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Президент муайян карда шудааст ва мо ҳамасола рӯзи 16-уми ноябрро ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн мегирем. Мақсад аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳимми давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа худ шурӯъ намудааст. Ин рузи таърихӣ чун таҷассумгари орзую омоли неки мардум, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа мебошад.
Таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ - ин ҳама бо азму иродаи қавӣ ва иқдому ташаббусҳои созандаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқу давлати моро ба даст омадааст. Чи хеле, ки Президенти Федератсияи Россия В. Путин қайд менамояд, “Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони ИДМ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд ва ин тасодуфӣ нест. Тамоми кӯшишҳои вай аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳу осоиш ҳамоно амиқтар реша меорад ва дар қиёс ба нуқтаҳое, ки вазъияташон муташанниҷ аст ин комёбӣ ба худ назир надорад. Ҳар он чи дар Тоҷикистон ба амал меояд ва рух медиҳад, барои бисёр халқҳо ва мамлакатҳо намунаи ибрат аст”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори низоми навини давлатдорӣ ва ҳуқуқии миллии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умед ба ояндаи дурахшонро зинда намуд. Президенти Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷин Пин қайд менамояд, ки “Шумо пешвое ҳастед, ки соҳиби муҳаббату эҳтироми мардуми Тоҷикистон гаштаед. Таҳти роҳбарии Шумо дар кишвар суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва боло рафтани сатҳи некуаҳволии мардум таъмин гардида, Тоҷикистон дар ҳифзи сулҳу субот ва ҳавасмандгардонӣ ба он дар Осиёи Марказӣ саҳми муҳим мегузорад.
Ҳамин тавр, метавон қайд намуд, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ қарори хирадмандона ва муҳимеро қабул кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ ва роҳбари мамлакат интихоб намуд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар атрофи Пешвои ваҳдатофар, сулҳпарвару сулҳовари худ муттаҳид бошем, сиёсати пешгирифтаашонро, ки ба рушду нумӯи кишвар равона шудааст, ҷонибдор ва пайрав бошем. Фазои сулҳу суботи кишварро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Хизматҳои шоистаи Пешвои миллатро гиромӣ доштаву сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намоем.
Қодирова Г.Т.,
мудири кафедраи менеҷмент, н.и.и., дотсент